Баргашт Чоп кардан

МУРҒОБ. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бармало нишон дод, ки ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ метавонад симои минтақаҳои баландкӯҳро низ комилан дигар созад.
Ноҳияи дурдасту баландкӯҳи Мурғоб намунаи барҷастаи ин раванд аст. Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба ВМКБ дар ин минтақаи баландкӯҳ як қатор иншооти муосири хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба рушди иқтисодиёти маҳаллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Тавре узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода иброз дошт, муҳим он аст, ки аксари ин иншоот дар пайи ҳамкории зичи соҳибкорони ватандӯст, сокинони маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ бунёд шудаанд ва ин тамоюли созанда солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияи Мурғоб 6 майдончаи нави варзишӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ маҳсули ташаббуси созанда ва саҳми бевоситаи сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия мебошанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори давлатӣ амалӣ гардиданд. Ин иқдоми фарогири стратегӣ гувоҳи равшани муттаҳидии ҷомеа ва неруҳои созанда вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат баҳри ободонии минтақаҳои марзӣ мебошад.
Раиси ноҳия бо камоли фараҳмандӣ таъкид намуд, ки ифтитоҳи ин майдончаҳои варзишӣ аз он ҷиҳат хеле муҳим ва саривақтӣ аст, ки ноҳияи Мурғоб дар сарҳади 3 давлат қарор дорад ва ин иншоот пойдевори устувори таҳкими амнияти маънавӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии насли ояндасоз ба шумор мераванд.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бошад, дар маркази ноҳия мағозаи дуошёнаи замонавӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Оишабону» ва дар деҳоти Аличор, Қизилработ ва Қарақул марказҳои муосири савдо дарҳои худро ба рӯйи сокинон боз намуданд. Дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок намуд. Ин иншооти муосир барои сокинони ноҳия аҳамияти хоси иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, кафолати беҳтар шудани сифати зиндагӣ мебошанд.
Дар доираи таҷлили Ҷашни фархунда дар ноҳия, ҳамчунин, дар деҳоти Рангкӯл муассисаи томактабӣ барои 35 кӯдак ва деҳаи Булункӯл барои 30 кӯдак ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи онҳо раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Музаффарзода ширкат варзиданд.
27-уми сентябри соли 2026 дар таърихи рушди соҳаи маорифи ноҳия ҳамчун як рӯзи муҳим ва саҳифаи нав сабт гардид. Дар ин рӯз бо дуои хайр ва иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ду муассисаи муосири томактабӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб барои 100 кӯдак ва деҳоти Аличор барои 60 кӯдак расман ба фаъолият оғоз намуданд.
Имрӯз Мурғоб дар партави ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ симои худро комилан дигар карда, барои ояндаи дурахшони ҷавонони ин ноҳияи баландкӯҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раҳмон ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»