Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс – Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мешавад.
Дар чорабиниҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону донишмандон ва ҳунармандони тоҷик иштирок менамоянд.
Барномаи чорабиниҳо фарогири конфронсҳои байналмилалии илмӣ, намоишгоҳи китобу дастхатҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва консертҳои ҳунармандони тоҷик буда, барои муаррифии мероси бузурги илмӣ, фалсафӣ, адабӣ ва ҳунарии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ имконияти муҳим фароҳам меорад.
23-юми ноябр Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» баргузор гардида, ҳамзамон, намоишгоҳи китобу дастхатҳо бахшида ба Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ меёбад. Дар ин рӯз таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиш ва муаррифии саҳми Ибни Сино дар рушди илм, фалсафа, тиб ва ташаккули тафаккури илмии башар равона хоҳад шуд.
24-уми ноябр Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳамияти ҷаҳонӣ ва пажўҳишҳои муосир» баргузор мешавад. Дар он масъалаҳои марбут ба арзиши илмӣ ва адабии осори Хайём, ҷойгоҳи ӯ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ва аҳамияти омӯзиши мероси донишмандони гузашта дар замони муосир баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ баргузор мешавад.
25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик доир мегардад. Барнома ба муаррифии мероси ғании санъати мусиқӣ, анъанаҳои ҳунарӣ ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик бахшида мешавад.
27-уми ноябр бошад, дар шаҳри Париж консерти ҳунармандони тоҷик баргузор мегардад, ки идомаи барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва муаррифии санъати миллӣ ба тамошобинони фаронсавӣ ва меҳмонони хориҷӣ хоҳад буд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»