Баргашт Чоп кардан

35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ АЗ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ТО ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТ

(дар ҳошияи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2026, №1224)
Истиқлоли давлатӣ соҳибихтиёрию озодии комили миллат, заминаи воқеии бунёди давлатдорӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва муяссар шудан ба пешрафти босуботи ҷомеа мебошад.
Маҳз дар ҳамин замина, Тоҷикистон ба марҳалаи тозае ворид гардида, ба бунёди ҷомеаи мутараққӣ, ки ба фановарӣ ва саноати пешрафта асос меёбад, қадам мениҳад. Дар баробари таҳкими бомароми истиқлоли давлатӣ, ҳамин ҳадаф дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2026, №1224 инъикос шудааст.
Моҳиятан фармони мазкур ҳамчун санади арзишманди таърихӣ на танҳо муҳлати таҷлил аз 40-солагии Истиқлоли давлатиро муайян менамояд, балки дастур ба бунёди заминаҳои ташаккули руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва сафарбарии имкониятҳои ҷомеа барои пешрафти минбаъдаи кишвар арзёбӣ мегардад. Дастуру раҳнамо боз аз он ҷиҳат аст, ки механизми амалӣ намудани вазифаҳо ва ҳадафҳои стратегиро барои солҳои оянда муқаррар мекунад.
Тавре ҳамагон шоҳидем, дар марҳалаи пурмасъулият, мардуми шарафманди Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садоқатмандона собит карданд, ки дар эъмори давлати мутамаддину пешрафта такягоҳи асосии давлату Ҳукумат мебошанд ва азми қатъӣ доранд, ки барои наслҳои ояндаи Тоҷикистон як Ватани ободу зебо ва пешрафта ба мерос гузоранд.
Аз муҳимтарин ғояе, ки дар ҷодаи омодагӣ ба Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузида мешавад, масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Аз анъанаҳои кӯҳани мардуми тоҷик будааст, ки ҳар насл дар назди ворисон масъулияти муҳим дорад. Ин талабот аз мазмуни дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бармеояд, ки дар асоси он насли имрӯза худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор мешуморад. Агар насли имрӯза аз истиқлол ҳамчун дастоварди таърихӣ истифода барад, вазифаи муҳимаш ин аст, ки истиқлолро бо давлати пешрафта, иқтисоди устувори миллӣ, рушди илм, фарҳангу маънавиёт, ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои наслҳои оянда вогузорад.
Бо ин назардошт, самти дигари тавзеҳоти фармони мазкур ба масъалаи бунёду сохтмони объектҳои дорои таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳои фароғат, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва объектҳои саноатию истеҳсолӣ тааллуқ дорад. Таваҷҷуҳ ба ин самт, дарвоқеъ, идомаи мантиқии сиёсати созандагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмуъ, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шуда, ин тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани мамлакат бомаром идома меёбад.
Ин фармон руҳияи сокинонро баланд мебардорад. Шубҳае нест, ки дар раванди созандагиву бунёдкорӣ соҳибкорон, шахсони саховатпеша, шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа бо руҳияи сазовор саҳми назаррас хоҳанд гирифт ва омодагӣ ба 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ташаббуси умумимиллӣ барои идомаи ин раванд пазируфта мешавад. Ин нишона ва аломате хоҳад буд аз ташаккули шуури миллӣ ва истиқлоли фикрӣ.
Тоҷикистонро насли донишманд, огоҳу ошно бо фанноварӣ дар олам муаррифӣ хоҳад кард. Дар ин радиф, ба ғайр аз бунёди мактабу муассисаҳои томактабӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишию боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамзамон, рушди истеҳсолот ва саноат аз рукнҳои асосии истиқлоли иқтисодӣ баррасӣ карда мешавад.
Истиқлоли сиёсӣ низ дар шароити муосир бе густариши иқтидори иқтисодӣ ва рушди истеҳсолии кишвар наметавонад пурра амалӣ гардад. Бо ин мақсад, ташаббусҳои марбут ба рушди саноат, истифодаи технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти миллӣ бояд дар меҳвари корҳои панҷсолаи омодагӣ ба ин Ҷашн қарор дошта бошанд.
Ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ бе рушди илму маориф, фарҳанг, ахлоқ ва зебоипарастӣ имконнопазир аст. Арзишҳои миллӣ ба ғайр аз нигоҳдорӣ дар осорхонаву марказҳои фарҳангӣ, ҳамзамон, дар тафаккур, ҷаҳонбинӣ, забон, фарҳанг, ҳунар, муносибатҳои иҷтимоӣ ва рафтори ҳамарӯзаи шаҳрвандон таҷассум меёбанд, ки хеле муҳиманд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат ба рушди илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри тақвияту дастовардҳои нави соҳа пайваста таъкидҳои судманд менамоянд. Эълон намудани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, ҳамасола баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва ғайра, далели возеҳи ҳамин гуфтаҳост. Ҳадафи чунин ташаббусҳо ташаккули тафаккур ва иқтидори илмӣ, рушди неруи инсонӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, омодагӣ ба 40-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои боз ҳам таҳким бахшидани мавқеи илм дар ҷомеа, дастгирии олимони ҷавон, рушди таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва густариши робитаи илм бо истеҳсолот имконияти муносиб фароҳам оварад.
Аз суханрониҳои Роҳбари давлат пайдост, ки фарҳанг бо ҳастии миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди фарҳанг, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳо, суннатҳои миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд. Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар муколамаи тамаддунҳо, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии симои воқеии миллати тоҷик дар ҷаҳон мусоидат намояд.
Дар матни тавзеҳот дарҷ гардидааст, ки соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон соли басо муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол мардуми шарафманди Тоҷикистон Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд. Чорабиниҳое, ки ба ифтихори ин Ҷашни бузург дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе баргузор шуданд, на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи ҷаҳонӣ камназир буданд ва обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Аз ин рӯ, панҷсолаи оянда ҷиҳати таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд ҳамчун имконияти наву муносиб барои густариши фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди касбҳои анъанавӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ истифода шавад.
Бо гувоҳи таърих, тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми бомаърифат, сулҳпарвар, заҳматдӯсту ободкор, давлатсозу тамаддунофар ва худшиносу худогоҳ буданд, ки таъриху фарҳанги бостонии миллат ба он далолат менамояд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки кору пайкори ниёгони некномро идома дода, ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбуби хеш саъю талош намояд.
Моҳияти аслии корҳои созандагӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо иқдоми муваққатию мавсимӣ набошанд, баръакс ба фарҳанги умумимиллӣ мубаддал шаванд. Ободии хиёбону гузару маҳаллаҳо, озодагии кошона ва покии муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиӣ, дастгирии соҳаҳои маорифу фарҳанг, рушди соҳибкорӣ, меҳнати софдилона ва эҳтирому риояи қонун ҳама унсурҳои ҳамин фарҳанг мебошанд.
Дар зимн, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2026, №1224 санади дурнамост. Панҷ соли оянда бояд марҳалаи идомаи корҳои зиннатбахшу содиқона ба нафъи давлату мардум, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, густариши ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими фарҳанги сулҳу дӯстӣ бошад.
Дар ин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандӣ, масъулияти ватандорӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро Тоҷикистони ободу шукуфое, ки имрӯз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат бунёд гардидааст, мероси гаронбаҳо, мояи ифтихор ва заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда хоҳад буд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор