Воқеаҳое, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон ба амал омаданд, аз як тараф, натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва саргумии роҳбарони ҷумҳурӣ бошад, аз тарафи дигар, мудохилаи давлатҳои хориҷӣ ва фаъол шудани қувваҳои мансабталош буданд, ки бештар дини исломро шиори худ карда, лекин дар паси он манфиатҳои динӣ ва маҳалгароёнаи худро ба ҷомеа таҳмил карданӣ мешуданд. Ин қувваҳои тундгаро дар ҷомеа тафриқа андохта, ваҳдати умумимиллиеро, ки дар замони шуравӣ нисбатан ба вуҷуд омада буд, халалдор намуданд.
Амиқ шудани низоъ ва шакли мусаллаҳона ба худ гирифтани он боиси парокандагии мардум, гуреза шудани одамони зиёд аз маҳалҳои ҷангзада ва Тоҷикистонро тарк кардани аҳолии русзабон гардид. Як сабаби асосии ба низоъ гирифтор шудани мардуми Тоҷикистон ва фаъол гардидани гурӯҳҳои тундрав ва радикалӣ дар сатҳи роҳбарии ҷумҳурӣ набудани пешвои умумимиллӣ буд. Хушбахтона, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ба мақоми Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳро ба сулҳу ваҳдати миллӣ боз кард ва Тоҷикистон аз хатари парокандагии миллӣ наҷот ёфт.
Суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ кардани миллат ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ муяссар шуд? Ба ақидаи мо, сабабҳои ин муваффақиятро дар нуктаҳои зерин метавон дарёфт:
Якум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби иродаи қавӣ, ба ақида устувор, дурандеш ва ба халқу Ватан, ваҳдати миллӣ содиқ, аз зиндагии мардум бохабар ва бо мардум буданд. Яъне, Тоҷикистон дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мардумиро пайдо кард.
Дуюм, Пешвои миллат тавонистанд мақсадҳои наздику дур, вазифаҳои тактикӣ ва стратегии давлатро дақиқ муайян намуда, барои амалӣ шудани онҳо пайгирона ва устуворона кӯшиш намоянд ва ҳамсафони худро ба ин роҳ сафарбар кунанд.
Сеюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан ва маҳалҳои истиқоматиашон баргардонданд. Дар доираи имкониятҳои иқтисодии ҳамонвақта ва бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ барои онҳо шароити муътадил муҳайё намуданд.
Чаҳорум, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Хазинаи байналмилалии асъор ва ғайраро ба Тоҷикистон ҷалб намуда, эътимоди онҳоро ба роҳи интихобкардаи мардуми мо, ки сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ мебошад, ба вуҷуд оварданд.
Панҷум, сиёсати давлатро ба дин муайян намуда, ташаббускори таблиғи васеи арзишҳои мусбати динӣ гардиданд, ки мисоли барҷастаи он таҷлили Ҷашни 1310-солагии Имом Абуҳанифа мебошад. Сарвари давлат бар хилофи таассуб ва радикализми динӣ ба бузургони халқи тоҷик, ки таблиғгари таҳаммулгароӣ дар дини ислом буданд, таваҷҷуҳи мардумро ҷалб карданд ва имкони гуногунандеширо дар ҷомеаи демократӣ исбот намуданд.
Шашум, Президент барои ба вуҷуд овардани бозори иқтисодии умумимиллӣ, ки яке аз омилҳои вусъати робитаҳои минтақаҳо ва консолидатсияи миллат мебошад, кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. Роҳҳо ва нақбҳое, ки сохта шуданд, ҳамаи минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд ва Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварданд.
Ҳафтум, Президент мактаби худшиносии нави миллиро ба вуҷуд оварданд. Худшиносии миллӣ барои дарки манфиатҳои миллӣ аз тариқи рӯ овардан ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллӣ аҳамияти хоса касб кард. Ба феҳрасти ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудани Шашмақом, ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО шомил гаштани Саразм, ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз аз тарафи СММ, таҷлили ҷашнҳои устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мавлоно, зардуштия, Имом Абуҳанифа, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ғайра аз муваффақияти сиёсати Пешвои миллат дар самти боло бурдани худшиносии мардуми кишвар гардид. Аз тарафи Сарвари давлат мунтазам ҷудо кардани маблағҳо барои чопи китобҳои адибони тоҷик, осори исломӣ, силсилаи «Ахтарони адаб», ки иборат аз 50 ҷилд мебошад, яке аз далелҳои таваҷҷуҳ ба аҳли илму адаб ва мероси аҷдодӣ мебошад.
Ҳаштум, мулоқоти Президенти кишвар бо аҳли зиё, ки ҳамасола дар арафаи Ҷашни Наврӯз баргузор мешавад ва дар он масъалаҳои мубрами забон, адабиёт, илм ва технология, вусъати корҳои тарбияи ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ, беҳтар кардани корҳои таълиму тарбия, пурмазмун намудани репертуарҳои театрҳо, оҳангсозон ва сарояндагону раққосон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги касбии тоҷик ва аҳли ҳунар, илм ва фарҳангро руҳбаланд намуда, дар ин соҳаҳо ба аҳли зиёи кишвар илҳом ва имкониятҳои нав ба вуҷуд овард.
Нуҳум, сафарҳои кории Президент ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳо барои ободонӣ ва беҳбуди шароити зиндагии халқ, ғамхории пайваста ба ятимон, муҳтоҷон ва эҳтиёҷмандон боварӣ ва эҳтироми мардумро ба Сарвари худ дар саросари ҷумҳурӣ бештар намуд.
Даҳум, ғамхорӣ ба насли наврас, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар, соҳиби ихтисосҳои замонавӣ шудани онҳо ва омода кардани ҷавонон барои соҳибӣ кардани давлату Ватан Пешвои миллатро ба ҳайси шахсияти дурбину дурандеш нишон дод.
Ин даҳ масъалае, ки зикр кардем ва боз чандин масъалаҳои дигар, имкон доданд ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала таҳким ёбад, бовари мардуми кишварро ба ҳаёти орому осуда ва ояндаи неки давлату Ватани азиз, хушбахтии миллати соҳибдавлати мо бештар намояд. Ҳамин аст, ки таъмини ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон асоси муваффақиятҳои имрӯз ва ояндаи кишвар мебошад.
Кароматулло ОЛИМОВ, академики АМИТ