Баргашт Чоп кардан

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – 2026»: ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» баргузор гардид. Дар он ширкатҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Русия, Беларус ва Чин маҳсулоту хидматрасониҳои худро ба маъраз гузоштанд.
Ҳадафи асосии Намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани замина барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, баргузории он барои ба роҳ мондани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва бастани шартномаҳои ҳамкорӣ мусоидат кард.
Дар Намоишгоҳ маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва вазнин, ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуданд. Истеҳсолкунандагони маводи кимиёвии рӯзгор низ маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Менеҷери ширкати байналмилалии «Роҳи рушд» дар Тоҷикистон ва ширкати «Роҳи рушди Осиё» дар Эрон Муҳаммади Имронӣ зимни суҳбат бо мо аз аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо барои густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти асосии ширкат ба ҷалби соҳибкорону сармоягузорони эронӣ барои шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ташвиқи онҳо ба сармоягузорӣ дар кишвар равона шуда буд.
– Қадами аввал барои шинос кардани тоҷирону истеҳсолкунандагони эронӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Намоишгоҳи «Тоҷикистон-2026» чор ширкати эронӣ иштирок карда, маҳсулоту имкониятҳои худро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тиб ва кишоварзӣ, муаррифӣ намуданд. Дар байни иштирокдорон ширкати «Меҳрованд» низ қарор дорад, ки яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолии Эрон ба ҳисоб рафта, дар чандин кишвари Осиёи Марказӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст: гуфт Муҳаммади Имромӣ.
Ӯ изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш ёфта, ширкатҳои Тоҷикистон низ имкониятҳои бештар пайдо мекунанд, то маҳсулоти худро дар бозори Эрон ва дигар кишварҳо муаррифӣ намоянд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”