Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи хоса дошта, бо рӯйдодҳои муҳими сиёсиву таърихии кишвар, аз ҷумла Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва оғози марҳалаи нави давлатсозии миллӣ алоқаманд мебошад. Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, баъдан, 16-уми ноябри соли 1994 маросими савгандёдкуниашон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Таҷлили Рӯзи Президент фурсатест барои бознигарии роҳи тайкардаи давлат, таҳлили дастовардҳо ва мушкилоти даврони истиқлол, инчунин, андеша дар бораи масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба масъалаҳои осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба аҳамияти омӯзиши таърих, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ таъкид намудаанд. Аз ҷумла, дар суханронӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор 27-уми октябри соли 2015 чунин иброз доштанд: «Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани оину анъанаҳои неки миллӣ, тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад».
Дар ин замина, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор ва 5500-солагии Саразм, аҳамияти хоса дорад. Ин чорабиниҳо барои омӯзиши амиқтари таърихи халқи тоҷик, муаррифии мероси фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати таърихии ҷомеа мусоидат намуданд.
Ҳамчунин, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, олимону адибон ва фарзандони содиқи миллат дар ташаккули ҳофизаи таърихии ҷомеа нақши муҳим дорад. Дар ин робита, бозгардондани мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат: Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Ватан, ки 19-уми майи соли 2026 бо ибтикори Сарвари давлат сурат гирифт, дорои аҳамияти баланди маънавӣ мебошад. Ин иқдом рамзи эҳтиром ба гузаштагон, пайванди наслҳо ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои таърихист.
Яке аз арзишҳои олии ахлоқии ҷомеаи инсонӣ бахшидан, раҳм кардан ва фароҳам овардани имконияти ислоҳи шахси ба иштибоҳ роҳдода мебошад. Дар низоми давлатдории муосир ин арзишҳо на танҳо дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамон, балки дар сиёсати ҳуқуқии давлат низ таҷассум меёбанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат чандин маротиба санадҳои афв қабул гардидаанд. Ин иқдомҳо дар баробари ҷанбаи ҳуқуқӣ, дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва тарбиявӣ низ мебошанд. Зеро шахсе, ки имконияти ислоҳи худро пайдо мекунад, метавонад бо хулосабарорӣ аз хатоҳои гузашта ба зиндагии солим баргардад, муносибатҳои оилавии худро барқарор намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.
Дар ин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 16-уми июни соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабул гардид, намунаи муҳими татбиқи принсипи инсондӯстӣ дар сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.
Даврони истиқлол барои Тоҷикистон марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардид. Дар ин давра тибқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат корҳои зиёди бунёдкориву созандагӣ анҷом дода шуда, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тадриҷан рушд ёфтанд.
Бо ташаббус ва дастгирии Роҳбари давлат як қатор иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки дар беҳтар гардидани инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ саҳм гузоштаанд.
Қариб ҳар ҳафта мо шоҳиди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мегардем. Сохтмони мактаб дар деҳот, таъмири роҳ, бунёди боғ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор низ ҷузъи муҳими созандагӣ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо фурсати муносибест, ки дар заминаи сабақҳои таърихӣ ва воқеияти имрӯза масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро мавриди андеша қарор диҳем. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд на танҳо ба ёдоварии рӯйдодҳои гузашта, балки ба андешидан дар бораи фардои кишвар, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардад.
Фарҳод КАРИМЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