ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
1. ШАК + САИДА + ТИМ =
2. ҲАБ + ИН + ДОД =
3. РОМ + ФОН + ДАР + БАР =
4. ГОҲ + НАМ + ШАБ =
5. ЗЕР + ФАҲМ + РӮ =
6. ДАЙ + ВА + КОН + НАҲР =
7. ОРУ + ДУМ + ХОЛ =
8. ШИФТ + АКС + АНАС =
9. ШАК + ПИН + ЗИД + ДОН =
10. САТР + ДАҲ + ДУДА + ИН =
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз калимаҳои гуногуни пешниҳодшуда вожаи нав бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН.
Таҳиягар Умаралӣ САФАРАЛӢ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ 23 ОКТЯБР, №205 (25572):
1. Ҳамсангар 2. Анбарнисор 3. Рағбатангез 4. Ғарибошно 5. Ҷангозмуда 6. Ҷаҳонозмуда 7. Дандоннамо 8. Вафопарварда 9. Партавафкан 10. Манҷаниқандоз
ЧАРО ҚОЗӢ МУАЛЛИМ ШУД?
Марде тасодуфан дӯсти даврони бачагиашро вохӯрда, ҳайратзада аз ӯ пурсид:
– Дӯстам, шумо, ки қозӣ будед, чӣ шуд, ки мансабро раҳо карда, муаллимиро пеша гирифтед?
Дӯсташ гуфт:
– Чун аз ҳаёт ва зиндагии муҷримон огоҳ мешудам, дарк кардам, ки аксарашон дониш наандӯхтаанд ва ё нигоҳи дуруст ба одаму олам надоранд. Хулосаам чунин буд, ки ҷойи пардохтан ба шоху барг, бояд ба реша бипардозам. Ҷомеа ҳоло ба муаллими доно беш аз қозии одил ниёз дорад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ПАНДҲО АЗ МАВЛОНОИ БАЛХ
1. Дарё бош дар саховатмандӣ ва ҳангоми ёрӣ ба дигарон.
2. Замин бош дар фурӯтанӣ ва хоксорӣ.
3. Хуршед бош дар меҳру дӯстӣ.
4. Кӯҳ бош дар ҳангоми хашму ғазаб.
5. Шаб бош дар пӯшидани хатои дигарон.
6. Баҳр бош дар канор омадан бо дигарон.
7. Худат бош, ҳамон гуна, ки ҳастӣ.
Ҳозиркунандаи чоп Кароматулло АТО
ФУТБОЛ
10 бозии дорои бештарин шумораи тамошобинон дар майдон/
6. Бразилия – Чили
(Бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 1990, 3-юми сентябри 1989, варзишгоҳи «Маракана», Рио-де-Жанейро, 141 072 тамошобин)
Бозии байни дастаҳои мазкур, ки беш аз 140 ҳазор тамошобинро ба ҳам овард, на бо сабаби голҳои зебо, балки ба хотири як моҷарои бузург ба таърих ворид шуд. Бозӣ дар дақиқаи 67-ум, вақте ҳисоб 1:0 ба фоидаи Бразилия буд, қатъ гардид ва бозигарони мунтахаби Чили майдонро тарк карданд. Сабабаш ин буд, ки мухлисони бразилӣ ба сӯйи дарвозабони чилигӣ Роберто Рохас машъали сӯзон партофтанд ва ӯ ногаҳон ба замин афтод. Баъд аз тамошои наворҳои такрорӣ ва аксҳо маълум шуд, ки машъали сӯзон ба Роберто Рохас зарар нарасондааст, балки ӯ бо теғи риштарошӣ, ки дар дастпӯшакаш пинҳон карда буд, худашро барқасдона хуншор намудааст, то ба Бразилия мағлубияти техникӣ диҳанд ва Чили ба Ҷоми ҷаҳонии футбол – 1990 роҳ ёбад. Ҳамагӣ даҳ рӯз пас аз ин ҳодиса, ФИФА Рохасро як умр аз ҳама гуна фаъолиятҳои марбут ба футбол маҳрум кард.
Аз русӣ тарҷумаи С. АШУРОВ
ЧАРОҒИ БРЕСТ – АФСОНАИ ЗИНДА ДАР АСРИ XXI
Дар шаҳри Брести Беларус як анъанаи бениҳоят зебои асри XIX дубора эҳё шуд. Аз соли 2009 инҷониб ҳар шом дар хиёбони марказӣ марде бо либоси таърихии қадима ва нардбон дар китф пайдо мешавад. Ин мард Виктор Кирисюк мебошад.
Ӯ бо навбат ба назди 17 чароғи куҳнаи керосинӣ рафта, онҳоро бо гӯгирд фурӯзон мекунад. Ҷолиб он аст, ки вақте ӯ чароғи охиринро фурӯзон менамояд, чароғҳои барқии кӯчаҳои тамоми шаҳр ба таври автоматӣ рӯшан мешаванд. Ин маросими аҷиб Брестро ба яке аз шаҳрҳои романтикии ҷаҳон табдил додааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
ҲОДИСАҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ТАЪРИХ ВА ТАБИАТ
7. РАЪДУ БАРҚИ ДОИМИИ КАТАТУМБО – ПАДИДАИ НОДИРИ ТАБИАТ
Раъду барқи Кататумбо яке аз падидаҳои аҷибтарини атмосфера дар ҷаҳон мебошад. Онҳо, асосан, дар минтақаи дарёи Кататумбо ва кӯли Маракайбо, дар ғарби Венесуэла мушоҳида мешаванд. Ин падида бо номи «барқҳои абадӣ» низ машҳур аст, зеро дар ин минтақа раъду барқ нисбат ба бисёр ҷойҳои дигари ҷаҳон хеле зиёд рух медиҳад.
Тибқи баъзе таҳқиқот, туфонҳои барқӣ тақрибан аз 140- 260 шаб дар як сол мушоҳида мешаванд. Раъду барқ метавонад дар давоми як шабонарӯз то 9 соат идома ёбад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ИХТИРОИ НОГАҲОНӢ
ЧАСПКОҒАЗ БАРОИ ҚАЙДҲО
Часпкоғаз (стикер) дар натиҷаи як озмоиш барои пурзӯр кардани устувории ширеш пайдо шуд.
Соли 1968 корманди лабораторияи тадқиқотии ширкати “3M” кӯшиш кард, ки сифати скотчро (часпкоғаз) беҳтар кунад. Вай ширеши зичеро ба даст овард, ки ба сатҳи часпанда ҷаббида намешуд ва барои истеҳсоли скотч тамоман бефоида буд. Тадқиқотчӣ намедонист, ки ин навъи ширешро чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст.
Пас аз чор сол, ҳамкори ӯ вақте дар хори калисо суруд мехонд, аз афтидани хатбаракҳои китоби нотаҳо асабонӣ шуд. Ширеше ба ёдаш расид, ки хатбаракҳои коғазиро беосеб ба саҳифаҳои китоб мечаспонд. Аз ҳамон лаҳза часпкоғаз ба як чизи даркорӣ табдил ёфт.
Соли 1980 бори аввал он ба фурӯш бароварда шуд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
КРИШТИАНУ РОНАЛДУ
"Барандаи Тӯби тиллоии тамоми давру замонҳо"
Тибқи иттилои сомонаи championat.com, ҳамлагари дастаи «Ан-Наср»-и Ар-Риёз Криштиану Роналду дар натиҷаи овоздиҳии онлайнии интернетӣ бо унвони «Барандаи Тӯби тиллоии тамоми давру замонҳо» мушарраф гардид.
Тавре гуфта мешавад, мухлисон «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2008 гирифтаи ӯро беҳтарини тамоми давру замонҳо эътироф карданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамон сол Криштиану Роналду дар дастаи «Манчестер Юнайтед»-и Англия ҳунарнамоӣ мекард ва дар мавсими 2007– 2008 ғолиби Премйер-лигаи Англия ва Лигаи чемпионҳои Аврупо шуда, дар 49 қувваозмоӣ ба дарвозаи рақибон 42 гол задааст.
Дар ин овоздиҳӣ «Туби тиллоӣ»-и соли 2012 гирифтаи Лионел Месси, бозигари тими «Интер Майами» (ИМА), сазовори ҷойи дувум шуд.
Аҷибаш он ки, ҷойи сеюм боз насиби Криштиану Роналду (барои «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2017) гардид.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
КИТОБЕ, КИ ПАС АЗ ХОНДАН МЕСӮЗАД
Дар ҷаҳон китобҳои аҷибе ҳастанд, ки одамонро ба ҳайрат меоранд. Яке аз онҳо китобест бо номи «Вегаси хусусӣ” (Private Vegas), ки нависандаи машҳури амрикоӣ Ҷеймс Паттерсон онро соли 2015 навиштааст.
