Дар деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор бо ташаббуси сокинон ва дастгирии шахсони хайрхоҳ ду пули нави мошингузар бунёд гардид. Ин иқдоми созанда мушкили чандинсолаи рафтуомади сокинони деҳаҳои Кафшдӯзон, Тахт ва Нилӯро бартараф намуда, барои сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ роҳи муносибу бехатар фароҳам овард.
Иншооти мазкур бо саҳми сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардидаанд. Иқтидори борбардории ҳар пул то 80 тонна буда, дарозии онҳо тақрибан 20 метр ва паҳноиашон 7 метрро ташкил медиҳад. Барои сохтмони ду пул беш аз 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани пулҳо масофаи рафтуомади сокинони деҳаҳо то маркази шаҳр тақрибан 8 – 10 километр кӯтоҳ мешавад. Ин имкон медиҳад, ки аҳолӣ барои рафтуомад, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрасӣ ба хидматрасониҳои иҷтимоӣ вақти камтар сарф намоянд. Махсусан, дар фасли баҳор ва рӯзҳои сербориш, ки болоравии сатҳи об ҳаракати мардумро мушкил мегардонад, ин пулҳо барои таъмини бехатарии сокинон аҳамияти хосса доранд.
Чанде пеш зимни ифтитоҳи пулҳо Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор, иқдоми бунёдкоронаи сокинонро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин ташаббусҳо рамзи ваҳдату ҳамгироии мардум буда, дар баробари бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ, барои дигарон низ намунаи ибрат мебошанд.
Сокинони маҳаллӣ Маҳмасамиҳ Алиев, Мелик Нуров, Фарҳод Ниёзов ва дигар иштирокдорону масъулони сохтмон аз дастгирии раиси шаҳр, махсусан барои мусоидат дар дастрас кардани масолеҳи зарурии сохтмонӣ, изҳори сипос намуданд. Ба таъкиди онҳо, бунёди пулҳо бехатарии ҳаракати нақлиёт ва дастрасии аҳолиро ба муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ беҳтар кардааст.
Ба маълумоти сокинони маҳал, орзуи бунёди чунин иншоот ҳанӯз 40 сол қабл пайдо шуда, корҳои сохтмонӣ низ оғоз гардида буданд. Аммо бо сабаби фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани нооромиҳои сиёсӣ сохтмон нотамом монд. Ниҳоят, орзуи деринаи мардум бо ташаббуси Тоҳир Рашид, ходими давлатӣ, инчунин, дастгирии аҳли деҳоти болозикр амалӣ гардид. Ӯ бо суханони ҳикматомӯз, даъват ба корҳои хайр тавонист сокинонро ба ин иқдоми созанда ҷалб намояд. Ташаббуси мазкур аз доираи як маҳал берун рафта, таваҷҷуҳи хайрхоҳону соҳибкорон ва сокинони минтақаҳои дигари кишварро низ ҷалб кард. Аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон ва водии Рашт низ саҳм гузоштанд.
Тоҳир Рашид зимни суҳбат бо хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки ин амали хайр мардумро ба некӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии якдигар даъват менамояд. Ба гуфтаи ӯ, осон намудани мушкилоти ҷомеа, бунёди пулу роҳ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ низ аз амалҳои неке мебошанд, ки дар таълимоти дини ислом ҷойгоҳи арзанда доранд.
Дар миёни саҳмгузорони ин иқдоми хайр амали Абдусаттор Исматов, сокини деҳаи Тахт, қобили таваҷҷуҳ аст. Ӯ ва ҳамсараш чанд сол боз барои сафари ҳаҷ маблағ ҷамъ мекарданд. Аммо баъди шунидани суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, 9-уми марти соли 2024, тасмим гирифтанд, ки пасандози худро барои рафъи мушкили сокинон сарф намоянд.
«Маблағи ҷамъкардаамон беш аз 75 ҳазор сомониро ташкил медод. Бо ҳамсарам ба хулоса омадем, ки агар бо ин маблағ мушкили садҳо нафарро ҳал намоем, савобаш кам нахоҳад буд. Аз ин рӯ, онро барои бунёди пул супурдем. Бешубҳа, дасти мадад расондан, дили касеро шод кардан ва дар ободии диёри хеш саҳм гузоштан аз фазилатҳои неки инсонӣ мебошад», – гуфт Абдусаттор Исматов.
Асадулло Абдуллоев, яке аз сокинони куҳансоли маҳал, бо изҳори сипос аз ташаббускорону саҳмгузорон гуфт: «Сохтмони ин пул барои мо, воқеан, рӯйдоди фаромӯшнашаванда аст. Солҳои зиёд мунтазири чунин рӯз будем. Акнун рафтуомади мардум осонтару бехатар мешавад. Мо аз ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ шудани ин орзу саҳм гузоштанд, миннатдорем».
Бунёди ин ду пул намунаи равшани ҳамкории сокинон, соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ ва мақомоти маҳаллӣ мебошад. Ҳамин тавр, ду пули навбунёд на танҳо роҳи деҳаҳои деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро пайвастанд, балки ба рамзи ҳамдилӣ ва фарҳанги созандагии мардум табдил ёфтанд. Ин иқдом бори дигар собит сохт, ки бо нияти нек ва муттаҳидӣ ҳатто орзуҳои чилсола низ амалӣ мешаванд.
Кароматулло АТО,
суратгир Муҳаммадамин ОДИНАЕВ,
«Ҷумҳурият»