Захираҳои маъдании Тоҷикистон заминаи муҳими рушди саноати кишвар ба шумор мераванд. Аммо самаранокии иқтисодии истихроҷ танҳо бо ҳаҷми ашёи хоми бадастомада маҳдуд намешавад. Дараҷаи коркарди маъдан, ҷудокунии металлҳои ҳамроҳ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда аҳамияти бештар доранд. Аз ин рӯ, тавсеаи занҷираи истеҳсолӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти ниҳоии ватанӣ аз масъалаҳои калидии ин соҳа мебошад.
Дар шароити татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ин масъала аҳамияти бештар пайдо мекунад. Коркарди амиқи маъдан метавонад доираи маҳсулоти саноатиро васеъ карда, имкониятҳои содиротиро зиёд намояд. Аммо барои расидан ба ин натиҷа иқтидорҳои нав бояд бо захираи кофии ашёи хом, технологияи мувофиқ ва бозори фурӯш таъмин бошанд.
БАРНОМАИ НАВ, НИШОНДИҲАНДАҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ ИҶРО
Барои амалисозии банди 25 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) муайянгардида, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия карда, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намудааст.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, дар он ҷалби 4,23 миллиард сомонӣ сармоя, таъсиси 13 корхонаи бузурги истеҳсолӣ ва 3250 ҷойи нави корӣ дар назар буда, ҳаҷми маҳсулоти соҳа бояд аз 26,9 миллиард сомонӣ то 39,9 миллиард сомонӣ расонда шавад. Амалисозии Барнома ба рушди истеҳсол ва ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим, афзоиши иқтидори истеҳсолии соҳа, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ, баланд бардоштани арзиши иловашудаи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат хоҳад кард.
МЕТАЛЛҲОИ ҲАМРОҲ ВА АРЗИШИ МАҲСУЛОТИ СУРБ
Тавре аз суҳбат ва таҳлилҳои мутахассисони соҳа маълум гашт, яке аз масъалаҳои муҳими соҳа истифодаи пурраи ҷузъҳои муфиди таркиби маъдан мебошад, зеро як қисми корхонаҳо то ҳол маҳсулотро дар шакли консентрат, металли омехтадор ё ниммаҳсулот мебароранд.
Дар ин бора сардори раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав Абубакр Пиров чунин гуфт:
– Дар таркиби сурбе, ки дар корхонаи ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» истеҳсол мешавад, 96,5 дарсад сурб, 1 дарсад мис, 0,5 дарсад висмут, 0,2 дарсад сурма ва миқдори муайяни дигар металлҳои ранга мавҷуд аст. Чунин таркиб зарурати омӯзиши имкониятҳои ҷудо ва коркард намудани металлҳои ҳамроҳро ба миён меорад. Дар сурати ба маҳсулоти алоҳида табдил додани ин унсурҳо, корхона метавонад аз як навъи ашёи хом чанд намуди маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ истеҳсол намояд.
Ба гуфтаи Абубакр Пиров, лоиҳаи коркарди маҳсулоти сурбӣ истеҳсоли солонаи 30 ҳазор тонна сурби электролитӣ, 50 тонна нуқраи электролитӣ ва 600 тонна шлами мисдорро пешбинӣ менамояд. Барои татбиқи лоиҳа 42,6 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карда шуд.
Самаранокии лоиҳа аз он вобаста аст, ки ашёи хоми мавҷуда то кадом андоза ба талаботи технологии истеҳсолоти нав ҷавобгӯ мебошад, ҷудокунии металлҳо чӣ қадар хароҷот талаб мекунад ва маҳсулоти ниҳоӣ дар кадом бозорҳо фурӯхта мешавад. Аз ин рӯ, ҳисоб кардани арзиши металлҳои бадастомада, талафот дар ҷараёни коркард ва хароҷоти истеҳсолӣ барои муайян кардани фоидаи воқеии лоиҳа зарур аст.
ТАҶРИБАИ КОРХОНАҲО ВА НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ
Дар ҷумҳурӣ иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулоти маъданӣ ва металлургӣ фаъолият доранд. ҶДММ КМ «Зарафшон» тайи нуҳ моҳи соли равон беш аз 4347 тонна миси катодӣ истеҳсол кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1350 тонна бештар аст. Ин нишондиҳанда аз мавҷудияти иқтидори истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ дар дохили кишвар шаҳодат медиҳад. Абубакр Пиров иттилоъ дод, ки дар корхонаи металлургии миси ҶДММ КМ «Зарафшон» технологияи пешрафтаи ҷоҳонӣ дар соҳаи оксидшавии автоклавии металлургӣ истифода шуда, бо ин роҳ консентрати мис коркард карда мешавад.
Ба маълумоти Абубакр Пиров, имрӯз Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сурма мавқеи намоён дорад. Дар шароити афзоиши талабот ба сурма дар саноати энергетика, кимиё ва электроника ин самт яке аз самтҳои пурдурнамои соҳа мебошад. Ширкати металлургии «Анзоб» соли гузашта ба маблағи 5,3 миллиард сомонӣ маҳсулот дар шакли сурмаи металлӣ истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,8 баробар зиёд мебошад. Корхонаи ғанигардонии «ТАЛКО Голд» бошад, иқтидори коркарди то 1,5 миллион тонна маъданро дар як сол дорад.
7-уми июли соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд»-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор аҳамияти муҳим дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»