Истиқлоли давлатӣ аз бузургтарин дастовардҳои таърихии ҳар миллат ба шумор рафта, ҳифз ва таҳкими он хирадмандӣ, масъулияти сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеаро тақозо менамояд. Таҷрибаи таърихи башар нишон медиҳад, ки на ҳамаи халқҳо тавонистаанд дар шароити таҳаввулоти сиёсиву тамаддунӣ соҳибдавлатии худро ҳифз намуда, забон, фарҳанг, ҳувият ва мероси таърихии хешро нигоҳ доранд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар ҷаҳон беш аз 476 миллион намояндаи халқҳои бумӣ зиндагӣ мекунанд, ки ба зиёда аз 5000 гурӯҳи этникӣ мансуб буда, дар беш аз 90 давлат паҳн шудаанд. Айни замон 193 давлат узви СММ, ду давлат мақоми нозир ва, ҳамзамон, бархе кишварҳо сарфи назар аз эълони истиқлолият, аз эътирофи комили байналмилалӣ бархӯрдор нестанд.
Дар чунин шароит соҳибдавлатӣ барои миллати тоҷик аҳамияти хосса дошта, заминаи асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг, анъана ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори таърихӣ мебошад.
Бо дарки оқилонаи ҳамин муҳимият Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои Роҳбари давлат интихоб гардиданашон, зарурати барқарор намудани сулҳ ва муттаҳид сохтани ҷомеаро ҳамчун шарти ҳифзи истиқлол ва бақои давлатдории миллӣ таъкид намуданд. Дар нахустин муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон зарурати ба эътидол овардани вазъи кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва барқарор намудани хоҷагии халқро ба миён гузошта, изҳор доштанд: «... Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам!...». Ин суханон дар шароити буҳрони амиқи сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва иқтисодиёти фалаҷгашта барои миллат нидои умед ба фардои дурахшон буданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва дурбинии сиёсӣ дар раванди барқарор кардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ роҳи музокирот ва муколамаи сиёсиро интихоб намуданд.
Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти байни ҳайатҳои Ҳукумати мамлакат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ, ҳашт даври музокироти ҳайатҳо, шаш мулоқоти роҳбарони ҷонибҳо ва се даври машваратҳо баргузор гардиданд. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои оташбас, бозгашти гурезаҳо, ҳамгироии неруҳои мухолиф ва ташаккули низоми минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ баррасӣ шуданд.
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик дар Хусдеҳи Афғонистон яке аз рӯйдодҳои муҳими раванди музокирот ба шумор меравад. Ин иқдом аз худгузаштанҳои Сарвари давлатро ба хотири бақои давлати миллӣ ва осудагии миллат инъикос менамояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо хиради азалӣ, ҷасорат, матонат ва дурбинии сиёсӣ ҷонибҳои даргирро сари мизи гуфтушунид ҷамъ оранд ва ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин дастовард барои миллати тоҷик ҳамчун истиқлоли давлатӣ арзиши олӣ ва аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Таҷрибаи сулҳоварии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз танҳо шахсияти худогоҳ, хирадмеҳвар ва миллатдӯст, содиқ, ҷасур ва фидокор метавонад ҷомеаро муттаҳид созаду ҷангро ба сулҳ, парокандагиро ба якпорчагӣ ва ваҳдат мубаддал намояд.
Хизмати таърихии Ҷаноби Олӣ дар ин марҳала бо қабули масъулияти роҳбарии сиёсӣ, интихоби роҳи музокирот, иштирок дар раванди сулҳ ва талош барои татбиқи созишҳои бадастомада алоқаманд аст.
Дар як марҳалаи кӯтоҳи таърихии пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистони чандпорчаро ба як кишвари воҳид табдил диҳанд ва иқтисодиёти кишварро барқарор намоянд. Натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар кишвар корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром идома дошта, рушди иқтисодии кишвар ҳамасола беш аз пешбинии институтҳои молиявии ҷаҳонӣ таъмин мегардад.
Барои ин ҳама заҳмату талошҳо дар роҳи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарории сулҳ, таъмини бақои давлатдории миллӣ ва роҳнамоиву ғамхориҳо бо ташаббуси умумимиллӣ барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии халқӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул гардид.
Ташаккулёбии институти Пешвои миллатро набояд ҳамчун унвони шахсӣ, балки чун рукни рамзи давлатдорӣ ва идомаи мантиқии намунаи арҷгузории тоҷикон ба фарзандони сарсупурдаи миллат бояд арзёбӣ кард.
Дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва мероси миллатҳои орёитабор бузургдошти шахсиятҳои давлатсоз шаклҳои гуногун доштааст. Аз нигоҳдории мақбараи Куруши Кабир дар Пасаргад ва ёдгориҳои меъмории даврони Ҳахоманишиён то ҳифзи мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро ва таҷассум ёфтани хотираи шоҳону қаҳрамонони таърихӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ нишон медиҳад, ки бузургдошт ва эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ яке аз роҳҳои муассири ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад.
Таҷрибаи давлатдориҳои ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки эътирофи хизматҳои роҳбарони барҷастаи давлатӣ тавассути унвонҳо ва номгузориҳои махсус, ки нақши таърихии онҳоро дар ташаккулёбии давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум инъикос менамоянд, роиҷ аст. Чунин шаклҳои эътироф вобаста ба шароити таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳар як давлат хусусиятҳои хоси худро касб намудаанд. Масалан, дар кишварҳои Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Нидерландия, Фаронса, Озарбойҷон, Бангладеш ва ғайра метавон ин анъанаро мушоҳида кард.
Институти Пешво тақозо мекунад, ки дастовардҳои даврони истиқлол на танҳо ҳифз, балки тавассути таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, рушди инсонӣ ва татбиқи сиёсати дурбинона пайваста такмил дода шаванд, то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар садсолаҳои оянда низ ҳамчун такягоҳи ҳастии миллӣ ва равнақу ривоҷи ҷомеа пойдор бимонад.
Дар ин замина, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории суҳбатҳои таърихию маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идораю муассисаҳо, маҳалҳо, марказҳои фарҳангӣ ва муҳити оилавӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, метавонад ба шинохти таърихи давлатдории муосир ва дарки арзиши сулҳу ваҳдат мусоидат намояд. Ҳамин тавр, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба санаи фарогири арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, сабақҳои истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандӣ табдил ёбад.
Назриало ШЕРАЛИЗОДА, директори Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист