Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш гулҳои миллии кишвар эълон гардиданд. Вобаста ба ин иқдоми наҷиб, дар зер фикру андешаҳои олимону масъулони соҳаҳои гуногунро оид ба аҳамияти ин тасмим ва зарурати ҳифзи гулҳои миллӣ пешкаши хонандагон менамоем.
Бобо САМИЕВ, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа:
– Гул зеботарин муъҷизаи табиат, атокунандаи зебоию тароват, болидагардонандаи табъи инсон, бахусус бедоркунандаи завқи эстетикии бонувон аст. Гули Сиёҳгӯш (маъруф бо номи гули Сиёвуш) дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик ҳамчун рамзи зебоии табиат, бедории баҳор ва эҳё шудан эътироф мешавад. Дар баробари лола, ин гули кӯҳӣ нишонаи ҷавонмардӣ, покӣ ва пирӯзии ҳаёт бар зулмот маҳсуб меёбад.
Маъно ва рамзҳои асосии онро, аввалан, эҳё ва тозагӣ ҳамчун паёмовари аввали фасли баҳор, рамзи бедории табиат ва расидани айёми наврӯзӣ ташкил медиҳад. Дуюм, покандешӣ ва ҷавонмардӣ, ки дар асотир ва фолклори тоҷик, чун бо номи қаҳрамони асотирии «Сиёвуш» пайванд мехӯрад, рамзи бегуноҳӣ, муҳаббати пок ва шуҷоат дониста мешавад. Сеюм, зебоии табиат ва меҳр. Ин гули зарифу нозук, ки муҳити кӯҳиро меписандад, рамзи назокат, зебоии табиӣ ва паёми шодӣ ба дилҳо мебошад.
Аз ин рӯ, интихоби гули сиёҳгӯш дар баробари гули лола ҳамчун рамзи гули миллӣ, ки бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун гули миллӣ эълон гашт, барои боз ҳам тақвият ёфтани фарҳанги зебоипарастии мардуми тоҷик мусоидат карда, ба як бозёфти нодир табдил меёбад.
Нигора АМИНОВА, муовини ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” оид ба тарбия, номзади илмҳои техникӣ:
– Гулҳои Сиёҳгӯш ва Лола дар фарҳанги тоҷикон рамзи эҳёи баҳор ба шумор мераванд. Онҳо бо Наврӯз, маросимҳои мардумӣ ва тасаввуроти ниёгонамон пайванди дерина доранд.
Гули Сиёҳгӯш, ки дар баъзе минтақаҳо гули наврӯзӣ низ номида мешавад, муждарасони баҳор аст. Бино ба ривоятҳои мардумӣ ва достонҳои «Шоҳнома», он аз хуни ноҳаққи Сиёвуши ноком рӯйидааст.
Лола таҷассуми зебоӣ, ҷавонӣ ва ишқи пок буда, дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ҷашни «Сайри гули лола», ки аз суннатҳои баҳории мардум аст, имрӯз низ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешавад.
Сиёҳгӯш ва Лола гулҳои миллии Тоҷикистон ва шиносномаи баҳории сарзамини мо мебошанд. Онҳо моро аз мероси табиӣ ва фарҳангии ниёгон ёдрас мекунанд. Ҳифзи ин гулҳо, эҳёи суннатҳои вобаста ба онҳо ва ободонии муҳити зист вазифаи ҳар як сокини кишвар аст.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ:
– Эътирофи Лола ва Сиёҳгӯш ба ҳайси гулҳои миллии Тоҷикистон иқдомест, ки ба ҳифзи мероси табиӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон равона гардидааст. Ин ду гул дар ҳаёти маънавӣ ва суннатҳои мардумии мо ҷойгоҳи хос дошта, бо фарорасии баҳор, эҳёи табиат ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз пайванди ногусастанӣ доранд. Сиёҳгӯш аз қадим муждаи нахустини баҳор ва рамзи эҳёи зиндагӣ, ҷавонӣ ва зебоӣ маҳсуб мешавад. Лола бошад, рамзи зебоӣ, ифтихор, садоқат ва поктинатии мардум буда, бо суннати қадимаи «Сайри гули лола» шуҳрати зиёд пайдо кардааст. Ҳатто номи маъруфи занонаи Лола аз ҳамин гули зебо сарчашма гирифта, дар баробари номҳои Садбарг, Наргис, Бунафша ва Ёсуман аз пайванди амиқи фарҳанги тоҷикон бо табиат дарак медиҳад.
Ташаббуси Роҳбари давлат дар мавриди додани мақоми миллӣ ба ин гулҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангии кишвар такони тоза бахшида, ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи набототи маҳаллӣ, парваришу нигоҳдории намудҳои нодир ва пешгирии нобудшавии онҳо мусоидат намояд.
Муаррифии онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ на танҳо зебоиҳои табиати Тоҷикистон, балки таъриху тамаддун, ҳувияти миллӣ ва суннатҳои неки мардуми моро низ муаррифӣ хоҳад кард. Арҷгузорӣ ба Лола ва Сиёҳгӯш дар асл арҷгузорӣ ба сарзамин, табиат ва мероси бисёрҳазорсолаи миллати мост.
Гулрухсор ТИЛЛОӢ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист:
– Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо гуногунии олами набототу ҳайвонот, манзараҳои нотакрор ва сарватҳои бебаҳои табиӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҳифзи ин мероси гаронбаҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми октябри соли 2026 «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» иқдоми муҳими таърихию фарҳангӣ ва экологӣ маҳсуб меёбад. Бо ин фармон гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш мақоми гулҳои миллии Тоҷикистонро касб намуданд, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ба зебоии табиати кишвар ва эҳтиром ба мероси табиию фарҳангии миллати тоҷик мебошад.
Аз нигоҳи экологӣ, ин иқдоми Пешвои миллат барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тақвияти масъулияти шаҳрвандон дар назди табиат ва густариши корҳои ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дӯст доштани табиат, пеш аз ҳама, маънои ҳифз намудани он, пешгирии нобудшавии рустаниҳо ва нигоҳ доштани мувозинати экологиро дорад.
Мо – кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллатро иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби фарҳанги табиатдӯстӣ ва ҳифзи мероси табиии кишвар арзёбӣ менамоем. Итминон дорем, ки татбиқи пайгиронаи он ба густариши корҳои маърифатию тарғиботӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳифзи табиат ва баланд бардоштани масъулияти экологӣ мусоидат хоҳад кард.
Фароҳамсоз С. СУННАТӢ