Қаҳрамони мо Амирҳамза Муҳиддинов, табиб-ҷарроҳи беморхонаи «Балх», ба наздикӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсияи «Беҳтарин табиби офталмолог» ғолиб дониста шуд.
Ӯ фаъолияти касбии худро ба ҳифзи яке аз нозуктарин узвҳои инсон бахшида, дар самти ҷарроҳии муосири чашм, бахусус бемориҳои шабакия ва ҷисми шишамонанд, таҷрибаи назаррас андӯхтааст. Барои Амирҳамза табибӣ танҳо касб нест, балки рисолати зиндагӣ ва имкони баргардондани умед ба инсонҳост.
Роҳи касбии ӯ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оғоз ёфтааст. Пас аз хатми Донишгоҳ интернатураро (солҳои 2015 – 2016) аз рӯйи ихтисоси офталмология ва ординатураи клиникиро (солҳои 2016 – 2018) дар ҳамин самт гузаштааст. Бо мақсади такмили дониш ва аз худ намудани усулҳои муосири ҷарроҳӣ, соли 2017 дар Ҳиндустон, дар «Jain Eye and Laser Hospital», омӯзиши усулҳои факоэмулсификатсияро фаро гирифта, соли 2023 дар шаҳри Москва оид ба ҳолатҳои мураккаби ҷарроҳии катаракта ва витреоретиналӣ, аз ҷумла «WET-LAB», такмили ихтисос намудааст. Ин марҳалаҳо барои ташаккули ӯ ҳамчун мутахассиси соҳаи ҷарроҳии мураккаби чашм заминаи муҳим гузоштанд. То имрӯз тақрибан 8 ҳазор амалиёти ҷарроҳии чашм анҷом додааст, аммо тавре худаш таъкид кард, шумораи амалиётҳо муҳим нест, балки сифати ҷарроҳӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва натиҷаи табобат меъёрҳои асосии фаъолияташ мебошанд.
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ ВА ЗАРУРАТИ РУШДИ ОФТАЛМОЛОГИЯИ МИЛЛӢ
Ба андешаи ӯ, офталмологияи муосир солҳои охир дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Технологияҳои ташхисӣ, аз қабили OCT, OCT-ангиография, ангиографияи флюорессеинӣ ва ултрасадои чашм, барои муайян кардани бемориҳои шабакия дар марҳалаҳои барвақт имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Ҳамзамон, истифодаи системаҳои муосири 25G ва 27G, дастгоҳҳои баландсуръати витрэктомия ва усулҳои нави эндотампонада имкониятҳои ҷарроҳии мураккаби чашмро бештар намудааст.
Албатта, имрӯз як қатор амалиёти мураккаби офталмологӣ дар дохили кишвар анҷом дода мешаванд. Бо вуҷуди ин, барои расидан ба сатҳи марказҳои пешрафтаи байналмилалӣ ҳанӯз корҳои зиёде анҷом бояд дод.
Ба таъкиди мусоҳиб, яке аз мушкилоти асосӣ норасоии мутахассисони дорои малакаи ҷарроҳии мураккаб, махсусан дар самти витреоретиналӣ, мебошад. Дастрасии маҳдуд ба таҷҳизоти муосир, арзиши баланди маводи ҷарроҳӣ ва имкониятҳои маҳдуди молиявии баъзе беморон низ аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Масъалаи дигар дер муроҷиат кардани беморон ба мутахассис аст. Бисёриҳо нишонаҳои аввалияи бемориҳои чашмро нодида гирифта, танҳо ҳангоми вазнин шудани ҳолат ба табибон муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ, дар самти баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва ташвиқи муоинаи саривақтии чашм низ кор бояд кард.
РУШДИ КАДРҲО – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ СОҲА
Яке аз масъалаҳое, ки Амирҳамза Муҳиддинов ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, омода намудани мутахассисони ҷавон мебошад. Ба андешаи ӯ, барои ташаккули ҷарроҳи мустақили витреоретиналӣ танҳо донишҳои назариявӣ кофӣ нестанд. Ин ихтисос таҷрибаи фаровони амалӣ, омӯзиш дар назди устодони соҳибтаҷриба, иштирок дар амалиётҳо ва кор бо таҷҳизоти муосирро талаб мекунад. Аз ин рӯ, таъсиси марказҳои махсуси омӯзиши ҷарроҳии витреоретиналӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар ва ҷорӣ намудани курсҳои такмили ихтисос аз иқдомҳои муҳим ба шумор мераванд.
Худи ӯ низ ба омӯзиши пайваста аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Омӯзиши адабиёти нави тиббӣ, мақолаҳои илмӣ, иштирок дар курсҳои такмили ихтисос ва аз худ намудани усулҳои нав қисми ҷудонашавандаи фаъолияти касбиаш мебошанд. Ба табибони ҷавоне, ки мехоҳанд роҳи офталмологияро интихоб кунанд, тавсия медиҳад, то ин касбро бо муҳаббат интихоб намуда, аз мушкилиҳо наҳаросанд, аз устодон омӯзанд, ба илм такя кунанд ва ҳеҷ гоҳ аз омӯзиш даст накашанд.
ЭЪТИРОФЕ, КИ МАСЪУЛИЯТИ НАВ МЕОРАД
Ғолиб омадан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» (номинатсияи «Беҳтарин табиби офталмолог») барои Амирҳамза на танҳо ифтихори шахсӣ, балки эътирофи меҳнати чандинсола ва масъулияти бештар дар назди ҷомеа мебошад. Ин дастовардро натиҷаи заҳмати муштарак, дастгирии устодон, ҳамкорон, роҳбарият, аҳли оила ва боварии беморон медонад.
Орзуи деринааш таъсиси маркази муосири офталмологӣ, омода намудани гурӯҳи ҷарроҳони ҷавон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ кардани усулҳои нави ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳадафи ниҳоӣ бошад, коҳиш додани сафарҳои беморон ба хориҷи кишвар ва дастрас намудани ёрии муосири офталмологии аз ҷиҳати молиявӣ арзон ба ҳар як ниёзманд мебошад, зеро тавре Амирҳамза Муҳиддинов таъкид мекунад, биноӣ неъмати бузург аст ва ҳифзи он набояд танҳо ба имкониятҳои молиявии инсон вобаста бошад.
Ҷоизаи «Беҳтарин табиби офталмолог» барои Амирҳамза Муҳиддинов оғози марҳалаи нави фаъолият, масъулият ва талошҳои бештар мебошад. Ӯ мехоҳад на танҳо ҳамчун ҷарроҳе шинохта шавад, ки ҳазорҳо амалиёт анҷом додааст, балки мутахассисе гардад, ки барои рушди ҷарроҳии муосири чашм дар Ватани худ замина гузорад ва ба насли ояндаи табибон роҳ кушояд.
Ориф ЁДГОРӢ, рӯзноманигор