Баргашт Чоп кардан

Ифтитоҳи бинои шуъбаи БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

13-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот мутобиқ ба талаботи соҳа ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои тозабунёд дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 курсӣ, ошхона барои 80 кас, хобгоҳ ва китобхона аст.
Дар бинои нав бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе низ ҷойгир аст, ки дар он мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолият карда, назорати идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар таъмин менамоянд.
Таъкид шуд, ки бунёди чунин иншоот дар самти беҳтарнамоии фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кори кормандон ва тақвияти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон қадами муҳим ба шумор меравад. Ҳамчунин, ба ободонии гирду атрофи иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар саҳни бино майдони сафороӣ ва таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ бунёд ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ, кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.
Инчунин, ба кормандони шуъбаи БДА раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мошинҳои нави хизматӣ тақдим шуд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин, Сарвари давлат бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои муассисаи нақлиётии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ – 2 дар ноҳияи Сино ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ – 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки дар иншоот аз рӯйи лоиҳа бунёди ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо барои баргузории ҷаласаҳо ва машғулиятҳои соҳавӣ, китобхонаи замонавӣ, ошхона, хобгоҳ ва таваққуфгоҳ дар назар аст.
Ба истифода додани ҶДММ «Зари Душанбе»
13-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот аз тиллою нуқра самти асосии фаъолияти корхона аст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори технологии корхона истеҳсоли то 35 ҳазор маҳсулоти заргариро ташкил медиҳад. Дар он ғайр аз ҷавоҳирот, армуғон ва зарфҳои гуногун низ истеҳсол мешавад.
Дар коргоҳ 60 ҷойи кор муҳайё гардида, аллакай, 27 нафар ба кор ҷалб шудааст.
Таъкид гардид, ки дастгоҳҳои муосири рехтагарӣ, буриш, васл, тарроҳӣ, сохтани қолабу пардоздиҳӣ ва тамғагузорӣ имкон медиҳад, ки тиллою нуқра мутобиқ ба талаботи бозор коркард ва аз он ҷавоҳирот истеҳсол шавад.
Иброз доштанд, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо то сатҳи ниҳоӣ, рушди саноати заргарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо истифода аз технологияи муосир, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави кор ва дар маҷмуъ, рушди саноати миллӣ аз ҳадафҳои асосии ҶДММ «Зари Душанбе» маҳсуб меёбад.
Зикр шуд, ки татбиқи имтиёзҳои давлатӣ ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ имкон фароҳам овард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ сармояи хориҷӣ ҷалб, технологияи муосир ворид, металлҳои қиматбаҳо коркард шавад ва ҳунари заргарӣ бо омезиши нақшҳои бостонии миллӣ ҳамчун мероси фарҳангии ниёгон рушд ёбад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти заргариро дар шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулон ва мутахассисон ҷиҳати коркарди бештари канданиҳои фоиданок, истифодаи пурраи бартариҳои технологияи нав, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва қонеъ гардондани талаботи бозор бо ин намуди маҳсулот тавсияҳои муфид доданд.
Тибқи иттилоот, ин сеюмин корхонаи коркарди тиллою нуқра ва истеҳсоли ҷавоҳирот дар шаҳри Душанбе аст ва соли 2027 чорумин корхона дар шаҳраки Заргарон ифтитоҳ меёбад.
Инчунин, ҶДММ «Зари Душанбе» дорои мағозаи брендии худ аст, ки шаҳрвандон метавонанд ҷавоҳироти дилхоҳашонро дастрас намоянд.
Беморхонаи байналмилалии Душанбе мавриди истифода қарор гирифт
13-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳазанд.
Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳалаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина, дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар Беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ, ба кор қабул гаштанд. Оянда бо ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешавад.
Дастгоҳҳои ташхисии муассиса дорои зеҳни сунъӣ буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.
Худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳад, то вақти бештари худро ба муҳимтарин масъала, яъне барқарорнамоии саломатии инсон, равона созанд.
Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии 3 Тесла мавқеи махсус дорад.
Ҳамчунин, Беморхона дорои дастгоҳи ангиографӣ барои ташхису муолиҷаи бемориҳои рагҳои хунгард, маммографияи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ва расондани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, дар Беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек-ап (сheck-up) низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳод намуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозии саривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, дар Беморхона барои фароҳам овардани шароити будубоши беморон ва кормандон ошхона бо 150 ва маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст пешбинӣ мешавад.
Бо бовар гуфта метавонем, ки акнун бо бунёду ба истифода додани Беморхонаи байналмилалии Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар нарафта, дар ин ҷо аз ташхису табобати босифат мегузаранд. Мавҷуд будани таҷҳизоти муосиру мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба ин кор имкон медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тиббӣ дар пойтахти кишвар дар роҳи таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами муҳим ба шумор меравад.
АМИТ "Ховар"