Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, ба тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ бо иштироки муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои марбута ҷаласаи корӣ баргузор кард. Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят дар давоми 10 моҳи соли 2026, аз ҷумла рушди кишоварзӣ, саноат, сохтмон, иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои сафари ҳайати намояндагони вилояти Хатлон ба вилояти Новосибирски Федератсияи Россия ва иштироки онҳо дар форуми кишоварзии ин вилоят низ муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар давоми 10 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиарду 250 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Суръати рушди соҳа 15,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 76 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон, масоили вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ, чорводорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба мавсими кишти тирамоҳию баҳорӣ баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар 10 моҳи соли 2026 ба 42,5 миллиард сомонӣ расида, суръати рушд 8,3 банди фоизиро ташкил додааст.
Иттиллоъ дода шуд, ки дар солҳои 2022 – 2026 дар вилоят 707 иншооти соҳаи маориф бо 5353 синфхона барои 267 ҳазору 650 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Давлаталӣ Саид ба масъулони соҳаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, тақвияти фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ, иҷрои босифати нақшаҳои пешбинишуда ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
ЧИНОР. ОБОДОНӢ АЗ ИҚДОМИ СОКИНОН ОҒОЗ МЕЁБАД