Давлат барои рушд ва гузариш ба рақамикунонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Мо бояд талош намоем, ки хизматрасониҳои молиявӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорати рақамиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ созем.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ҲАДАФҲОИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) зинаи асосии низоми тандурустӣ буда, дар меҳвари он тибби оилавӣ қарор дорад: шаҳрванд маҳз ба табиби оилавӣ ё ҳамшираи тибби оилавӣ бори аввал барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат мекунад; аз муоинаҳои пешгирикунанда ва эмгузаронӣ мегузарад ва таҳти назорати табиб қарор мегирад. Шабакаи муассисаҳои КАТС – бунгоҳҳои саломатӣ, марказҳои саломатии деҳот, ноҳияву шаҳрҳо – зиёда аз 75 фоизи шумораи умумии муассисаҳои тиббии низоми тандурустии кишварро ташкил медиҳанд. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмини дастрасии наздики хизматрасониҳои тиббиро барои ҳамаи сокинони кишвар афзалият мешуморад. Такмилу таҳкими ин зинаи тандурустӣ, зиёд намудани ҳаҷм ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои тиббӣ заминаи ислоҳот ва ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ мебошад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ ва «зеҳни сунъӣ» идоракунии самараноки ин зина бидуни истифодаи воситаҳои муосири компютерӣ дар ташкили кумаки тиббӣ, беҳсозии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, коҳиш додани шаклҳои коғазии ҳуҷҷатгузорӣ ва дастрас намудани маълумоти боэътимод оид ба аҳолии вобас-ташуда, ҳаҷм ва натиҷаҳои кумаки расондашуда имконнопазир аст. Ҳамаи ин раванди ташаккули тандурустии рақамиро ифода мекунад.
Ҳадафи рақамикунонӣ танҳо бо таҷҳизоти компютерӣ таъмин намудани муассисаҳо нест, балки гузариши ҳатмӣ аз баҳисобгирии парокандаи коғазӣ ба муҳити ягона, ҳифзшуда ва боэътимоди иттилоотӣ мебошад.
АСОСНОККУНИИ ЗАРУРАТИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Ислоҳоти КАТС такмили механизмҳои маблағгузории сарикасиро пешбинӣ менамояд, ки дар он ҳаҷми маблағҳои ҷудошаванда аз рӯйи шумораи аҳолии вобасташуда, хусусиятҳои демографии он ва натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳо муайян карда мешавад. Фаъолияти чунин модел бидуни махзани боэътимоди маълумот имконнопазир аст. Тавре сармутахассис оид ба рақамикунонии тандурустии лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» Ҳасан Ҳусейнов зикр намуд: «Маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ ва беморшавӣ барои мутахассисоне зарур аст, ки хариди стратегии хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳисобкунии маблағгузориро анҷом медиҳанд. Платформаи рақамӣ дастрас намудани ин маълумотро дар сатҳи кишвар ва ноҳияҳо таъмин мекунад, дар ҳоле ки худи ҳисобкунӣ тавассути низоми алоҳида анҷом дода мешавад».
НАҚШИ ЛОИҲАИ «МИЛЛАТИ СОЛИМИ ТОҶИКИСТОН»
Лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Лоиҳа ба дастгирии ислоҳоти низоми тандурустӣ бо таваҷҷуҳи махсус ба рушди КАТС, таҳаввулоти рақамӣ ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода равона шудааст.
Пеш аз таҳияи платформаҳо, талабот ба онҳоро гурӯҳи байналмилалии Grant Thornton таҳлил намуд. Супоришҳои техникиро дар асоси натиҷаҳои ин таҳлил мутахассисони худи лоиҳа омода карданд. Ба гуфтаи Ҳасан Ҳусейнов, кор танҳо бо таҳлили ҳуҷҷатҳо маҳдуд набуд: «Вохӯриҳои байниидоравӣ ва боздидҳо аз дармонгоҳҳо баргузор шуданд».
