Ду медали варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаи рейтингӣ
Дар мусобиқаи рейтингии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ (Бишкек, Қирғизистон) оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-румӣ варзишгарони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев (65кг) ва Магамед Евлоев (74кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Кудиев барои нишони биринҷӣ муқобили Аширови қазоқ зафар ёфт. Евлоев пас аз пирӯзӣ бар Багаурии гурҷӣ мақоми сеюмро касб кард.
ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023
Тими Тоҷикистон мусобиқаро бо бохт оғоз кард
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов дар Ҷоми миллатҳои араб-2023 (Арабистони Саудӣ) дар нахустин бозӣ аз тими Либия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Тибқи иттилои ФФТ, голи мунтахаби моро Файзалӣ Сардоров зад.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ 8 июн (соати 21:00 ба вақти Душанбе) футзалбозони тоҷик бо мизбонон – Арабистони Саудӣ неру месанҷанд.
Бояд гуфт, ки ба даври 1/4 ниҳоӣ ду дастаӣ аз се гурӯҳ, инчунин, ду тими беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои севумро мегиранд, роҳ меёбанд.
Златан Ибрагимовичи 41-сола корномаи варзишиашро хотима бахшид
Ин футболбози соҳибноми шведӣ дар фаъолияти 24-солаи касбияш дар ҳайати дастаҳои “Малмиё” (1999-2001), “Аякс” (2001-2004), “Ювентус” (2004-2006), “Интер” (2006-2009), “Барселона” (2009-2011), “Милан” (2011-2012, 2020-2023), “Пари Сен-Жермен” (2012-2016), “Манчестер Юнайтед” (2016-2018) ва “Лос-Анҷелес Гелекси” (2018-2019) бозӣ карда, 511 гол задааст.
– Ман бо футбол хайрухуш мекунам, аммо бо шумо не. Бори аввал дар ин майдон шумо ба ман хушбахтӣ бахшидед ва маротибаи дуюм муҳаббат, – гуфт бо чашмони пурашк Златан дар маросими видоъ бо мухлисон дар варзишгоҳи “Сан-Сиро”-и Милан.
КАРИМ БЕНЗЕМА
Боз як ситораи футбол дар чемпионати Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад
Барандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2022 Карим Бензема баъди видоъ бо “Реал” (Мадрид) ба «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ) гузашт.
Тибқи иттилои football24.ua, шартномаи Карим бо ин бошгоҳ то 30 июни соли 2026 мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш