Баргашт Чоп кардан

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НИЗОМИ РАМЗҲОИ МИЛЛӢ МАҚОМИ ХОС ДОРАД

Парчами давлатӣ дар низоми рамзҳои миллӣ мақоми хосса дошта, яке аз муҳимтарин нишонаҳои соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, ягонагии сиёсӣ ва ҳастии таърихии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи расмии давлатдорӣ, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, ҳувияти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад. Бо маънои васеи ҳакимона, парчам ифодаи худшиносии миллат, дарки сарнавишти муштарак ва иродаи мардум барои мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат аст. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ, дар асл, эҳтиром ба Ватан, истиқлол, таърих ва шарафи миллӣ мебошад.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Агар бо сароҳат ба ин сана назар афканем, фурсати муносибест, барои бознигарии арзишҳои давлатдории миллӣ, дарки моҳияти истиқлол ва тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат. Таҷлили ин Рӯз моро водор месозад, ки ба таърихи ташаккули рамзҳои миллӣ назар андозем, мақоми ҳуқуқии онҳоро дар низоми давлатдорӣ дарк намоем ва аҳамияти маънавии онҳоро барои наслҳои имрӯзу оянда муайян созем.
Дарки моҳияти Парчам, пеш аз ҳама, ба худшиносии миллӣ иртибот дорад. Миллате, ки таърихи худро мешиносад, аз арзишҳои фарҳангиаш огоҳ аст ва ба таҷрибаи гузашта арҷ мегузорад, метавонад дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро муайян намояд. Аммо худшиносӣ танҳо ифтихор аз гузашта нест. Он, ҳамчунин, дарки масъулият барои имрӯз ва ояндаи ҷомеа, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлатро фарогир аст.
Ин андеша дар ашъори шоирони тоҷик низ ба таври равшан инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, шоири тавоно Абдуҷаббори Суруш дар шеърҳои ба истиқлоли давлатӣ бахшидаи худ масъалаи давлатсозӣ ва худшиносиро бо мазмуни амиқи фалсафӣ ба миён мегузорад:
Кори осон нест давлат сохтан,
Парчами худро баланд афрохтан.
Дарки истиқлол кори саҳл нест,
Сахт душвор аст худ бишнохтан.
Ин мисраъҳо баёнгари ҳақиқати муҳими давлатдорӣ мебошанд: истиқлол танҳо ба даст овардани имконияти ҳуқуқии мустақилона давлат сохтан набуда, масъулияти бузургеро дар бар мегирад, ки ба ҳифз ва таҳкими он низ равона шудааст.
Яке аз масъалаҳои меҳварие, ки дар маънои рамзии Парчами давлатӣ ҷойгоҳи муҳим дорад, ваҳдати миллӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлол ва давлатдорӣ бе сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа наметавонанд устувор бошанд.
Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ рамзи сарнавишти муштараки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Он ҷомеаро ба ҳамзистии осоишта, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ даъват мекунад. Ваҳдати воқеӣ он гоҳ устувор мегардад, ки шаҳрвандон худро на танҳо сокини як ҳудуд, балки узви ҷомеаи ягонаи сиёсӣ ва дорои масъулияти муштарак дар назди давлат эҳсос намоянд.
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд муносибати шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ бояд бар асоси эҳтиром ба Конститутсия ва қонунгузорӣ ташаккул ёбад. Шаҳрвандро зарур аст, ки бо донишу маърифат, меҳнати ҳалол, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар эҳтироми амалии худро ба Парчами давлатӣ нишон диҳад. Ба ибораи дигар, агар Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ бошад, пас фаъолияти созанда ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мазмуни воқеии ин истиқлолро таъмин менамояд.
Дар ин замина, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳамияти махсус дорад. Оила, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Ҷавонон бояд на танҳо рангҳо ва унсурҳои Парчамро донанд, балки аз таърихи пайдоиш, мақоми конститутсионӣ ва маънои иҷтимоиву фалсафии он низ огоҳ бошанд.
Ҳамзамон, муҳим аст, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ бо арзишҳои ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла волоияти қонун, адолат, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон, пайванди ногусастанӣ дошта бошад.
Моҳияти аслии Парчам дар он аст, ки моро на танҳо ба ифтихор аз гузашта, балки ба масъулият барои имрӯз ва оянда даъват менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки гиромидошти Парчам аз эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободии он оғоз меёбад.
Усмоналӣ ХОЛИҚЗОДА,
прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон