Баргашт Чоп кардан

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2027

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 80103092 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ 62607080 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ – 61057080 ҳазор сомонӣ;
б) воридот барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 1550000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ –13384216 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо – 6642191 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо – 6742025 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 4111796 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ба маблағи 81906748 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 3269990 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо – 8054303 ҳазор сомонӣ;
3) маориф – 17810362 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 6066780 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 10434252 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 2378122 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 2490911 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 18666696 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 1647098 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон – 485737 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 2593551 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ – 220632 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар – 7788314 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ба андозаи 0,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1803656 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ – 69000 ҳазор сомонӣ;
2) аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ – 1000000 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2027 – 10000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ бо назардошти бақияи солҳои гузашта – 551437 ҳазор сомонӣ;
5) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатӣ – 60000 ҳазор сомонӣ;
6) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2027 – 113219 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4689621 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 3160401 ҳазор сомонӣ ва баргардондани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2027 ба маблағи 1529220 ҳазор сомонӣ (бо дар назар доштани уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» – 1328020 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» – 5000 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» – 6000 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ» – 8431 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 80000 ҳазор сомонӣ;
6) Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 85000 ҳазор сомонӣ;
7) Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 14000 ҳазор сомонӣ;
8) Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Файзобод – 2769 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 639771 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 144100 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳои депозитии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон) ва фурӯшу иҷораи молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи собиқ ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 495671 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 40969700 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 42660137 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1690437 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 40969700 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1) андоз аз даромад – 6622181 ҳазор сомонӣ;
2) андоз аз арзиши иловашуда – 18630449 ҳазор сомонӣ;
3) андози аксиз – 1927800 ҳазор сомонӣ;
4) андозҳо барои захираҳои табиӣ – 2174970 ҳазор сомонӣ;
5) боҷҳои гумрукӣ – 3503000 ҳазор сомонӣ;
6) даромадҳои дигари ғайриандозӣ – 6561300 ҳазор сомонӣ;
7) воридот барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 1550000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 2305316 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ – 764941 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ – 430840 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ – 420282 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти давлатии дигар – 689253 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура – 6892328 ҳазор сомонӣ;
3) маориф – 4178212 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ – 654625 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ – 2190361 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф – 1333226 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 1273554 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо – 594046 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ – 43815 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ – 156489 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ – 479204 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 1913879 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ – 1094376 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ – 170248 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 649255 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 1287211 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш – 78290 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ – 356538 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма – 507247 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш – 345136 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 291524 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 9830084 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 444597 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон – 461679 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 512004 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ – 229395 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудаанд – 13040354 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ – 3304501 ҳазор сомонӣ,
аз он:
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ – 144100 ҳазор сомонӣ;
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ – 3160401 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт – 50000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 305285 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд – 9380568 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 42660137 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат – 8987597 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ – 8505758 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 481839 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ – 990435 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ – 854306 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 120599 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар – 15530 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ – 8778846 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ – 435182 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа – 321301 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар – 8022363 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна – 602025 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ – 14100 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ – 587925 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо) – 330142 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо – 5538203 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ – 446129 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар – 1201132 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ – 15785628 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ – 12084371 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот – 567161 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар – 422945 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ – 8675 ҳазор сомонӣ;
д) пардохти қарзҳо ва ссудаҳо – 130000 ҳазор сомонӣ;
е) пардохти уҳдадориҳои молиявии берунӣ – 2572476 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ба маблағи 1221142 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 5338277 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 685182 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон – 3284600 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб – 78240 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт – 207126 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ҳисор – 178273 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Лахш – 124995 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Нуробод – 135460 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Рӯдакӣ – 195521 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Сангвор – 58305 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Тоҷикобод – 92217 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Файзобод – 165077 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Шаҳринав – 133281 ҳазор сомонӣ.
2. Ҳаҷми кумаки молиявии беподош (дотатсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳияи Лахш барои пардохти хароҷоти ҷорӣ ба маблағи 4700 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
3. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ, ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
4. Кумаки молиявии беподош (дотатсия) ба буҷети ноҳияи Лахш ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2028 ба маблағи 699516 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад бо дар назар доштани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявии беподош (дотатсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 23530357 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 23643576 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 113219 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Ҳаҷми фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ ҳамчун нишондиҳандаи назоратӣ ба маблағи 17710644 ҳазор сомонӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 814857 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон – 6432002 ҳазор сомонӣ;
3) вилояти Суғд – 4688436 ҳазор сомонӣ;
4) шаҳри Душанбе – 2307976 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ваҳдат – 597483 ҳазор сомонӣ;
6) шаҳри Роғун – 101972 ҳазор сомонӣ;
7) шаҳри Турсунзода – 488290 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Варзоб – 150255 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Рашт – 250061 ҳазор сомонӣ;
10) шаҳри Ҳисор – 494207 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Лахш – 124995 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Нуробод – 143179 ҳазор сомонӣ;
13) ноҳияи Рӯдакӣ – 572769 ҳазор сомонӣ;
14) ноҳияи Сангвор – 64662 ҳазор сомонӣ;
15) ноҳияи Тоҷикобод – 95753 ҳазор сомонӣ;
16) ноҳияи Файзобод – 191678 ҳазор сомонӣ;
17) ноҳияи Шаҳринав – 192069 ҳазор сомонӣ.
3. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2027 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2027 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2027 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) боҷҳои гумрукӣ - 100 дарсад;
2) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 дарсад;
3) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дар назар доштани муҷозоти молиявӣ), маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;
4) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об, ба истиснои объектҳои ҳудуди вилояти Хатлон) - 100 дарсад;
5) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда - 20 дарсад;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» – андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 дарсад;
7) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
9) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 дарсад;
10) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 дарсад;
11) аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2026 - 100 дарсад;
12) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 дарсад;
13) аз Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» - андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ – 70 дарсад;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатии бо қисмҳои 1 ва 2 моддаи 310 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон - 100 дарсад;
15) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» - 50 дарсад;
16) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» - андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ) -100 дарсад;
17) хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 80 дарсад;
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегардад, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 50 дарсад ба буҷети вилоят ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун 58 дарсад ба буҷети шаҳр ва 42 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 56 дарсад ба буҷети вилоят ва 44 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун 61 дарсад ба буҷети шаҳр ва 39 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 50 дарсад ба буҷети вилоят ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 42 дарсад ба буҷети шаҳр ва 58 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
5) андозҳои маҳаллӣ, андоз аз фурӯш, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
6) маблағҳои роялти барои об аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Вахш» ва «Сангтӯда-1» ба буҷети вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.
3. Тақсимоти маблағҳои аз нақша барзиёд воридшудаи даромади буҷети дахлдор дар байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз рӯйи таносуби муқарраршуда бо намуди андозҳо ва пардохтҳо амалӣ карда мешавад.
4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
5. Интиқоли маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, ки таъиноти онҳо ба буҷети давлатӣ пешбинӣ карда шудааст, ба суратҳисобҳои берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ мебошад.
6. Гузарондани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
7. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
8. Новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.
9. Пардохти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо воҳидҳои алоҳидаи андозсупоранда (рамзҳои сабаби ба ҳисоб гузоштан) ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст.
10. Воридоти андозию ғайриандозӣ аз рӯйи сиёсати як пардохт барои як намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тибқи рамзи гурӯҳбандии даромад анҷом дода мешавад.
11. Воридоти даромадҳои андозию ғайриандозӣ ба буҷет аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои дигари хизматрасон бо нишон додани номи пардохткунанда (шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ) рақами мушаххаси андозсупоранда дар алоҳидагӣ (бо як ҳуҷҷати пардохтӣ) амалӣ гардида, дар реҷаи вақти воқеӣ ба суратҳисоби дахлдори буҷети давлатӣ интиқол дода мешавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2027 аз рӯйи даромад ба маблағи 8217403 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 8186603 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30800 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 8217403 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад. Ҳамзамон маблағҳои мазкур метавонанд барои рӯйпӯш намудани дигар пардохтҳои иҷтимоӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гарданд.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 38,5 дарсад ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе ва 61,5 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 38,5 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Роғун ва 61,5 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар ноҳияи Сангвор 92,0 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Сангвор ва 8,0 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 дарсад ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2027
1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардондани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯй ва миқдори он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андози аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва паймонкори асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский», ки моддаи 275 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо татбиқ мегардад) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони маҷмааи бинои бисёрфунксионалӣ барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино, сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло-Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский» дар шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» дар шаҳри Душанбе.
6. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони асосии сохтмони иншооти дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ба истиснои сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло-Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», ки ба иншоотҳои объектҳои махсусан муҳим шомил мебошанд, тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
7. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳои тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
8. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
9. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, таҷҳизот ва технологияҳои муосири обёрии қатрагӣ, ниҳолҳои суперинтенсивӣ ва интенсивӣ, қаламчаҳо ва маводи дигари боғдорӣ, таҷҳизот барои гармхонаҳо, тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза, икраи бордоршуда, таҷҳизотҳои бордоркунии сунъӣ, тухмии кирмак барои пиллапарварӣ, чорвои зотии ширӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, паранда ва моҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
10. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ки тибқи шартномаи дутарафа амалӣ мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии паймонкорони фаръии консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
12. Воридот ва фурӯши маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2027 тибқи номгӯй ва миқдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
13. Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинондан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
14. Воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе, ки ҳаҷми он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
15. Сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии он аз андози иҷтимоӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин таҷҳизот ва молҳое, ки барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти филиали Донишкадаи мазкур ва барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонии бинои бисёрфунксионалии «Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ» дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе, cохтмони маҷмааи бинои бисёрфунксионалӣ барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи замонавии тандурустии бисёрфунксионалӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
