Баргашт Чоп кардан

ФАЙЗИ ҚУДУМИ ПЕШВО Ё ДИДОРИ МУБОРАКЕ, КИ БА СОКИНОНИ ҒӮСАР ШОДИОФАР ШУД

Тобистони соли гузашта деҳа рафтам, ки мардум хеле пуртараддуд буданд: роҳҳои маҳаллиро таъмир мекарданд, кор дар беморхонаи минтақавӣ бо авҷ пеш мерафт. Дар гӯшаи қаблан ноободе токзори интенсивӣ сабз мешуду кӯчаву паскӯчаҳоро тоза менамуданд. Хурду калон хушҳолу даст ба коре буданд.
Зодгоҳи мо – деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент хеле тамйиз ба назар мерасиду намои хонаҳо низ зебову дилкаш. Ҳатто, дар роҳҳои байни деҳа "хас намеёфтед". Ҳар рӯз мардум ба якдигарӣ паём медоданд: калонҳо омадаанд, биноҳоро диданд, бояд то омадани Ҷаноби Олӣ корро ба анҷом расонем.
– Хеле кори хуб шуд. Ин бараката бинед-а. Ҳеҷ гоҳ мардумро ин қадар хушҳолу дар талош надида будем. Файз доштааст, қадами Ҷаноби Олӣ, – мегуфт амаки Нусратулло, ки як умр муаллими мактаб буду шоҳиди навгониҳои зодгоҳаш тайи 60 соли охир.
Ба монанди ӯ, ҳама аз ободии зодгоҳашон меболиданду хушнудӣ мекарданд. Мардум ҳар рӯз ба ҳашар мебаромад, бо навбат барои сохтмончиёну ҳашарчиён дар дегҳои калони маърака ош мепухтанд, сатил-сатил дӯғобу ҷурғот, оши туруш (ин таомро дар Панҷакент чунин ном мебаранд) ва нони гарм равон мекарданд, модарон. Ҳар касе ба қадри тавон дар ин бунёдкориҳо саҳм мегирифт. Кор шабу рӯз идома дошт, ба қавле як пойи раиси шаҳру дигар мутасаддиён дар деҳаи мо буд... Дар баробари ҳамаи ин давутозҳо, мардум бесаброна интизор буданд, ки Президент кай меоянд?
Билохир, рӯзи омадани Ҷаноби Олӣ аниқ шуд. Акнун ҳеҷ касро бекор намедидед. Овезаҳоро дар кӯчаҳои марказӣ насб карданд. Як рӯз пеш гӯё ҳама тӯй дошта бошанд, ё ба пешвози Президент дастархони идона меороста бошанд, аз мағозаҳо бо дасти пур берун меомаданд. Пагоҳи дигар рустои пурталотум якбора оромии хос гирифт. Ҷаноби Олӣ дар деҳа буданд, биноҳоро ба истифода медоданд. Ҳама, ки имкони дидани Президентро надошт, пеши дарвозаву пушти тирезаҳо ҷамъ меомаданд, то мошини Роҳбари давлатро бубинанд. Як ҳисси ногуфтанӣ...
Ниҳоят, пас аз чанде корвони мошинҳо аз роҳ гузаштанд, деҳа якбора фазои идона гирифт. Лабҳо пуртабассум, чеҳраҳо шукуфон якдигарро табрик мекарданд, ҳамдиёрон.
– Муборак бошад!
– Ана дидед, қадами Пешво чӣ хел файз дорад? Деҳа тамоман дигар шуд: тоза, озода, обод. Ман гуфта будам-ку Ҷаноби Олӣ меоянд. Ҳатман меоянд.
Ҳамин тавр, «муборак шаваду боракалло»-гӯиҳо фазои деҳаро пахш кард.
Мавҷи табрикот миёни деҳаҳо рафт. Мардуми деҳи мо сокинони рустои ҳамсоя – Боғчаро табрик мекарданд, ки соҳиби мактаб шуданд.
– Ин бахта бинед-а. Ҷаноби Олӣ барои кӯдакони Боғча мактаби олиҷаноб бунёд карданд, мегӯйӣ қаср бошад. Ба шарофати шахсан мактабро кушоданашон, роҳи деҳа низ мумфарш шуд. Акнун кӯдакони ҳамсоя чанд километр роҳро тай карда, ба мактабҳои мо намеоянд. Оҳиста-оҳиста Тоҷикистон гулистон шуда истодааст. Ҳазорҳо раҳмат ба Президент, – мегуфтанд миёни ҳам муаллимони солхӯрда, ки шоҳиди азоби омадурафти кӯдакони деҳи ҳамсоя ба мактабҳои мо буданд.
– Ҳа, дар Навобод ҳам кӯдакистони нав сохтанд. То ҳол муассисаи томактабӣ надошт. Тарбияи кӯдак, дар ҳақиқат, аз боғча сар мешавад, ки инро Ҷаноби Олӣ хеле хуб дарк карданд. Ҳоло ҳамаи деҳаҳо соҳиби кӯдакистон. Ғамхорӣ ба насли нав аз ин зиёд мешавад? Самараи ин талошҳоро мардум дар оянда беҳтар дарк мекунад, – сипосу шодиашро баён мекард муаллим Давлатов.
Ҳамин хел гуфтугузорҳо чанд рӯз идома ёфтанд ва номи Пешвои муаззами миллату саногӯиҳо ба он кас вирди забони халқ буд.
Ин ҳамаро аз наздик медидам ва ба самимияти халқ қоил мешудам. Самимияте, ки аз рустоҳо то шаҳрҳои бузург расидаву ҳамакнун марзҳоро убур кардааст. Он чи Пешвои миллат барои ин Ватан, ҳифзи он, ободиву пешрафташ, нусрату сарбаландиаш дар арсаи байналмилалӣ карданд, хеле пурарзиш аст. Корзори созандагиашон ба истиқболи ҷаншҳои истиқлол чанд достони як китобест, ки аз нангу ор ва иродаи шикастнопазири ватансозиашон қисса мекунад.
Имрӯзҳо ҳар хонадон, ҳар деҳа ва ҳар гӯшаи Тоҷикистон чунин фазо дорад: фазои якдилӣ, созандагӣ, истиқлол.
Дар саргаҳи ин ҳама шодмониҳои халқ Президенти маҳбуби кишвар меистанд ва мардум ба поси хизматҳои шоён армуғонаш ба Роҳбари созанда муҳаббату эҳтиромест, ҳар кӣ мисли ман шоҳиди омад-омадашон ба гӯшае аз Тоҷикистон шуда бошад, инро беҳтар дарк мекунад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,"Ҷумҳурият"