Парчам ҳамчун мафҳум ҳикматҳои бузургеро фаро мегирад, ки ҳар кадом садҳо достон аст. Парчам ҳамеша сари баланд дорад, ягонагии мақсаду андеша аст, эҳсоси ифтихору муҳаббат аст. Вақте насиму бод мевазад, гӯё дар муқобили он истодагарӣ менамуда бошад. Парчам фалсафаи хоси худро соҳиб аст ва алвонҷу қадафрозиии он садҳо мазмун (ватандорӣ, иттиҳод, ягонагӣ, устуворӣ, эътимод, таърих, асолат, ваҳдат, ҳамраъйӣ, ҳамдилӣ, ҳувият ва ғайра)-ро ифода менамояд. Ин ҳам ҳикмати парчам аст, ки дар аксҳову рангҳои он асрори беохир нуҳуфта мебошад. Ин ҳам ҳикмати парчам аст, ки ҳар як нафар қаҳрамониву заҳматро барои худ анҷом медиҳад, аммо чун парчамро ба даст мегирад, як давлату миллату халқро муаррифӣ менамояд.
ДИРАФШИ ТОҶИКОН
Миллати тоҷик аз аҳди бостон парчамдору парчамбардор аст. Дирафш, ливо, байрақ, алам, роят ва дигар муродифоти он дар фарҳангу ҷаҳонбинии аҷдодони мо ибораҳои маъмуланд. Дар Авесто корбасти маъноии парчам ба назар расида, Фирдавсии бузург бо ҳикоят аз таърихи Аҷам парчамбардории Коваву Рустаму дигар қаҳрамононро ҳанӯз ҳазор сол қабл зикр кардааст. Аз он аҳди бостон то ба имрӯз Парчами мо ифтихору бузургиву ҳастии моро ҳикоят менамояд. Парчами мо дар замони соҳибистиқлолӣ хосияти миллии комил пайдо намуд ва давраи нави парчамдориамонро истиқлолият оғоз бахшид. Парчамро бӯсидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ сархати дирӯзу имрӯзу ояндаи ҷомеаи мо дар эҳтирому эътибори воқеии Парчами давлатӣ аст. Дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон қад афрохтааст. Ин Парчам паёми пайваста аз истиқлолу ваҳдату шукуфоии Тоҷикистони азиз аст. Дар маркази тамоми шаҳру навоҳии кишвар Парчами давлатӣ афрохта аст ва ин аввалин мужда аз осудагии имрӯзаи халқи дар масири таърих ҷафодида мебошад.
ПАРЧАМИ НЕКӢ
Дар ин росто, чизе инкору мазаммат намегардад, вале беҳтарин парчам он аст, ки агар рангҳои мақбул ва ифодасози некиро дошта бошад. Офтоб, ситораҳо, қуллаҳо ва монанди ин дар парчамҳо аз инсондӯстиву некӣ дарак медиҳанд. Парчамҳо низ зебогии ботиниву маънавӣ доранд. Аксҳое, ки ифодасози заҳмату талош аз осудагиву меҳнати садоқатмандона мебошанд, аз як навъ масъулият дарак медиҳанд. Рангҳои аҳмариву сафеду сабзи Парчами мо дар баробари мазмунҳои васеи дигар, далолат аз уфуқҳои васеи олами ботинии инсон мебошанд. Ҳифзи Ватан дар роҳи ватандорӣ, дилу нияти софу пок дар роҳи сулҳу сафо ва дар пайи шукӯфоӣ қадам ниҳодан аз ҷумлаи он уфуқҳост. Тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари ранги сафед аз таърихдории мо дар пояи нангу номус дарак медиҳад.
Парчам рамзи ифтихор, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифгари миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад. Ҷилваи он дар минбарҳои баланд мужда аз ҳастии дирӯзаву имрӯзаву ояндаи давомдори тоҷикон аст.
РАМЗИ АБАДИЯТ
Абадияти ин Парчам абадияти Тоҷикистон аст ва абадияти Тоҷикистон абадияти Парчами он аст. Ҳама заҳмату талоши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳамин ҳадаф нигаронда шудааст. Ин абадият бошад, заҳмат, садоқат, муҳаббат ва самимият дар роҳи шукуфоии Ватан аст. Парчами мо – рамзи ҳастии мо, мояи ифтихор ва нишонаи сарбаландии миллати тоҷик буда, эҳтироми он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, зеро Парчам иттиҳодро нишон дода, ягонагиву мақсаду ҳадафҳои миллати моро бозгӯ менамояд. Эҳтироми Парчам сархати тамоми эҳтиромҳо ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад. Хушбахтиву саодати миллати тоҷик аст, ки қатъи назар аз ноадолатиҳои таърих фурӯ нарехт ва имрӯз аз миёни чандин ҳазор халқу миллатҳои сайёра соҳибпарчам аст. Парчаму парчамдорӣ сояи худро дорад ва зери ин соя одамон осоишу осудагии худро дармеёбанд, ки имрӯз миллати тоҷик онро дар мисоли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дарёфтааст.
Бахтиёр ҲОШИМЗОДА,
декани факултети журналистикаи ДМТ, профессор