Аҷибии ин китоб дар он аст, ки пас аз хондан нобуд мешавад. Дар он технологияи махсус истифода шудааст, ки китобро пас аз гузаштани вақти муайян месӯзонад. Ҳамин тавр, хонанда наметавонад онро муддати дароз нигоҳ дорад. Муаллиф бо ин роҳ мехост китобро ба як асари нодиру ғайриодӣ табдил диҳад. Ин китоб на танҳо барои мутолаа, балки барои таҷрибаи аҷибе, ки ба хонанда пешкаш мекунад, диққати мардумро ҷалб намуд.
Таҳияи Малика МУҚАДДАМОВА
АННА 80 ДАҚИҚА МУРДА БУД… АММО БЕ ОСЕБИ МАҒЗИ САР БА ЗИНДАГӢ БАРГАШТ
Соли 1999 пизишки шведӣ Анна Багенҳолм ҳангоми лижаронӣ дар наздикии шаҳри Нарвики Норвегия ба рӯдхонаи яхбаста афтода, 80 дақиқа зери ях монд. Вақте ӯро наҷот доданд, дилаш аз тапиш бозистода, ҳарорати баданаш ба 13,7 °C расида буд.
Ин яке аз пасттарин ҳарорати бадан дар ҳолати зинда мондани инсон ба ҳисоб меравад. Гурӯҳи табибон таслим шудан нахостанд. Дар тиб чунин қоида вуҷуд дорад. «Одамро то он даме мурда ҳисоб намекунанд, ки бадани ӯ гарм бошад».
Табибон тавассути дастгоҳи ЭКМО хуни ӯро тадриҷан гарм карда, дилашро дубора ба кор дароварданд. Муъҷиза дар он буд, ки сармои шадид мубодилаи моддаҳоро суст карда, майнаи ӯро аз нобудшавӣ муҳофизат намуд. Анна комилан шифо ёфт.
Ин воқеа тибби муосирро ба истифодаи усули гипотермияи табобатӣ (хунуккунии сунъӣ) барои наҷоти одамон пас аз сактаи дил ҳидоят кард.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ВОСТОК – КӮЛИ ПИНҲОНӢ ДАР ЗЕРИ ЯХҲОИ АНТАРКТИДА
Антарктида танҳо як биёбони бузурги яхбаста нест. Дар зери қабати ғафси ях кӯлҳо мавҷуданд.
Яке аз бузургтарини онҳо кӯли Восток мебошад, ки дар зери чанд километри ях пинҳон шудааст. Гармии дохилии замин ва фишори бузурги қабати ях ба нигоҳ доштани об дар ҳолати моеъ мусоидат мекунанд.
Олимон ба ин кӯлҳои зерияхӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, зеро онҳо метавонанд маълумоти муҳимро дар бораи муҳитҳои ниҳоят сахт ва эҳтимоли мавҷудияти ҳаёт дар чунин шароит диҳанд.
Таҳияи Ҷӯрабек НЕГМАТОВ
ИДЕЯЕ, КИ ШИРКАТИ МУФЛИСШУДАРО ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ БАХШИД
Соли 1987 нӯшокии “Ред Булл” дар Австрия ба фурӯш баромад. Маҳсулот харидор наёфт, чун аксарият мазаи онро ба таъми доруи сулфа монанд мекарданд. Бо ҳамин 90 дарсади нӯшокӣ аз анбор набаромад. Аммо масъулон тавонистанд роҳи ҳалро ёбанд.
Онҳо шабона қуттиҳои партови назди биноҳои ҷамъиятиро бо зарфҳои холии “Ред Булл” пур карданд. Субҳи дигар ҳама аз нӯшокии нав сухан мегуфтанд ва талабот ба он ғайричашмдошт афзуд.
Як қарори оқилона ширкатро на танҳо аз муфлисшавӣ наҷот дод, балки ба он шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид. Аз ин рӯ, моликияти зеҳнӣ сармояи асосии инсоният боқӣ мемонад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
БОДИРИНГИ 27-КИЛОГРАММА
Тирамоҳи соли 2020 сокини шаҳри Саёти Туркманистон Ҳамро Бобоев аз як ниҳол се бодиринги азим рӯёнд, ки тибқи иттилои сомонаи «Jeyhun News», вазни калонтарини онҳо ба 27 килою 134 грамм расида, дарозиаш 96 сантиметр ва даври қисми ғафсиаш 85 сантиметр будааст. Бодиринги дуюм 21 килограмм вазн доштааст, бодиринги сеюмро бошад, деҳқон ҳатто вазн накардааст. Бо ин натиҷа ӯ рекорди ҷаҳонии англис Алф Коббро гузашт.