16. Воридоти зарфҳои (систернаҳои) калонҳаҷм таҳти рамзи молии 7309005100 барои ташкили захираҳои маводи сӯзишворӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридкунандагони маҳсулоти сӯзишворӣ ва корхонаҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва сохтмони роҳу инфрасохтори энергетикӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2027 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ, ба истиснои маблағҳо аз фурӯши тилло ва дигар маблағҳои мақсадноки супоришӣ ворид мегарданд, 25 дарсад баъд аз пӯшонидани касри буҷетҳои маҳаллӣ, ба истиснои шаҳри Душанбе, ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳиссаҷудокунӣ ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2027 аз ҳисоби даромадҳо аз пардохтҳо оид ба додани иҷозатномаҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт 100 дарсад, пардохтҳо оид ба додани рухсатномаи махсус ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо нақлиёти автомобилӣ 100 дарсад, маблағи ҷарима барои ҳуқуқвайронкуниҳои роҳу нақлиётие, ки мутобиқи моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин мегарданд, 10 дарсад, маблағи роҳхатҳо, варақаҳои рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитии боркашонӣ 20 дарсад ва маблағи хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дарсад ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳиссаҷудокунӣ ба Фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррар карда шавад, ки аз ҳисоби хироҷи сайёҳӣ барои хизматрасонии (фурӯши) бастаҳои сайёҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ, ҷиҳати анҷоми саёҳати дохилӣ (барои ҳар як шабонарӯз) ва хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии хизматрасонии сайёҳӣ 100 дарсад, пардохт дар ҳаҷми 5 дарсад аз маблағи фурӯши бастаҳои сайёҳӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар бо мақсадҳои сайёҳӣ сафар менамоянд, маблағи ҷаримаҳо барои саркашӣ аз супоридани хироҷ мутобиқи қисми 1 моддаи 599 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, 100 дарсад ба фонди рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҳиссаҷудокунӣ ба Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ
Муқаррар карда шавад, ки аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии солона дар ҳаҷми 0,2 дарсад аз даромади ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ, пардохтҳои суғуртавӣ, маблағҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суратҳисоби Фонди пасандозии хароҷот барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ равона карда мешавад.
Моддаи 20. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2027 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 21. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми тасдиқи буҷетҳои маҳаллӣ фонди музди меҳнат тибқи нишондиҳандаҳои дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур муайяншуда нигоҳ дошта мешавад.
4. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои хароҷотӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 22. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ва воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 50 дарсад;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 дарсад, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 дарсад, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 дарсад;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 дарсад.
2. Аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии таҷрибавӣ, ки аз 1 январи соли 2025 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №438 ба механизми нави маблағгузорӣ гузаштаанд, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
3. Маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасонии музднок воридгардида дар реҷаи вақти воқеӣ ба суратҳисоби дахлдори сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он интиқол дода мешаванд.
4. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
5. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи семоҳаи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
6. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2027 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
7. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат 100 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд.
8. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 70 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
9. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби алоҳидаи буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо тибқи нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2027 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
11. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
13. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ танҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ суратҳисобҳои бонкӣ мекушоянд.
Моддаи 23. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 дарсад муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ баъд аз пардохтҳои дар моддаи 22 Қонуни мазкур муқарраршуда, аз ҷумла аз:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар;
2) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ баъд аз пӯшонидани касри буҷет ва пардохти ҳиссаи фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, ба истиснои шаҳри Душанбе;
2. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
3. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ мутобиқи фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Муқаррарот оид ба давраи пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ, ки дар моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, ҳар моҳ то санаи 10-уми баъд аз моҳи ҳисоботӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани маблағи дар моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур пешбинигардида Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ онро бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ ба таври худкор ба буҷет ва суратҳисоби дахлдор мегузаронанд.
Моддаи 25. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
1. Имтиёзҳои рафтуомад ба маҳали гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешаванд.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 26. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд
1. Аз 1 январи соли 2027 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 81 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақалли иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти варзишӣ истифода мешаванд - 30;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, намудҳои дигари хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолият истифода мешаванд - 45.
3. Вобаста ба маҳали ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда пешбинӣ карда шаванд:
- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;
- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;
- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.
Моддаи 27. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои санадҳои судӣ барои пардохти ҷуброни зарари моддию маънавии аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои дигари давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодира ва фурӯши молу мулк, ҷарима, фоиз ва ҷубронпулӣ воридшуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
3. Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми «Баҳисобгирии автоматикунонидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ситонидашаванда, ки 50 дарсади он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали созишномаи сармоягузории дахлдор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
4. Дар доираи созишномаи сармоягузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Корея, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайрокуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 28. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025
1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 аз рӯйи даромад ба маблағи 60447024 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 56919305 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 3527719 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо назардошти хизматрасонии он ба маблағи 4745449 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 29. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2027 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (мол, кор ва хизматрасонӣ) сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад аз рӯйи намуди андозҳо, низоми махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ, сарчашмаҳои даромад ва моддаҳои хароҷоти дигари буҷетҳои дахлдор тағйироти зарурӣ ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 ноябри соли 2026, № 2347
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ:
- барои соли 2028 аз рӯйи даромад ба маблағи 90206000 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 91733672 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1527672 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;
- барои соли 2029 аз рӯйи даромад ба маблағи 104605000 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 106641699 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 2036699 ҳазор сомонӣ ё 0,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2029 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2028» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои буҷети давлатиро барои солҳои 2029-2030 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 80103092 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 81906748 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 1803656 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2027 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшондани касри буҷети ҷумҳуриявиро бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯйи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қурби расмии асъор таъмин намояд;
- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2026, № 737