Ҳар як соли умр саҳифаест аз китоби зиндагӣ, ки бо талошу кӯшиш, сабру таҳаммул, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба касбу кори интихобшуда навишта мешавад. Дар ин китоб ҳар як лаҳзаи заҳмат, комёбӣ ва ҳар як қадами устувор нақши худро дорад. Вақте инсон ҳафтод баҳори умрро паси сар мекунад, метавон ба роҳи тайкардаи ӯ назар афканда, аз таҷрибаи зиндагӣ, фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандааш ёдовар шуд.
Вафобек Гулбердиев аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки умри пурбаракати худро ба рушди соҳаи полиграфияи кишвар бахшида, дар омода ва ба табъ расидани ҳазорон шумораи рӯзномаву маҷаллаҳо саҳми арзанда гузоштааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи равшани садоқат ба касб ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаи хидматӣ мебошад.
Вафобек Гулбердиев 20-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ва адои хизмати ҳарбӣ, соли 1978 ба шаҳри Душанбе омада, таҳсилро дар Техникуми индустриалии Душанбе оғоз мекунад. Ҳамзамон, фаъолияти меҳнатиашро дар Комбинати полиграфии Душанбе ба роҳ мемонад. Соли 1980, пас аз хатми Техникум, фаъолияти касбии худро дар ҳамин Комбинат идома дода, зина ба зина аз коргари одӣ то ба вазифаи сардори сехи чоп мерасад. Ӯ аз устодони варзидаи соҳа нозукиҳои касби полиграфияро меомӯзад ва бо масъулияту меҳнати софдилона дар байни ҳамкасбон соҳиби эҳтиром мегардад. Соли 1986 бо даъвати роҳбарияти Нашриёти КМ ҲК Тоҷикистон (имрӯза Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод») ба ҳайси устои калони сехи чопи рӯзномаҳо ба кор шуруъ мекунад. Ин марҳалаи нави фаъолияти меҳнатии ӯ буд, ки минбаъд беш аз се даҳсолаи умрашро фаро гирифт. Тули сӣ соли фаъолият дар ин даргоҳ, то соли 2019, вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардории сехи чопи рӯзномаҳо ва сехи чопи офсетро ба уҳда дошта, худро ҳамчун мутахассиси варзида, роҳбари кордон ва шахси масъулиятшинос муаррифӣ менамояд. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи Вафобек Гулбердиев дониши амиқи техникӣ ва маҳорати баланди кор бо дастгоҳҳои мураккаби чопӣ буд. Ӯ на танҳо тамоми нозукиҳои раванди истеҳсолотро хуб медонист, балки дар танзим ва таъмири мошинҳои чопӣ низ маҳорати хосса дошт. Фаъолияти мунтазами сех, иҷрои саривақтии нақшаи истеҳсолӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дар муҳлати муайян ба дасти хонанда расидани рӯзномаву маҷаллаҳоро масъулияти аслии худ меҳисобад. Ӯ хуб дарк мекард, ки дар паси ҳар шумораи чопшуда заҳмати дастаҷамъонаи кормандон ва масъулияти касбии ҳар як мутахассис меистад. Дар баробари маҳорати касбӣ, хислатҳои неки инсонӣ низ аз вижагиҳои шахсияти ӯ ба шумор мераванд. Ҳамкорон Вафобек Гулбердиевро ҳамчун инсони хоксор, хушмуомила, меҳнатдӯсту ғамхори кормандон мешиносанд. Хизматҳои шоёни Вафобек Гулбердиев дар рушди соҳаи полиграфия ва фаъ- олияти бисёрсолаи меҳнатиаш бо як қатор мукофоту унвонҳои соҳавӣ қадр гардидаанд. Аз ҷумла, соли 1987 бо нишони Фаъоли рӯзномаи “Правда” сарфароз гардида, ҳамчунин, нишонҳои фахрии Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Ин қадрдониҳо нишонаи эътирофи заҳматҳои чандинсолаи ӯ ва саҳми арзандааш дар пешрафти соҳаи полиграфия мебошанд. Ҳарчанд соли 2019 ба нафақа баромадааст, меҳру муҳаббати ӯ ба касби интихобкарда ва соҳаи матбуоту полиграфия ҳамоно побарҷост. Ӯ имрӯз низ робитаи худро бо ин соҳа нигоҳ дошта, бо идораи «Тоҷикматбуот» дар самти сари вақт ба хонандагон расондани рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкорӣ менамояд. Имрӯз, ки Вафобек Гулбердиев ба синни мубораки 70 қадам мегузорад, бо ифтихор метавон гуфт, ки ӯ роҳи пуршарафи зиндагиро тай намуда, дар таърихи соҳаи полиграфияи кишвар саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш ба Вафобек Гулбердиев сиҳатмандии комил, рӯзгори осуда ва саодати рӯзгорро таманно дорем.
Ҳафтод баҳори пурифтихор муборак!
Васила САЪДУЛЛОЕВА, рӯзноманигор