Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои сарнавиштсозе ба вуқуъ мепайванданд, ки аҳамияти онҳо аз доираи як давраи муайян фаротар рафта, ба рамзи худшиносии миллӣ, пойдории давлат ва сарҷамъии мардум табдил меёбанд. Барои халқи Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин дастовардҳои бузург мебошанд, ки сарнавишти давлатдории навини тоҷиконро муайян намудаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, дар низоми арзишҳои сиёсиву ҳуқуқии мамлакат ҷойгоҳи хосса дорад. Ин сана на танҳо ифодагари эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими сохтори конститутсионии давлат, балки рамзи арҷгузорӣ ба роҳи таърихии тайнамудаи миллат, ҳифзи истиқлолият, барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлати муосири миллӣ мебошад.
Барои дарки моҳияти ин ҷашн зарур аст, ки ба марҳалаҳои асосии ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол назар афканем.
9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун санаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва оғози давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст. Аммо марҳалаи нави таҳкими давлатдории мустақил, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва ташаккули низоми устувори идоракунии давлатӣ бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Солҳои нахустини истиқлолият барои Тоҷикистон давраи озмоишҳои сангин буданд. Ихтилофоти сиёсӣ, буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти мақомоти давлатиро халалдор намуда, ягонагии ҷомеа ва бақои давлати тозаистиқлолро зери хатари ҷиддӣ қарор доданд.
Дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Маҳз 19-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ин рӯйдоди таърихӣ оғози марҳалаи нави давлатдорӣ, роҳбарии сиёсӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои расидан ба сулҳу оштии миллиро ифода кард.
Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини ин раванд ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва гардид. Ин санади сарнавиштсоз, ки дар натиҷаи музокироти тулонӣ ва талошҳои Пешвои миллат ба даст омад, барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва барқарорсозии ҳаёти осоиштаи ҷомеа заминаи устувор гузошт.
Дар баробари раванди сулҳофаринӣ, ташаккули низоми устувори конститутсионӣ яке аз вазифаҳои бунёдии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт. Дар ин замина, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар ин самт марҳалаи сифатан навро оғоз бахшид.
Конститутсия асосҳои сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин принсипҳои муносибатҳои давлату ҷомеаро муайян намуд. Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад.
Дар ин замина, 16-уми ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуданд. Ин рӯйдод марҳалаи муҳими ташаккули ниҳоди президентиро дар асоси Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ифода менамояд.
Бо дарназардошти аҳамияти таърихиву давлатии ин сана, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2016, №1320, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардида, 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.
Ин муқаррароти конститутсионӣ аз ҷойгоҳи муҳими Президент дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат шаҳодат медиҳад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати давлатии ислоҳоти судию ҳуқуқӣ барои такмили қонунгузорӣ, такмили сохтори судӣ, таҳкими заминаҳои ташкиливу моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси судяҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Моҳияти ин дигаргунсозиҳо, пеш аз ҳама, ба таъмини мустақилияти судяҳо, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, ҳифзи самараноки ҳуқуқҳои инсон ва таҳкими қонуният равона шудааст, зеро давлати ҳуқуқбунёдро бидуни ҳокимияти судии мустақил, босалоҳият ва беғараз тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Дар ин замина, судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани муҳити устувори ҳуқуқӣ барои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ нақши муҳим доранд.
Мо, намояндагони ҳокимияти судӣ, вазифадорем, ки бо фаъолияти софдилона, дониши баланди касбӣ ва муносибати холисона ба иштирокчиёни мурофиа дар ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандону ташкилотҳо ва устувории низоми ҳуқуқии мамлакат саҳми арзанда гузорем.
Дар баробари рушди низоми ҳуқуқӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори муҳим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти устувори давлат ба ҳамбастагии сулҳу суботи сиёсӣ, фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ, кафолатҳои ҳуқуқӣ ва меҳнати созандаи мардум вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муҳим барои дарки сабақҳои таърих, қадршиносии арзишҳои истиқлолият ва эҳсоси рисолати шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат мебошад.
Дар ин масир саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарор намудани сулҳу субот, ташаккули низоми конститутсионӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат дар таърихи навини тоҷикон ҷойгоҳи арзандаву мондагор дорад.
Имрӯз вазифаи ҳар як хизматчии давлатӣ аз он иборат аст, ки дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини қонуният, пешрафти иқтисоди миллӣ ва беҳбудии зиндагии мардум фаъолияти босамар анҷом диҳад. Барои ҳокимияти судӣ ин рисолат, пеш аз ҳама, дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ таҷассум меёбад.
Итминони комил дорем, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, садоқат ба манфиатҳои давлату миллат ва меҳнати созандаи мардуми Тоҷикистон заминаи боэътимоди пешрафту шукуфоии минбаъдаи Ватани соҳибистиқлоламон хоҳад буд.
Рӯзи Президент моро ба он ҳидоят менамояд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёдро ҳамчун дастовардҳои муқаддасу бебаҳои таърихӣ ҳифз намуда, барои ободии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони наслҳои минбаъда содиқона хизмат намоем.
Зебонисо АБДУЛЛОЗОДА,
Раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон