Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО КРИСТОФЕР ЛАНДАУ

18-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми суҳбат масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар имрӯз доираи васеи соҳаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб, аз ҷумла дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва амниятиро дар бар мегиранд.
Ба натиҷаҳои мулоқоти Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА ва нишасти сарварони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1)”, ки соли гузашта дар Вашингтон доир гардиданд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир шуд. Ду ҷониб, ҳамчунин, раванди татбиқи мувофиқаҳои дар зимн бадастомадаро матраҳ карданд.
Ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо дар бахши саноати кӯҳӣ яке аз мавзуъҳои асосии суҳбат қарор дошт.
Рушди ҳамкории судманд бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори шарикии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар робита ба идомаи ҳамоҳангиҳои мақомоти соҳавии ду кишвар дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, ҳамчунин, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ибрози андеша намуданд.