Анорпарварӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат мавқеи муайянро ишғол менамояд. Ин аст, ки дурнамои парвариш ва бунёди боғи анор дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ марҳала ба марҳала амалӣ мегардад. Айни замон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ бештар аз 2700 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки 2026 гектари он ҳосилдеҳ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ парвариши рустаниҳои ситрусиро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар ин стансияи таҷрибавӣ дар доираи иҷрои лоиҳаи «Омӯзиш ва ташкил намудани коллексияи навъҳои зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дар замини сатҳи оби зеризаминиаш паст ва аз шӯрхок тозаи водии Вахши вилояти Хатлон» бо иштироки олимону мутахассисони соҳа корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронда шуда истодаанд. Ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа якчанд паҳлу, аз ҷумла васеъ намудани коллексияи мавҷуда аз ҳисоби навъҳои пурқимат, нодир, кампаҳншуда ва интродуксияшудаи зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ, гузарондани мушоҳидаҳои селексионӣ, омӯзиши хусусиятҳои агробиологии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ, интихоби навъҳои перспективии ба талаботи бозор ҷавобгӯ, мукаммал кардани технологияи тайёр намудани ниҳолҳои стандартии баландсифати камхарҷ барои таҷрибаи навро дар бар мегирад.
Шоназар Ҷобиров, мудири шуъбаи зироатҳои субтропикӣ ва ситрусии стансияи таҷрибавии мазкур, иброз дошт, ки олимон дар қитъаҳои таҷрибавии стансия 78 навъу намунаҳои анорро ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз ва мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд, ки аз ҳамдигар аз рӯйи аломатҳои муҳими хоҷагидориашон фарқкунанда буда, дар шароити иқлими континенталии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ устуворӣ нишон дода, парвариш меёбанд. Аксари навъҳои ҳифзшудаи анор барои иҷрои корҳои селексионӣ ва офаридани навъҳои нави анор, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, мувофиқи мақсад мебошанд.
Ҳоло дар стансия омӯзиш ва ташкили коллексияи навъу намунаҳои анор дар замини сатҳи оби зерзаминиаш паст ва аз шӯрхок тозаи водии Вахш амалӣ гардида истодааст. Дар шароити ин минтақа навъу намунаҳои “Сурханор”, “Мулоимдона” (Десертний), “Озарбойҷонӣ”, “Эронӣ”, “08-Р”, “43-4” ҳамчун наъвҳои пешпазак, пурмаҳсул ва устувор мавқеи хоссаро пайдо кардаанд. Пас аз таҷрибаи чандинсолаи олимони стансия ва амалисозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ навъҳои зикршуда ба кишоварзон барои бунёди боғҳои анор тавсия карда мешаванд. Мутахассисони соҳа метавонанд барои ихтироъ ё офаридани навъҳои нави ба тағйирёбии иқлим устувор ниҳоли онро аз стансия дастрас намоянд.
Кӯшишу талошҳои ҳамаҷонибаи кормандони илмии стансия аст, ки солҳои охир кишоварзон аз ин навъҳо ниҳолакҳои стандартиро омода карда, дар бозорҳои минтақа ба фурӯш мебароранд. Асосан, кишоварзони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ аз навъҳои коллексияи стансия ҳавасманд буда, то инҷониб истифода мебаранд ва, ҳамзамон, бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкории зич доранд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун кишоварзон барои парвариши анор гармхонаҳои мавсимӣ ва доимоамалкунандаро омода карда, ниҳоли онро парвариш менамоянд. Дарахти анор нисбат ба лимӯ ба сардиҳову касалиҳо тобовар буда, аз он кишоварзон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ҳамин манфиатнокӣ ва боарзиш будани меваи анор аст, ки таваҷҷуҳи кишоварзонро ҷалб намуда, ба парвариши он дар шароити гармхонаҳо оғоз кардаанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”