Баргашт Чоп кардан

ИҶЛОСИЯИ XVI ВА МАРҲАЛАИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Падидаҳои иҷтимоие, ки тавассути хотираи ҷамъӣ аз насл ба насл интиқол меёбанд, дар пайванди таҷрибаи таърихии ҷомеасозӣ бо воқеияти имрӯзӣ мазмуну зарфияти тоза касб мекунанд ва ба таҳкими имконоти рушди ояндаи ҷомеа мусоидат менамоянд. Дар таърихи даврони истиқлоли Тоҷикистон яке аз чунин падидаҳои сарнавиштсоз Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қарорҳо ва санадҳои муҳиме, ки дар ин Иҷлосия қабул шуданд, заминаи сиёсиву ҳуқуқии рушди минбаъда ва ба эътидол омадани ҷомеаи Тоҷикистонро фароҳам оварданд.
Иҷлосияи XVI дар шароите баргузор гардид, ки парокандагии сиёсӣ дар ҷомеа амиқ реша давонда, мардум аз паси сангарҳо ва бо истифода аз силоҳ муносибати худро бо ҳамдигар муайян мекарданд. Маҳз дар ҳамин марҳалаи ҳассос бо ташаббус ва талоши гурӯҳе аз намояндагони мардумӣ масъалаи зарурат ва баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд, зеро дар он давра Шурои Олӣ ягона ниҳоде буд, ки то андозае барои ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини сулҳу оштӣ талош мекард.
Рӯзномаи Иҷлосия бо дарназардошти масъалаҳои мубрами рӯз таҳия шуда, ба ҷустуҷӯи роҳҳои раҳоӣ аз вазъи буҳронии ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардида буд. Тамоми мардуми Тоҷикистон баргузории онро бесаброна интизор буданд ва ба натиҷаҳои фаъолияти ин ҳамоиши сиёсӣ бо умед менигаристанд.
Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ, ки аз ҳамон лаҳзаҳои аввал мардум онро фоли нек медонистанд, дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар таҳаввулоти амиқи сиёсиву иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ин Иҷлосия як қатор салоҳиятҳо ва вазифаҳои хоси давлат, ки дар он давра амалан аз ихтиёри мақомоти давлатӣ берун рафта, ба дасти гурӯҳҳои ифротгаро афтода буданд, дубора ба ихтиёри давлат баргардонда шуданд. Яке аз пояҳои бунёдии мавҷудияти ҳар давлат инҳисори истифодаи қонунии қувва ва маҷбуркунӣ аз ҷониби худи давлат мебошад. Дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ин салоҳиятро гурӯҳҳои мусаллаҳ ба даст гирифта буданд. Аз ҳамин сабаб, дар Иҷлосия ба бозсозии сохтори мақомоти қудратӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Ин авлавият дар нахустин муроҷиатномаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки 12-уми декабри соли 1992 интишор ёфт, махсус таъкид гардида буд.
Иҷлосияи XVI бо дарки зарурати таҳкими пояҳои сиёсии истиқлоли Ватани азизамон ба эътидол овардани ҳарчи зудтари ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат арзёбӣ кард. Зеро бидуни истиқрори сулҳ ҳалли самарабахши масъалаҳои дар назди ҷомеа қарордошта имконнопазир буд. Ба ҳамин хотир, Иҷлосия таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ фаъолияти худро аз талош барои сулҳу оштӣ ва муттаҳид сохтани мардуми пароканда оғоз кард. Бо кӯшишҳои пайгирона ва дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Яке аз иқдомҳои муҳим қабули Қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» буд. Ин санад афви шахсонеро пешбинӣ мекард, ки дар муқовимат ва даргириҳои то он вақт рухдода иштирок доштанд. Ҳамчунин, Иҷлосия Қонун «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26-уми ноябри соли 1992»-ро қабул кард. Ҳадафи ин санадҳо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои муттаҳид сохтани мардуми кишвар, истиқрори сулҳу оштӣ ва таъмини зиндагии осудаи шаҳрвандон буд. Инҳо аз нахустин санадҳои ҳуқуқие буданд, ки дар роҳи оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон нақши роҳнамо бозиданд.
