Баргашт Чоп кардан

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР


Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор, дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти иҷтимоӣ ва варзиширо мавриди истифода қарор дод.

Нахуст, раиси шаҳр Мактаби санъати бачагонаи ба номи Саид Ҳамроевро ба истифода дод. Ҷаббор Носирзода зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва фаъолияти муассиса бо омӯзгорону ҳунаромӯзон суҳбат карда, ба маҳорати навозандагону сарояндагони ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки дастгирии соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад.
Дар бинои нав на танҳо мактаби мусиқӣ, балки маркази санъат ва эҷоди кӯдакон, инчунин, мактаби рассомӣ низ ҷойгир шудааст, ки имкон медиҳад кӯдакону наврасон дар як макон ба омӯзиши намудҳои гуногуни ҳунармандӣ машғул шаванд. Санъаткорони наврас акнун метавонанд дар шароити замони муосир навохтани созҳои халқию касбӣ, санъати тасвирӣ, овозхонӣ ва ҳунарҳои драмавию хореографиро зери назари устодони ботаҷриба сайқал диҳанд.
Сипас, раиси шаҳр пули мошингузари байни деҳаҳои Нилу, Тахт ва Кафшдӯзонро мавриди истифода қарор дод. Иттилоъ доданд, ки пули мазкур бо саҳми сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, иқтидори бардоштани то 80 тонна вазнро дорад. Иншооти мазкур дар оянда барои беҳтар гардидани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинони деҳаҳои мазкур мусоидат хоҳад кард. Чунки бо мавриди истифода қарор гирифтани пул масофаи рафтуомади сокинон ба маркази шаҳри Ҳисор тақрибан 8 километр кӯтоҳ гардида, мушкилоти солҳои пешинаи ҳаракат осонтар мешавад.
Раиси шаҳр зимни ифтитоҳи пул саҳми сокинонро дар ободонии маҳал баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳои созанда дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ, ташаббускорӣ ва ҳамкории мардум бо мақомоти давлатӣ барои ободии ҳар як деҳа мусоидат менамоянд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»