Тадбирҳо дар самти «Рақамикунонӣ ва навсозии инфрасохтори шабакаи КАТС» чор самтро фаро мегиранд: таҳия ва ҷорӣ намудани платформаҳои калидии рақамӣ; дастгирии маблағгузории сарикасӣ; навсозии инфрасохтор; баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандони тандурустӣ. Дар доираи ин самти лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» таъсиси феҳристи электронии беморон (ФЭБ) пешбинӣ шудааст, ки махзани рақамии маълумот дар бораи аҳолӣ буда, ҷойгузини китобҳои коғазии баҳисобгирӣ мегардад. Ҳангоми муроҷиати бемор маълумоти ӯ дар бахши бақайдгирӣ ба низом ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо роҳхат низ тартиб дода мешавад. Феҳрист бо низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ҳамгиро мегардад. Пайвастшавӣ бо САҲШ, пеш аз ҳама, барои дастрас намудани маълумот оид ба таваллуд ва фавт зарур буда, ин шарт аз ибтидо пешбинӣ шудааст. Тавре мутахассиси лоиҳа Ҳасан Ҳусейнов таъкид намуд: «Ин майдони ҳатмии маълумот аст, ки ҳанӯз пеш аз оғози лоиҳа пешбинӣ шуда буд. Он, ҳамчунин, яке аз нишондиҳандаҳои мост».
Қобили зикр аст, ки ҳангоми ворид намудани рақами инфиродӣ ё маълумоти шиноснома майдонҳои дахлдор ба таври худкор пур мешаванд. Ин сарфи меҳнати кормандони бахши бақайдгириро кам карда, такроршавии маълумотро пешгирӣ менамояд, зеро ба ҷойи якчанд махзани пароканда махзани ягона ташаккул меёбад. Дар айни замон ФЭБ таҳия шуда, низом дар марҳалаи санҷиш ва ҷорӣ намудан қарор дорад. Ин марҳалаи аввали кор буд.
Ба гуфтаи Ҳасан Ҳусейнов, омодасозии платформа ба марҳалаи ниҳоӣ расидааст: «Мо феҳристи электронии беморонро таҳия кардем. Ҳоло дар марҳалаи санҷиш ва ҷорӣ намудани он қарор дорем. Ба наздикӣ омӯзиши мутахассисоне оғоз мешавад, ки бевосита бо платформа кор хоҳанд кард. Айни замон корҳо хеле фаъолона ҷараён доранд».
Ҳоло марҳалаи дуюм – таъмини муассисаҳои тиббии озмоишӣ бо таҷҳизот, ба анҷом мерасад. Ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотӣ дар муассисаҳое, ки техникаи компютерӣ, таъминоти устувори барқ ва дастрасӣ ба интернет надоранд, имконнопазир аст. Дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» барои муҷаҳҳаз намудани марказҳои саломатии шаҳрӣ ва деҳотии ноҳияҳои озмоишӣ, дар маҷмуъ, 1122 адад техникаи компютерӣ, аз ҷумла 836 ноутбук ва 286 моноблок харид шудааст. Илова бар ин, 450 дастгоҳи бисёрвазифа, 286 манбаи таъминоти бефосилаи барқ, 286 устуворкунандаи шиддати барқ ва 1124 полояндаи шабакаи барқ пешбинӣ шудаанд.
Манбаъҳои таъминоти бефосилаи барқ, устуворкунандаҳои шиддат ва полояндаҳои шабакавӣ бо назардошти ноустувории таъминоти барқ дар ноҳияҳо ва эҳтимоли аз меъёр дур шудани шиддати барқ заруранд.
Ҳасан Ҳусейнов таъкид намуд, ки ҳангоми интихоби маҷмуи таҷҳизот шароити маҳаллӣ ба назар гирифта шудааст: «Дар ноҳияҳо таъминоти барқ ноустувор аст. Дар шиддати барқ низ фарқиятҳо вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, барои он ки таҷҳизот муддати дароз хизмат кунад, мо полояндаи шабакавӣ пешниҳод мекунем. Аз он пайвастшавӣ ба UPS ва устуворкунандаи шиддат сурат мегирад, то онҳо тағйироти ногаҳонии шиддатро танзим кунанд».