Бобоев мегӯяд, ки ба ин бодиринги азим нигоҳубини махсус накардааст. Навдаи он дар замине рӯйидааст, ки дар он қулфинай парвариш мешуд ва рустанӣ танҳо аз ҳамон нуриҳое истифода кардааст, ки барои қулфинай дода мешуд.
То ин вақт рекорди мазкур ба Алф Кобб аз Британияи Кабир тааллуқ дошт, ки бодиринги вазнаш 12,5 килограммро парвариш карда буд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
ЯК ДАРС – ЯК ПАНД
Муаллиме 20 доллар дар даст рӯ ба донишҷӯён овард:
– Кӣ хоҳиши гирифтани онро дорад?
Ҳама бо нишони ризоият овоз бароварданд.
Муаллим пулро дар кафи даст молиш дод ва боз фикри шогирдонашро пурсид. Аксуламал чун қаблӣ буд. 20 долларро ба зери пояш пахш кард. Ҳамоно ҳама талабгор монданд.
– Дидед, бачаҳо, новобаста аз он ки пул дар кадом ҳолат аст, мехоҳед онро ба даст оред, зеро қиматашро гум накард.
Шумо ҳам арзиши худро аз даст надиҳед!
Аз русӣ тарҷумаи М.ҚОДИРОВА
ЛАБХАНД
Марде баъди кор ниҳоят ошуфтаҳол, хаставу ғамгин ба хона меояд. Занаш аз ӯ мепурсад:
– Чаро ин қадар ғамгинӣ?
– Имрӯз сақфи ҳуҷраи кориамон канда шуда афтид ва 5 нафар ҳамкорам ҳалок гардид.
– Вааҳ! Ту ҳам дар ҳамон ҷо будӣ?
– Ман дар ҳамон лаҳза барои сигареткашӣ берун рафта будам.
– Шукр, ки сигарет баҳона шудаасту зинда мондӣ.
– Ҳа, ҷонакам. Давлат ба хонаводаи ҳар ҳалокшуда 50000 доллар ёрдампулӣ медодааст.
– Чӣ? 100 бор гуфтам, ки сигарет накаш, боз кашидӣ?
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ИХТИРОИ НОГАҲОНӢ
САБАДАРОБА
Тоҷир Силван Голдман, соҳиби маркази савдои хӯрокворӣ дар шаҳри Оклаҳома, пай бурд, ки муштариён аз харидани баъзе маҳсулот маҳз бо сабаби вазнин будан даст мекашанд. Як рӯз тасодуфан дид, ки зане баъд аз харид халтаи вазнини худро болои мошинчаи кӯдакона гузошт ва писараш онро ба осонӣ тела медод.
Пас аз як сол, 4-уми июни соли 1937, Голдман аробачаи инноватсионии харидро муаррифӣ кард. Ин соҳибкор чорчӯбаи металлиро истифода бурда, ба он чархҳо ва ду сабади симин илова кард. Патент 9-уми апрели соли 1940 гирифта шуд.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
ОСТИН БА ЭКРАНИ СЕНСОРИИ РАНГА ТАБДИЛ ЁФТ
Муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Сингапур остини свитерро ба дисплейи чандири сенсорӣ табдил доданд. Технологияи нав имкон медиҳад, ки дар рӯйи матоъ тасвир ва видео намоиш дода шавад, инчунин, бо ламси ангушт ба экран таъсир расонд.
Дар остини намунаи озмоишӣ 54 риштаи электронии дорои микродиодҳои рӯшноидиҳанда бофта шудааст. Ҳар ришта 96 диод дорад ва дар маҷмуъ, экрани 168 ба 105 миллиметрро ташкил медиҳад. Дисплей дорои 96 ба 54 пиксел буда, бо басомади 30 кадр дар як сония кор мекунад ва ҳашт бит рангорангӣ дорад. Он метавонад ба чанд ламс, ҳамзамон, посух диҳад.
Бо вуҷуди ин, остини сенсорӣ ҳоло танҳо намунаи лабораторӣ аст. Барои ба бозор баровардани чунин либосҳо таҳқиқот ва озмоишҳои бештар заруранд.
Фароҳамсоз Сайфиддин СУННАТӢ