Баргашт Чоп кардан

НОҲИЯИ ДӮСТӢ. ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ИҶРО ГАРДИД

Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 9-уми ноябр аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда доданд ва дар қатори ноҳияҳои пешсафи пахтакори вилоят қарор гирифтанд. Ба маълумоти масъулон, пахтакорони ноҳия то ин дам беш аз 18 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба беш аз 100 дарсади дурнамои пешбинишуда баробар аст.

Шералӣ Собирзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки ба ин муносибат, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳия дар маросими қадрдонии пахтакорон иштирок намуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандоне, ки дар таъмини иҷрои нақша саҳми назаррас гузоштаанд, туҳфаҳо тақдим кард.

 
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо масъулони соҳа ва кишоварзон, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» баргузор гардид, заҳмати содиқонаи пахтакоронро қадр намуда, барои саҳми арзанда дар ҷамъоварии ҳосил ва бо ашёи хом таъмин кардани корхонаҳои саноатӣ изҳори сипос намуд.

Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Дӯстӣ барои дигар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят низ намунаи ибрат буда, дар роҳи таъмини фаровонии ашёи хом барои саноати ватанӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати 9-уми ноябр дар вилояти Хатлон 177 ҳазору 263 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба беш аз 66 дарсади нақшаи солона баробар мебошад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»