Баргашт Чоп кардан

БА ПАЙВАНДОНИ АФСАРИ ФИДОӢ ХОНА ТАҚДИМ ШУД

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии оилаҳои ходимони низомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Панҷ ба оилаи афсари ҳалокшудаи раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегматов Темурмалик калиди хонаи истиқоматиро тақдим намуд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дастгирии хонаводаҳои афсарони Меҳан, бахусус, пайвандони онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷон нисор кардаанд, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Афсари раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Панҷ Бегматов Темурмалик моҳи январи соли 2026 дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари ҳамлаи сарҳадшиканон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар ба ҳалокат расида буд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди манзили истиқоматӣ 205 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд.
Давлаталӣ Саид ба модари афсари фидоӣ Арафа Рауфзода изҳор дошт: “Ҷоннисории фарзандони далери Ватан ҳамеша қадр карда шуда, хотираи неки онҳо дар қалби мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд. Ин иқдоми хайрхоҳона нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумат, аз ҷумла вилояти Хатлон буда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба азизону фарзандони муҳофизони кишвар равона гардидааст. Дар идомаи сафар Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдураҳим Шоҳиён бо рафти корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳаи Селгаҳи деҳоти ба номи Кабут Сайфуддинови ноҳияи Панҷ шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо ташаббус ва саҳми сокинони деҳа корҳои ободонию созандагӣ вусъат гирифтаанд. Дар доираи ин иқдом мумфаршкунии 2 километр роҳ бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Раиси вилоят барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба мардум сипос арз дошт. Чунин иқдомҳои ватандӯстонаи сокинон барои дигар маҳалҳо намунаи ибрат ва омили муҳими рушди инфрасохтори деҳот арзёбӣ шуд. Мардум ҳам аз ин истиқбол фараҳманд шуда, омодагии хешро дар ободии кишвар барои оянда низ изҳор доштанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”