Ман 22 сол аст, ки перомуни моликияти қонунии худ баҳси судӣ дорам ва мутмаинам, ки дар ниҳоят адолати судӣ ғалаба карда, ҳақ ба ҳақдор мерасад. Аз ин хотир, тасмим гирифтам, ки арзи худро тавассути минбари баланди рӯзномаи “Ҷумҳурият” баён намоям, то мавриди таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ қарор гирад.
Баҳси мо атрофи 3,2 гектар замини қонунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дарё”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки инак, беш аз бист сол боз идома дорад. Аслан, ин баҳс кайҳо боз ба таври қонунӣ ҳал шуда буд, вале то ҳол Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул” дар шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи онро ба корхонаи мо намедиҳад. Бо ин сабаб, 3,2 гектар майдони корзори ҶДММ “Дарё” то ҳанӯз дар истифодаи каси дигар қарор дорад.
Ҳол он ки 3-юми сентябри соли 2002 суди иқтисодии вилояти Суғд оид ба вобаста намудани қитъаи замин ба масоҳати 3,2 гектар ба фоидаи ҶДММ «Дарё» ҳалнома баровардааст. Ҳамчунин, 17-уми феврали соли 2004-ум санади иҷрои ин ҳалнома дар доираи иҷрочиёни суди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмин гардид.
Пас аз ин, шахсони ба қитъаи замин ғайриқонунӣ соҳибшуда талош карданд, то бо ҳар роҳе истифодаи онро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд. Аммо боз адолат тантана кард. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми августи соли 2006 таъиноти суди иқтисодии вилоятро дар марҳалаи назоратӣ бекор намуда, ҳалномаи онро аз 3-юми сентябри соли 2002 бетағйир монд, зеро мутобиқи моддаи 4 Кодекси маданӣ ва моддаи 191 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаи қувваи қонунӣ пайдокарда дигарбора баррасӣ ё аз нав муайян карда намешавад. Санадҳое, ки баъдтар қабул мешаванд, ба муносибати бавуҷудомада татбиқ намегарданд.
Бо вуҷуди ин, зиёда аз 24 маротиба парванда дар марҳалаҳои гуногуни судӣ (суди иқтисодии вилояти Суғд, марҳалаи кассатсионӣ ва назоратии Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ) такроран баррасӣ гардидааст, ҳарчанд мутобиқи зербанди 1 ва 2 банди 1 моддаи 149 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ баррасии такрории як баҳс байни ҳамон тарафҳо оид ба ҳамон предмет ва бо ҳамон асос манъ аст.
Боз ҳам 17-уми сентябри соли 2021-ум суди иқтисодии вилоят Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул”-ро уҳдадор кард, ки санади бақайдгирии давлатиро иҷро намояд, вале дар натиҷаи шикояти назоратии тарафи дигар ҳалнома бекор карда шуд. Ҳамчунин, 23-юми майи соли 2022 парванда аз нав баррасӣ ва боз ба фоидаи ҶДММ «Дарё» ҳал шуд, аммо дар марҳалаи кассатсионӣ бекор гардида, ба баррасии нав фиристода шуд. Дар ин марҳала, судяе, ки бо сабаби мухолифати манфиатҳо аз ҷониби ман рад карда шуда буд, бидуни иштироки ман парвандаро баррасӣ намуда, талаби «Дарё»-ро рад намуд. Ин амал бо талаботи моддаи 21 КМИ ҶТ дар бораи нораво будани иштироки такрории судя мухолифат дорад.
Ба суди иқтисодии вилояти Суғд барои шаҳодатномаи истифодаи қитъаи замин ариза навиштам. Вале суди иқтисодии вилояти Суғд 17-уми декабри соли 2025 боз ҳалномаи ғайриқонунӣ қабулнамудаи судя Ҷ. Одиназодаро баҳона карда, аризаамро бо таъинот рад намуд, ки аслан ба масъала алоқамандӣ надорад.
Ба Суди Олии иқтисодӣ аз рӯйи ин таъинот суди иқтисодии вилоят аризаи шикоятии кассатсионӣ навиштам. Вале суд ҳалномаи 22-юми феврали 2022-юмро асос оварда, муроҷиати моро бебаррасӣ гузошт, ки ин ҳалнома низ ба баҳси мо ягон рабт надошт ва хилофи қонун буд.
Тибқи моддаҳои 15 ва 16 Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилот ва шахсони мансабдор ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро иҷро шаванд. Ҳамин муқаррарот бо моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳо» ва моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ки мутобиқи он санадҳое, ки берун аз доираи салоҳият қабул гардидаанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Қарорҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва кумитаи идораи замин, ки ба ҳамин қитъаи замин ба фоидаи шахсони сеюм шаҳодатнома додаанд, дар шароити мавҷудияти ҳалномаи судии эътибори қонунӣ доштаи «Дарё», (аз 3- юми сентябри соли 2002-юм ) мутобиқи моддаи 6 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз доираи салоҳият берун буда, қувваи ҳуқуқӣ надоранд.
Ҳамзамон, ҳуқуқи ҶДММ «Дарё» нисбат ба ин қитъаи замин, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба вуҷуд омадааст, мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур сарфи назар аз мавҷудияти қайди давлатӣ боэътибор дониста мешавад ва бақайдгирии он танҳо аз рӯйи хоҳиши дорандаи ҳуқуқ анҷом дода мешавад.
Дар иртибот ба ҳолату далелҳои зикршуда, бовар дорам, ки пас аз нашри матлаб дар рӯзнома мақомоти судӣ ва дигар ниҳодҳои марбута ба ин масъала баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода, адолат барқарор ва ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.
М. ҚОДИРОВ, директори ҶДММ «Дарё»