Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОНРО НИГАР

Оқило, бо чашми заргар Тоҷикистонро нигар,
Ҳам ба чашми сирру сар ин боғу бӯстонро нигар.
Шуд Душанбе маркази аҳли тамаддунориё,
Маънии ирфонасоси насли инсонро нигар.
Парчамаш сардарфалак рамзи суботу давлат аст,
Ҷилвагар андар фазояш партавафшонро нигар.
Ранги сабзи парчамаш сарсабзию ободӣ аст,
Рамзи бахт испеду озодию алвонро нигар.
Авҷ дорад равнақу меъмории тарҳи навин,
Боварат гар нест, аз нав сабти кайҳонро нигар.
Даври давлатдории мо сар шуд аз оғози даҳр,
Рамзи олиҳайкале аз оли Сомонро нигар.
Ин Ватан шуд хонаи умеди форсу Ориё,
Эътиқод, арҷи муҳаббат, ҷамъи ёронро нигар.
Панду андарзи ниё сарчашмаи ақлу хирад,
Меҳвари фарҳангу ирфон, фатҳи ирфонро нигар.
Духтарон дар ҷилва бо атлас бубину бо чакан,
Хуш хиромон дар чаман товуси нозонро нигар.
Мардумон осуда андар коргаҳ саргарми кор,
Зиндагии бомуҳаббат, лутфу эҳсонро нигар.
Дӯстонанду бародар халқҳою қавмҳо,
Сулҳи мо гардида ибрат, аҳду паймонро нигар.
Аз нишоти обҳои ин Ватан хуш Созмон,
Аз барои ташналабҳо нӯшдармонро нигар.
Сабзаю себаргаю оби равони чашмаҳо,
Кӯҳсори сабзпӯшу абри найсонро нигар.
Кохи Наврӯз, арки Сомон, Қасри миллат, Шаҳсутун,
Аз ниёгон то кунун меъроҷи имконро нигар.
Илму ҳикмат, шаҳрдорӣ, санъати воло зи мост,
Аз Авасто, "Шоҳнома" фарри Дастонро нигар.
Шодии хурду калон дар кӯчаҳои пойтахт,
Сайқали сидқу садоқат, арҷи армонро нигар.
Бин, табиат офарад боғу гулу гулзорҳо,
Ҷаннати рӯи Замин, ин роҳати ҷонро нигар.
Меваҳои хушмаза аз боғҳои кӯҳу дашт,
Чун шавӣ меҳмон агар, серии ин хонро нигар.
Бӯйи наргис, бӯйи райҳону бунафша ҳар баҳор
Бар гули лола, сиёвуш ашки боронро нигар.
Ғамза карда оҳувонаш, қаҳқаҳи кабки дарӣ,
Дар хироми духтарон ҷавлони мурғонро нигар.
Эй Ниҳонӣ, ин ҳама аз файзи саъйи Пешвост,
Мактаби давлатфизои шоҳи давронро нигар.