Баргашт Чоп кардан

35 СОЛ ДАР ОЛАМИ САНЪАТ

Нозим Меликов ҳунарпеша ва коргардони номварест, ки тору пудаш ба олами ҳунар пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин тирамоҳи файзбор устод ба синни мубораки 60-солагӣ қадам монданд. Ба ифтихори ин рӯз ва қадршиносӣ аз ҳунари воло дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шоми ҳунарии «35 сол дар ҷаҳони санъат» баргузор гардид, ки он пур аз таманниётҳои наку буд.
Ҳунарманди мумтозро санъатшиносону ҳунармандон ҳамчун парварда ва идомадиҳандаи мактаби адабии коргардони зиндаёд Фаррух Қосим медонанд. Ин ҳунарманди содиқ, бо вуҷуди бемор будан, театрро тарк накардааст. Вақте дар саҳна нақш меофарад, чашмонаш медурахшанд ва осоре аз бемории вуҷудашро ҳис намекунад, зеро ӯ хушбахтияшро дар ин макони оинаи рӯзгор ҳис мекунад.
Нозим Меликов аз соли 1991 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба фаъолият шуруъ намуда, баъди як муддати фаъолият ба тариқи озмун ба театри «Аҳорун» пазируфта шуд ва ин боргоҳи ҳунар барояш мактаби ҳунарӣ гардид. Аввалин нақши бузург дар фаъолияти ҳунарии ӯ Исфандиёр дар намоишномаи “Исфандиёр” буд, ки аз рӯйи достони “Разми Рустаму Исфандиёр” ба саҳна омад. Ҳангоми фаъолият дар ин театр аввалин маротиба ба хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ дошт.
Дар миёни ҳаводорони синамо чеҳраи ҳунармандонаи Нозим Меликовро дар нақши Хурсанд-девона дар филми телевизионии “Ширин” маҳбуб гардонд. Ҳунарманд дигар нақшҳо ҳам офаридааст, вале дар кино ӯро бо ҳамон образи Хурсанд-девона мешиносанду эътироф мекунанд. Мухлисон ин филмро маҳз ба хотири ҳамон Хурсанди беозору чеҳрахандон тамошо мекарданд.
Имрӯз аз Нозим Меликов ҳамчун коргардоне ёд мешавад, ки тавонист бори аввал театри тоҷикро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барад ва дар он сӯйи уқёнус кишвари моро муаррифӣ намояд. Аз он лаҳзаи фараҳбахш ҳунарманд чунин ёд мекунад:
– Тасаввур намоед, ки Парчам, забон ва номи кишвари туро дар як фестивали театрии мамлакати пешрафтаи ҷаҳон мегиранду мешунаванд ва мебинанд. Он замон туро чӣ эҳсосе фаро мегирад? Эҳсоси ифтихор – ифтихори миллӣ, – бо хурсандӣ мегӯяд ҳунарманд.
Ин санаи таърихӣ барои театри тоҷик рӯзи 25-уми октябри соли 2020 соати 12:00 ба вақти Ню-Ҷерсии ИМА сабт гардида, дар он намоишномаи “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯйи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар Фестивали байналмилалӣ манзури бинандагон гардид.
Нозим Меликов соли 2009, як сол пеш аз хуруҷи беморияш, рӯ ба коргардонӣ овард ва ба гуфтаи ҳунарманд, намоишномаҳои “Шабе дур аз Ватан”, “Заҳҳок”, “Иштибоҳ” ва “Дирафши ковиёнӣ” ҳангоми маризияш ба саҳна гузошта шудаанд. Охирин намоишномае, ки ӯ пеш аз “Достони Пирсар” ба саҳна гузошт, “Иштибоҳ” буд, ки соли 2023 дар озмуни “Парасту” сазовори мақоми аввал гардид.
Дуруст гуфтаанд, ки ҳунари асил ва ҳунарманди мумтоз ҳар ҷо сарфарозу боэҳтиром аст. 5-уми ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон барои қадршиносӣ аз ҳунари волои Нозим Меликов шоми эҷодӣ баргузор гардид. Ҳамкасбон ва ҳаводорони ҳунарманд аз муваффақиятҳо ва роҳи пурпечутоби дар театр тайнамудаи устод васф карданд. Ин ҳама аз он дарак медод, ки ҳунари асил намиранда аст ва ҷомеаи бедор ҳамеша ба он эҳтиром мегузорад.
Судоба ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”