Баргашт Чоп кардан

“ЭҶОД ЧИСТ? ЭҶОДГАР КИСТ?” НАКҲАТИ ХИРАД ДАР КИТОБИ ШЕРАКИ ОРИЁН

Вақте ба мутолааи китобе шуруъ менамоям, пеши худ се ҳадаф мегузорам: якум, дониши нав гирифтан, дуюм, лаззати маънавӣ бардоштан, сеюм, вақтро дуруст истифода бурдан. Мутолааи китоби нави адиби маъруфи тоҷик Шераки Ориён “Эҷод чист? Эҷодгар кист?” ҳар се ҳадафи маро нишонрас кард. Китоб як эҷоди муъҷизабори эҷодгар дар бораи эҷодгарӣ буда барои аҳли ҳунару адаб таълиф гаштааст.
Артур Шопенгауэр ёдрас менамояд: “Истеъдод ба нишоне мерасад, ки дигарон ба ин ҳадаф расида натвонанд. Нобиға ба нишон ва ҳадафе мерасад, ки ин нишонро ҳеҷ кас то ҳанӯз надида”.
Ҳақ аст ва бояд зикр намоем, ки муаллиф ба ҳар ду нишон расида.
Аз китоби мазкур накҳати ҷонфизои ақл ва хиради олӣ меояд. Муаллиф дунёи рангин, зебо, вале пурмашаққати эҷодгаронро моҳирона ва оқилона тавсиф намуда, як асари сазовор барои хонданро таълиф намудааст.
Асари бадеӣ метавонад миллӣ ва башарӣ гардад. Метавонад дар доираи тасвир дар баёни проблемаҳои як миллат маҳдуд бимонад. Аммо вақте асар масъалаҳои башариро тавсиф менамояд, аз доираи миллат берун омада, моли маънавии ҷаҳониён мегардад. Ин ҳадаф танҳо дар вазъияте амалӣ мегардад, ки муаллиф тавонад аз доираи маҳдуди тасвири миллӣ берун омада, масъалаҳои аҳли башариро тавсиф намояд. Бидуни шак, ин китоби Шераки Ориён ба кулли башар тааллуқ дорад, зеро дар он проблемаи муҳими дунёи рангину пурранҷи ҳама эҷодгарони олам тавсиф ёфтааст. Муаллиф онро чун асари таълимӣ, тарбиявӣ ҳам офаридааст. Ин китоб барои ташаккули шахсият ва ғанигардонии маънавиёти ҳар як фард ҳамчун маводи муҳим ва роҳнамо хидмат мекунад.
Он аз чор ҷилд иборат аст. Ҳамчунин, баргузидаҳои ин чор ҷилд дар шакли китоби алоҳида бо номи «Ҳикоятҳо аз китобҳои «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» (Душанбе, соли 2023, чорсад саҳифа) рӯйи чопро дидааст.
Чизи дигар, ки боиси хушнудист, аз асар ба машом накҳати истиқлол меояд, зеро дар замони шуравӣ эҷод кардан ва, ҳамчунон, нашр намудани чунин асар ғайриимкон буд. Фазои миллӣ ва мустақилияти эҷодии ин даврон ба аҳли ҳунар илҳом мебахшад.
Таърих ва адабиёти порсии тоҷикӣ майдони муқаддаси эҷодӣ мебошад ва дар он ҷо саҳлангорӣ шармандагист. Дар чунин майдон танҳо савори моҳир аспсаворӣ карда тавонад. Чунин моҳирсавори беҳамто Шераки Ориён аст.
Чизи дигаре, ки аз китоб барои худ кашф намудам, ин аст, ки муаллифро на танҳо ҳамчун адиб, балки ҳамчун муҳаққиқи варзидаву дурбин ва файласуфмашраб дарёфтам. Ӯ дунёи рангини эҷодгаронро пажӯҳиш намуда, як асари арзандаи бадеӣ ва ҷолиби пажӯҳишии сатҳи ҷаҳонӣ офаридааст. Ин аст, ки он дар донишгоҳу донишкадаҳои шонздаҳ кишвари ҷаҳон ҳамчун китоби дарсӣ ва ё дастури таълимӣ истифода мешавад.
Ҳамчун хонанда барои эҷоди чунин асари гаронарзиш аз муаллиф, ки акнун баҳори мубораки 75-уми худро дар тирамоҳон пешвоз мегирад, сипосгузорем ва ба нашр расидани онро муборакбод мегӯем!
Рустам ҶУМЪАЕВ,
файласуф