Парчами миллӣ ифодаю тасдиқи нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик буда, эҳсоси ватандорию ватанпарастӣ, худшиносию худогоҳии миллии ҳар як фардро баланд мебардорад ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи моро исбот менамояд.
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу манзалати хос ҷашн гирифта мешавад, ки он боиси ифтихори ҳар як соҳибватан мебошад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи дарки муҳаббату садоқати ҳар яки мо ба давлатдории миллӣ буда, мардуми сарбаланду меҳнатқарини диёр зери ливои муқаддаси давлати худ дар тамоми ҷодаҳои хоҷагии халқ шарафмандона кору фаъолият менамоянд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад. Оини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидона дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад».
Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадимтарин ба парчам эътиқоди бузург доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Дар парчамҳои аввалини башар тасвирҳои ҳайвону парандагон, аз қабили шер, аждаҳо, уқоб, мор ва ғайра, мунъакис мегардиданд, ки рамзҳои гуногунро ифода мекарданд ва онҳо дар давраҳои қадим бештар бо амалиёти ҷангӣ пайвастагӣ доштанд. Дар Парчами Куруши Кабир уқоб акс ёфтааст, ки он қудрату тавоноии давлатро бозгӯ мекард. Ҳамчунин, Парчами Коваи оҳангар, ки аз пешдомани чармин бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, бандҳои ороишии сурху зарду бунафш ороста шуда, Дирафши коваёнӣ ном дошт, нишонаи ҷоннисориҳои аҷдодони сарбаланду меҳанпарасти гузаштаи мо мебошад.
Парчами мо реша дар таърихи куҳани миллӣ дошта, мувофиқи далелҳои сарчашмаҳои муътамади илмию таърихӣ, аз ҷумла китобҳои қадимии «Авесто» ва «Таърихи Табарӣ», умри пурбаракату пандомӯзи он ба 7000 сол мерасад.
Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Дирафши коваёнӣ муддати тулонӣ барои халқи сарбаланди мо мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 1924 Парчами мо сурхи якранг буд. Дар канори чапи он акси досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти бо хатти арабиасоси форсӣ – «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!»-ро ҷой дода буданд. Соли 1953 сохтори Парчами мо қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх, дар миён ду хатти нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷой доштанд. Чунин тарҳи Парчами Тоҷикистони шуравӣ то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами имрӯза, ки бо рангҳои сурх ва сафеду сабз парафшонӣ дорад, моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум даъват мекунад. Ҳоло Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳидро оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд.
Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд, ки ин муқаддас будани Парчамро нишон медиҳад.
Инчунин, Парчам ба ифтихори пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ, варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад, ки ифтихори миллиро бозгӯст.
Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон