Баргашт Чоп кардан

АЗ ИМКОНИЯТ ТО НАТИҶА. ЗАНОН ДАР ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ занони тоҷик дар баробари мардон дар рушди иқтисоди миллӣ, пешбурди соҳибкорӣ, идоракунии давлат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Дастгирии давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занон заминаи мусоидро барои рушди фаъолияти касбӣ ва иқтисодии онҳо муҳайё кардааст.
Дар натиҷаи таъмини давлатии заминаҳои рушд, аз ҷумла соҳибкории занон имрӯз яке аз самтҳои муҳими рушди бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии оилаҳо маҳсуб меёбад. Занони тоҷик дар соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ, истеҳсолот, ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, дар рушди иқтисод саҳм мегузоранд.
Ба иттилои Шаҳло Ҳасанзода, мудири шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оила, шумораи занони соҳибкор дар кишвар то нимаи соли 2026 ба 109 ҳазору 254 нафар расидааст. Ҳамчунин, аз 183 ҳазору 640 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ тақрибан 53 ҳазору 79 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ин рақам нақши муҳими онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ инъикос мекунад.
Яке аз соҳибкорзанони фаъол Сафаргул Шарифова, узви Шурои соҳибкорзанони шаҳри Душанбе ва роҳбари ҶДММ «Шаҳзода», фаъолияти худро соли 2003 оғоз кардааст. Ӯ дар ин муддат тавонистааст фаъолияти соҳибкориашро густариш диҳад.
Ба андешаи ӯ, соҳибкорӣ танҳо воситаи ба даст овардани даромад нест, балки имкониятест барои хизмат ба мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар.
Мавриди таъкид аст, ки солҳои охир фаъолнокии занони деҳот низ рӯ ба афзоиш оварда, онҳо имрӯз дар кишту парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосил, чорводорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пешбурди хоҷагиҳои деҳқонӣ нақши муҳим доранд. Тибқи маълумоти расмӣ, аз шумораи умумии аҳолии дорои қувваи корӣ 2 миллиону 152 ҳазору 231 нафар дар деҳот зиндагӣ мекунад.
Бо вуҷуди саҳми назарраси занони деҳот, дастрасии онҳо ба замин, техникаи кишоварзӣ, обёрии самаранок, суғурта ва қарзҳои дастрас ҳанӯз аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар бисёр мавридҳо занон дар истеҳсоли маҳсулот иштирок мекунанд, аммо имконияти кофӣ барои коркард, бастабандӣ ва фурӯши мустақими онро надоранд.
Ташкили коргоҳҳои хурди коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маҳсулоти хушк, таъсиси кооперативҳо ва истифодаи платформаҳои электронӣ метавонанд ба афзоиши даромади занони деҳот мусоидат кунанд. Муҳим аст, ки онҳо на танҳо ҳамчун қувваи корӣ, балки ҳамчун истеҳсолкунанда, роҳбари хоҷагӣ ва соҳибкори мустақил низ дастгирӣ ёбанд.
Умуман боиқрор бояд гуфт, ки бо вуҷуди имкониятҳои мавҷуда, қисми занону духтарон ҳанӯз наметавонанд дар бозори меҳнат ҷойи муносиб пайдо кунанд. Нокифоя будани малакаҳои касбӣ, маҳдуд будани ҷойи кор дар маҳалҳои дурдаст, масъулиятҳои оилавӣ ва дастрасии нобаробар ба таҳсилоти касбӣ аз омилҳои асосии ин вазъ мебошанд. Аз ин рӯ, тавсеаи курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, муҳосибӣ, маркетинг, забонҳои хориҷӣ ва савдои электронӣ метавонанд рақобатпазирии занонро дар бозори меҳнат баланд бардорад.
Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳо ва соҳибкорон низ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди муосир муҳим аст. Дар баробари ин, рушди хизматрасониҳои нигоҳубини кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии кору оила метавонад иштироки занонро дар фаъолияти иқтисодӣ боз ҳам бештар афзоиш диҳад.
Барои ин, пеш аз ҳама ҷиҳати истифодаи самараноки неруи иқтисодии занон андешидани тадбирҳои иловагии муассир зарур аст.
Махсусан ташкили коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар деҳот густариши савдои электронӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамоҳангсозии кору оила аҳамияти калон дорад. Баланд бардоштани иштироки занон дар идоракунӣ низ бояд аз рушди малакаҳои роҳбарӣ, омодасозии кадрҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои воқеӣ барои иштироки онҳо дар қабули қарорҳо иборат бошад.
Рақамҳо ва таҷрибаи занони соҳибкор нишон медиҳанд, ки онҳо қисми муҳими захираҳои меҳнатии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин рӯ, вазифаи асосӣ фароҳам овардани муҳитест, ки дар он ҳар як зан, новобаста ба маҳали зист ва вазъи иҷтимоӣ, тавонад қобилияту дониши худро амалӣ созад. Дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, сармоя, технология, бозори меҳнат ва имкониятҳои роҳбарӣ бояд ба натиҷаҳои мушаххаси иқтисодӣ табдил ёбад. Танҳо дар чунин шароит неруи созандаи занон метавонад ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими некуаҳволии оилаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар табдил ёбад.
М.МУҚАДДАМОВА, "ҶУМҲУРИЯТ"