Ҳамин тариқ, дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз бори нахуст дар фаъолияти элитаи сиёсӣ талош ба харҷ дода шуд, ки ҳадафҳои таҳкими пояҳои иҷтимоии давлати миллӣ бо тамоюлҳои худшиносии аъзои ҷомеа ҳамоҳанг гарданд. Аммо дар он шароит дарки пурраи моҳият ва аҳамияти созандаи ин иқдом барои ҷомеаи Тоҷикистон осон набуд, зеро бахше аз мардум ҳанӯз ба ҳувияти маҳаллӣ ва минтақавии худ пойбанд буданд ва мафҳуми «миллат»-ро низ бар асоси мансубияти маҳалливу мазҳабӣ шарҳу тафсир мекарданд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳими дар назди Иҷлосияи таърихӣ қарордошта пазируфтани рамзҳо ва арзишҳои сиёсӣ, инчунин муайян кардани самти рушди минбаъдаи кишвар ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд. Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷараёни Иҷлосия ҷонибдории худро аз чунин усули давлатдорӣ изҳор карда буданд. Баъдан ин мавқеъро чунин шарҳ доданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешгирифтаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҳукумат ба рушду такомул ва густариши арзишҳои демократӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кумаки худро дареғ намедорад, вале Ҳукумат намегузорад, ки касе ё гурӯҳе дар зери парчами демократия табар бар решаи арзишҳои умумиинсонӣ занад, Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро вайрон кунад, байни мардум тафриқа андозад ва мардумро ба ҷанги бародаркушӣ даъвату ҳидоят намояд» (Э. Раҳмон. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 1, саҳ. 17). Ҳарчанд ин арзишҳо ва даъватҳо дар ибтидо ба рафтори ҳамаи қишрҳои аҳолӣ яксон таъсир нагузоштанд, дар марҳалаҳои баъдӣ тадриҷан ба ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик таъсири амиқ расонданд. Бо таҳкими пояҳои давлати миллӣ ва раҳоӣ аз маҳдудиятҳои ҳувияти маҳаллӣ тадриҷан шуури ягонаи миллӣ ва ҳувияти умумимиллӣ ташаккул ёфт. Маҳз ҳамин раванд заминаи таҳкими ваҳдати миллиро фароҳам овард.
Тағйироте, ки дар Иҷлосияи XVI ба низоми идоракунии ҳаёти сиёсӣ ворид гардиданд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд, ки барқарории робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ба манфиати суботи минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Натиҷаҳои Иҷлосия, ҳамчунин нишон доданд, ки манфиатҳои Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти минтақавӣ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкору ифротгаро бо манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Авруосиё, ҳамоҳанганд. Кишварҳои ҳамсоя хуб дарк мекарданд, ки нодида гирифтани хатари идомаи фаъолияти чунин гурӯҳҳо метавонад тадриҷан фазои ороми онҳоро низ халалдор созад. Ин яке аз ҳадафҳои калидии тарроҳони дохиливу хориҷии муноқишаҳо дар Тоҷикистон буд. Дар ин кишварҳо низ гурӯҳҳои тундрав ошкору ниҳон фаъолият мекарданд, ки ба идомаи нооромиҳо дар Тоҷикистон манфиатдор буданд ва мехостанд ҳадафмандона қаламрави онро ба пойгоҳи устувори ноором сохтани авзои минтақа табдил диҳанд. Аммо равиши пешгирифтаи Иҷлосия барои амалӣ шудани чунин нақшаҳо монеа эҷод кард. Тоҷикистон бо муборизаи пайгирона бар зидди ин зуҳурот дар таъмини амнияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа саҳми арзишманд гузошт. Интихоби чунин роҳбурд нишон дод, ки Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар таъмини амнияти қитъаи Авруосиё бошад. Баъдан, бо талошҳои пайгирона, ҷумҳурӣ воқеан ба чунин шарик табдил ёфт ва дар чаҳорчӯби узвият дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сиёсати санҷидашудаву масъулонаро дар ин самт идома дод.
Ҳамчуноне, ки Тоҷикистон имрӯз низ дар шароити ихтилофҳои гуногун дар масъалаи рушди минтақа ва таъмини амният, инчунин дар пасманзари хатари заиф шудани суботи байналмилалӣ, пайваста кӯшиш мекунад, ки дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми назаррас гузорад.
Хайридин УСМОНЗОДА,
директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
профессор, узви вобастаи АМИТ