Таърихи давлатдории навини тоҷикон, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, собит намуд, ки истиқлолият танҳо бо эълони соҳибихтиёрӣ ба даст намеояд. Барои ҳифзи он иродаи сиёсӣ, тафаккури давлатсозӣ, ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа, қонунмеҳварӣ ва заҳмати созандаи тамоми мардум зарур аст. Тоҷикистон низ дар оғози соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Буҳрони сиёсӣ, мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пояҳои давлатдориро ба озмоиши сангин кашиданд.
Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ба кори худ оғоз кард, дар таърихи навини кишвар ҷойгоҳи махсус пайдо намуд. Дар ин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Баъдан, 16-уми ноябри соли 1994, пас аз қабули Конститутсия ва баргузории интихоботи президентӣ, нахустин бор дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Маҳз ҳамин санаи таърихӣ ба Рӯзи Президент пайванд дорад.
Аз ин рӯ, 16-уми ноябрро наметавон танҳо як санаи тақвимӣ шумурд. Ин рӯз моро ба бознигарии марҳалаҳои ташаккули давлатдории навини тоҷикон, дарки арзиши сулҳу субот ва қадршиносии нақши ниҳодҳои конститутсионӣ дар ҳаёти ҷомеа даъват мекунад. Моҳияти ин ҷашнро, пеш аз ҳама, бояд дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк кард. Моддаи 64 Конститутсия мақоми Президентро ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия муайян намуда, ӯро ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар эътироф мекунад. Ин муқаррарот шаҳодати он аст, ки мақоми Президент, пеш аз ҳама, масъулияти конститутсионӣ дар назди давлат ва халқ аст. Савганди Президент низ маҳз ба ҳифзи Конститутсия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи сарзамин ва хизмати содиқона ба халқ равона шудааст.
Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба Рӯзи Президент бояд бо эҳтиром ба Конститутсия, қонун, ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократии давлатдорӣ тавъам бошад, зеро ватандӯстии воқеӣ на танҳо эҳсоси ифтихор, балки эҳтиром ба қонун, иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Махсусияти дигари Рӯзи Президент дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаро ба дарки сулҳ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва дарки зарурати масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди давлат водор месозад. Барои ватандӯсти асил Рӯзи Президент, пеш аз ҳама, ёдоварӣ аз арзишҳое мебошад, ки ҳастии давлат ва бақои миллат ба онҳо вобаста аст.
Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фаромӯш кард, ки солҳои аввали истиқлолият барои кишвар давраи бисёр мураккаб буданд. Ҷомеа ба сулҳу оштӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, эҳёи иқтисодиёт ва бозгардондани эътимоди мардум ба ояндаи кишвар ниёз дошт. Раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 27-уми июни соли 1997 ба марҳалаи муҳим расид, барои қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози раванди оштии миллӣ замина гузошт. Ин рӯйдод яке аз саҳифаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Агар дар оғози роҳи истиқлол Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои муаррифии мавқеъ ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ талош мекард, имрӯз кишвари мо худ дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми муассир мегузорад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар баробари таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу суботи устувор дар арсаи байналмилалӣ низ роҳи назарраси рушду камолотро тай намуд. Агар дар марҳалаҳои нахустини истиқлол талошҳои кишвар бештар ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шуда бошанд, дар марҳалаҳои баъдӣ Тоҷикистон ба пешбурди масъалаҳое рӯй овард, ки аҳамияти онҳо аз доираи манфиатҳои як кишвар ё минтақа фаротар мераванд. Дар ҳамин замина, масъалаҳои об, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон қарор гирифта, ба яке аз самтҳои шинохта ва устувори фаъолияти дипломатии кишвар табдил ёфтанд.
Дар миёни дастовардҳои сиёсати хориҷии даврони истиқлол ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои об, рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷойгоҳи хос доранд. Ин ташаббусҳо, ки бо роҳбарӣ ва ибтикори пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудаанд, имрӯз ба яке аз самтҳои эътирофшудаи фаъолияти байналмилалии кишвари мо мубаддал гардидаанд.
Аз оғози асри XXI Тоҷикистон 14 қатъномаи марбут ба масъалаи обро пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ ба тасвиб расиданд. Ин далели равшани он аст, ки масъалаҳои аз ҷониби кишвари мо ба миён гузошташуда аз доираи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, ба ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронда шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар баробари дигар омилҳо, Рӯзи Президент мардумро ба эҳтироми таърихи давлатдории навин ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Барои насли ҷавон ин рӯз бояд дарси таърих, худшиносӣ ва давлатсозӣ бошад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки истиқлолият неъмати ба таври табиӣ пойдоршаванда нест. Онро бо дониш, маърифат, меҳнати ҳалол, ваҳдат, эҳтироми қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд таҳким бахшид. Бинобар ин, беҳтарин ифодаи ватандӯстӣ дар арафаи Рӯзи Президент ва дар ҳар рӯзи дигар фаъолияти созанда, эҳсоси масъулият ва садоқат ба манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.
Фарзона ХОҶАЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон