12-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президент дар арафаи нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” нишасти матбуотӣ доир гардид.
Директори Муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод, ки нахустнамоиши филм 16-уми ноябр соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Филми мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти ду чеҳраи барҷастаи адабиёти Шарқ – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шуда, дӯстии самимӣ, ҳамбастагии маънавӣ ва саҳми арзишманди онҳоро дар рушди илму фарҳанг бозтоб менамояд.
Наворбардории филм дар маконҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифт.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба саволҳои худ вобаста ба раванди таҳияи филм, интихоби ҳунармандон, забони он ва дурнамои ҳамкориҳои синамогарони ду кишвар посух пайдо намуданд.
Рӯйи пардаи синамо омадани филми мазкур қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва арҷгузорӣ ба мероси муштараки адабию маънавии халқҳои минтақа ба шумор меравад.
М. ОДИНАЕВ, “Ҷумҳурият”