Баргашт Чоп кардан

МАОРИФ. РУШДИ СОҲА АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМ БОҚӢ МЕМОНАД

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки маориф аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи он тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд, зеро соҳаи маориф ҳамеша ба ислоҳот, навоварӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи замони муосир ниёз дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи маориф тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати омӯзгоронро баланд арзёбӣ намуда, онҳоро дар тарбияи насли наврас, пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ неруи муҳим ва созанда медонанд.
Тавре Пешвои миллат махсус таъкид сохтанд, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бояд боз ҳам густариш ёбад. Ба ин мақсад, солҳои 2020 – 2040 дар кишвар Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мо – омӯзгорон, Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, бахусус дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, масъулияти бештар эҳсос менамоем.
Барои ташаккули дониш ва малакаҳои хонандагон аз фанҳои мазкур омӯзгорон бояд аз усулҳои муосири таълим самаранок истифода баранд. Чунин усулҳо имкон медиҳанд, ки раванди таълим бо иштироки фаъолонаи омӯзгор ва хонанда, бо истифода аз имкониятҳои маҳал, захираҳои мавҷуда ва маводи таълимии дастрас ташкил шавад. Дар ин раванд, бо назардошти талаботи замон, арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва ахлоқи ҷомеа, барои мустақилона андешидан, таҳлил кардан, хулосабарорӣ ва баҳо додани хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамин тавр, омӯзиш ба раванди ҷустуҷӯ, таҳқиқ ва такмили пайвастаи дониш табдил меёбад.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланд тағйир меёбад ва пур аз таҳаввулоту мушкилот аст, ҷомеа ба шахсиятҳои ташаббускор, навовар, соҳибкор, масъулиятшинос, мутобиқшаванда ва созанда ниёз дорад. Шаҳрвандони замони нав бояд дорои маърифати баланд, устувории маънавию ахлоқӣ ва малакаҳои зарурии касбӣ бошанд. Онҳо бояд тавонанд аз сарчашмаҳои гуногун иттилооти заруриро дарёфт намуда, онро таҳлилу арзёбӣ кунанд, масъалаҳои мураккаби муҳити атрофро дарк намоянд, мушкилоти таълимию ҳаётиро пешбинӣ ва ҳал карда тавонанд. Ҳамзамон, ҳар як шахс бояд масъулияти худро дар назди оила, ҷомеа ва Ватан эҳсос намояд.
Асоси ташаккули чунин сифатҳо маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ гузошта мешавад, зеро таҳсилоти ибтидоӣ марҳалаи муҳимтарини ташаккули кӯдак, бедор намудани шавқу рағбат ба донишомӯзӣ ва инкишофи қобилиятҳои зеҳнию эҷодии ӯ мебошад. Дар ин раванд, нақши омӯзгори синфҳои ибтидоӣ муҳим аст. Омӯзгор бо дониш, таҷриба, маҳорати касбӣ ва муносибати ғамхоронаи худ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ ва шахсияти ояндаи хонанда саҳми арзанда мегузорад.
Пас, ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, бо истифода аз усулҳои муосири таълим, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва муносибати масъулиятнок дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бештар гузорад, зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз сатҳи дониш, маърифат, тарбия ва ҷаҳонбинии насли наврас бастагӣ дорад.
Ҳалима БОДУРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
Мактаб-интернати ноҳияи Рӯшон