Ҳамзамон, пайваст намудани муассисаҳо ба интернет амалӣ мегардад. Ин ба муассисаҳои деҳот имкон медиҳад, ки машваратҳои телетиббӣ баргузор намуда, дастрасиро ба хизматрасониҳои КАТС беҳтар созанд. Сипас, дар марҳалаи сеюм, омӯзиши кормандони тиб пешбинӣ шудааст. Ду навъи омӯзиш ба нақша гирифта шудааст: омӯзиши малакаҳои ибтидоии кор бо компютер, яъне ба кор даровардани таҷҳизот, ворид шудан ба низом ва кор дар он ва омӯзиши истифодаи бевоситаи платформа. Омӯзиш аз кормандони бахши бақайдгирӣ, пеш аз ҳама, ҳамшираҳои тиббӣ оғоз мешавад. Бо назардошти сарбории кории онҳо, аз ҳар муассиса дунафарӣ ҷалб гардида, фарогирии тахминӣ тақрибан 400 мутахассисро ташкил медиҳад.
Барои кор бо корти электронии тиббӣ лоиҳа тренеронеро омода менамояд, ки минбаъд ҳамкорони худро дар маҳалҳо омӯзонанд.
Дар марҳалаи чоруми ниҳоӣ ҷорӣ намудани низоми ФЭБ дар минтақаҳои пешсафи татбиқи ислоҳот – Душанбе ва ҳашт шаҳру ноҳияи вилояти Суғд: Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Мастчоҳ, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич ва Айнӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи озмоишӣ фаъолияти муассисаҳоро бо низомҳо ва таҷҳизоти нав, оғози воридшавии маълумот ва таҳлили вазъи воқеӣ дар бар мегирад. Платформаҳо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷойгир карда мешаванд. Иқтидори пешбинишудаи онҳо имкон медиҳад, ки минбаъд ҷорӣ намудани ФЭБ дар сатҳи миллӣ густариш дода шавад.
ҶОРӢ НАМУДАНИ ФЕҲРИСТИ ЭЛЕКТРОНИИ БЕМОРОН ЧӢ ИМКОНИЯТ МЕДИҲАД?
Сабт дар феҳрист барои шаҳрвандон ҷиҳати вобастагии дуруст ба муассисаи тиббӣ ва нигоҳ доштани таърихи муроҷиатҳо, ҳангоми аз як табиб ба табиби дигар гузаштан, мусоидат мекунад. Барои табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ бошад, кам шудани ҳаҷми пуркунии дастии ҳуҷҷатҳоро таъмин месозад. Барои роҳбарон ин дастрасӣ ба тасвири воқеии фаъолияти муассиса мебошад. Барои давлат фаъолияти ин система маълумоти боэътимод барои банақшагирӣ ва вокуниши саривақтӣ ба мушкилот, аз ҷумла таҳдидҳои эпидемикӣ мебошад. Рақамикунонӣ ҷойи табиб- ро намегирад, балки вақти ӯро барои кор бо бемор бештар мекунад. Ба гуфтаи Ҳасан Ҳусейнов, бартарии асосӣ автоматикунонӣ мебошад: «Пеш аз ҳама, ин автоматикунонии равандҳост. Яъне, гузариш аз ҳомилҳои коғазӣ, масалан ҳамин китобҳои баҳисобгирӣ, ба шакли рақамӣ».
Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» танҳо бо таъсиси феҳристи электронии беморон маҳдуд намешавад. Лоиҳа, ҳамчунин, таъсиси корти электронии тиббӣ (КЭТ)-ро дастгирӣ менамояд. Дар корти электронӣ муроҷиатҳо, ташхисҳо, таъиноти тиббӣ, натиҷаҳои муоинаҳои скринингӣ ва маълумот оид ба эмгузаронӣ сабт хоҳанд шуд. Низом бо назардошти осон намудани фаъолияти ҳаррӯзаи табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ, инчунин, таъмини мубодилаи маълумот бо дигар низомҳои иттилоотии тандурустӣ тарҳрезӣ мешавад. Стандартҳои ягонаи пешниҳоди маълумот дар тамоми шабакаи КАТС имкон медиҳанд, ки оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои тиббӣ иттилооти боэътимод дастрас гардад. Истифодаи корти электронии бемор қадами муҳим дар роҳи ҷорӣ намудани стандартҳои муосири хизматрасонии тиббӣ мебошад.
Бо назардошти он ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» такмили механизмҳои идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад, дар доираи раванди рақамикунонӣ лавҳаи иттилоотии идоракунии КАТС ва феҳристи электронии муассисаҳо таъсис дода мешаванд. Ин восита барои роҳбарон пешбинӣ шудааст. Ба феҳрист ҳамаи муассисаҳои зинаи аввалия бо маълумот оид ба масоҳат, шумораи ҳуҷраҳо ва табибон, вазъи таъминот бо об ва барқ ворид мешаванд. Маълумот дар бораи кадрҳо аз феҳристи кадрҳо дастрас мешавад. Маълумоти дигарро худи муассисаҳо ҳар семоҳа ё нимсола як маротиба ворид хоҳанд кард. Лавҳаи иттилоотӣ ба роҳбарияти Вазорат имкон медиҳад, ки вазъи шабакаро арзёбӣ намуда, нишондиҳандаҳои муассисаҳо ва минтақаҳоро муқоиса кунад. Он, ҳамчунин, мониторингро дар доираи барномаи аккредитатсия таъмин менамояд.
Барои идоракунии фаврӣ воситаи таҳлили зеҳнии маълумот – Business Intelligence (BI) низ истифода мешавад. Он платформаи алоҳида набуда, махзани маълумоти аз се низоми зикр- шуда воридшавандаро дар бар мегирад. Тавре Ҳасан Ҳусейнов шарҳ дод: «Воситаи Business Intelligence барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот аз ҳамин се платформа пешбинӣ шудааст. Ҷамъбасти маълумот дар ҳамин сатҳ сурат мегирад. Он ҳамчун платформаи алоҳида набуда, ба сифати восита истифода мешавад».
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки ба таркиби ҳалли барномавӣ унсурҳои «зеҳни сунъӣ» ворид мешаванд, ки барои таҳлили ҳаҷми бузурги иттилоот истифода хоҳанд шуд. Ҳамаи низомҳо бо назардошти талаботи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва сирри тиббӣ тарҳрезӣ мегарданд.
Ҳамин тавр, лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» ҳамчун неруи пешбарандаи техникӣ ва молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияи давлатии рақамикунонӣ тавассути воситаҳои кории технологияҳои иттилоотӣ дар маҳалҳо мусоидат мекунад.
ХУЛОСА
Рақамикунонии КАТС кори дарозмуддат мебошад, вале заминаи он, аллакай, фароҳам оварда шудааст: талабот таҳлил гардида, таҷҳизот харид шудааст; феҳристи электронии беморон таҳия шуда, мавриди санҷиш қарор дорад ва барои омӯзиши кормандон омодагӣ идома дорад. Қадамҳои минбаъда, аз ҷумла ҳамгироӣ бо низоми САҲШ, ба кор даровардани кортҳои электронии тиббӣ ва густариши татбиқи озмоишӣ, расидан ба ҳадафи асосии ислоҳот – таъмини кумаки аввалияи тиббию санитарии дастрасу босифат, ҳар як сокини Тоҷикистонро наздиктар месозад.
Марифат АБДУЛЛАЕВА,
дотсенти кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тибби ДМТ,
номзади илмҳои тиббӣ