МУҚАДДИМА
Ман соли 2016 (1395) дар қатори фарҳангиёни форсизабон аз саросари ҷаҳон барои ширкат дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шуда будам. Ҷашне бис-ёр бошукӯҳ буд. Бо номи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно будам ва, хушбахтона, дар ин Ҷашн эшонро аз наздик дидам, суханронии наврӯзиашонро шунаванда будам ва дарк кардам, ки Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо дилу ҷон барои фарҳанг, ҷашнҳои миллӣ ва мардумии тоҷикону форсизабонон талош меварзанд.
Вақте Афғонистон омадам, мақолае таҳти унвони «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раҳбар ва Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшеди рӯзгори мо»-ро навиштам, ки дар нашрияҳои Афғонистон маҷаллаи «Пайванд» – № 24 ва дар рӯзномаҳои Тоҷикистон нашр шуд. Ҷаноби равоншод Субҳон Кошонов, раиси вақти Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд бо ман тамос гирифтанд ва аз ман қадрдонӣ карданд. Ман дар он мақола ёдовар шуда будам, ки Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат ҳам, Ҷамшеди рӯзгори мо ҳастанд. Ин ёдовариям ба ин далел буд, ки асосгузори нахусти Ҷашни Наврӯз – Ҷамшед аст, аммо дар ин солҳо бино ба дидгоҳи ифротии мазҳабӣ Ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳо, суннатҳои фарҳангии ниёкон ва мардумӣ нодида гирифта шуда, дучори фаромӯшӣ гардида буданд. Бинобар ин, ниёз ба эҳёгарӣ дошт, ки, хушбахтона, эҳёгари Ҷашни Наврӯз ва дигар суннатҳои писандидаи фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон дар рӯзгори мо – Эмомалӣ Раҳмон аст ва ба ин асос эшон Ҷамшеди рӯзгори мост.
Дар ин мақола мехоҳам ба роҳбарии мудаббирона, бомадоро ва ақлгарои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сарнавишти миллати бофарҳанги тоҷик бипардозам. Ҳама шоҳид ҳастем ва мебинем кишварҳои минтақа, аз Ховари Миёна то Афғонистон, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст, дучори ифротияти мазҳабӣ, динӣ ва соири хушунатҳо қарор доранд. Миллати тоҷик бояд мутаваҷҷеҳи ин ҳама ифротияту хушунат бошад.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудирияти мудаббирона тавонистааст мардумро аз ифротияту хушунатҳои мазҳабӣ дур ва дар амон нигоҳ дорад. Бинобар ин, мардуми тоҷик бояд қадри ин инсони фарҳехта ва роҳбари донои худро бидонанду дарк кунанд, ки ҳузури сиёсӣ ва фарҳангии эшон дар сарнавишти миллати тоҷик чи қадар муҳим, таъсиргузор ва судманд аст.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар ривоҷ ва мудирияти сиёсати модерн, фарҳангу суннати тоҷикону форсизабонон ва дар диндорӣ бисёр бомудоро, ақлгаро ва хирадмандона рафтор карда, аз сиёсат, фарҳанг ва диёнат ба нафъи амнияту суботи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи тоҷик истифода кардаанд.
ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ СИЁСАТИ МУТАРАҚҚӢ
Ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмонро дар мудирияти сиёсати модерн дар Тоҷикистон вақте миллати тоҷик метавонанд дақиқ дарк намоянд, ки ба кишварҳои минтақа, бавижа ба кишварҳои форсизабон, назар биандозанд. Ҳама шоҳидем, «Толибон» дар Афғонистон бо ҳар чи ки ба тараққӣ, модерният ва сиёсати модерн иртибот мегирад, душманӣ ва мухолифат мекунанд. Занонро ба кору омӯзиш намегузоранд. Мардум аз ифротият ва хушунати мазҳабӣ дар азобу ранҷ ҳастанд, даҳҳо гурӯҳи террористии дохилӣ ва байналмилалӣ дар ин кишвар фаъолият доранд ва даст ба озору қатли мардум мезананд.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳомии модернияту тараққӣ буда, бо сиёати модерн, вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсии кишварро ба сӯи амнияту осоишу тараққӣ роҳбарӣ мекунанд. Дар суханрониҳои худ аз занони тоҷик ба унвони модарону хоҳарони миллати тоҷик ёд мекунанд, озодӣ ва ҳуқуқи башарии занонро дар сатҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳимоят мекунанд ва занон дарс мехонанд ва дар идораҳо, дафтарҳо ва мақомоти гуногун кор мекунанд. Ҳақиқат ин аст, саодату хушбахтиеро, ки занони миллати тоҷик доранд, занони кишварҳои дигари форсизабон надоранд.
Дар «Гулистон»-и Саъдӣ омадааст, қадри осоишу амниятро касе метавонад дарк кунад, ки ранҷу мусибат дида бошад. Паёми ман ба миллати тоҷик ин аст, ки миллати тоҷик бояд амният, озодӣ ва осоиши мавҷуд дар Тоҷикистонро дарк кунанд ва қадри онҳоро бидонанд. Воқеият ин аст, ки ин амнияту озодӣ ба осонӣ ба даст наёмадаанд, балки бар асоси роҳбарӣ ва мудирияти хирадмандонаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Мардуми Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа аз набуд ва фиқдони сиёсати модерн ранҷ мебаранд, зеро роҳбарии ҳукуматҳояшон ба усулу арзишҳои сиёсати модерн ва мутараққӣ тааҳҳуде надорад ё ин ки дарки дурусте аз усулу арзишҳои сиёсати модерн ва озодиҳои башарии модерн надоранд. Аммо дар Тоҷикистон аз арзишҳои модерн ва озодиҳои башарӣ ҳимоят мешавад. Табъан, ин ҳимоят аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳақиқат ин аст, ки кишвари мо ба шахсияте мудаббир ва огоҳ монанди Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад, ки мутааҳҳид ба арзишҳои модерну тараққихоҳӣ бошад ва ҷомеа, давлат, ҳукумат ва кишварро ба сӯи модернияту тараққӣ роҳбарӣ кунад. Мутаассифона, дар кишвари мо чунин роҳбаре вуҷуд надорад, ки хубӣ, саодат ва пешрафти кишварро дар тараққӣ ва модерният бидонад ва барои овардани тараққӣ, амният ва модерният талош варзад.
Гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав дар Афғонистону минтақа вуҷуд доранд ва дар пайи он ҳастанд, ки дар байни мардуми Тоҷикистон ворид шуда, зеҳнияти ин мардумро ба сӯи ифротияту хушунат бикашанд ва амнияти ҷомеаро барҳам бизананд. Хушбахтона, сиёсати ақлонӣ ва воқеъгароёнаи Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароите барои миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон монанди оби ҳаёт аст. Роҳбарии дуруст, хирадмандона ва мавқеъшиносонаи эшон аст, ки миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистонро дар амон маҳфуз нигоҳ доштааст.
Он чиро ман ин ҷо навиштам, шояд афроде бигӯянд, ки Яъқуби Ясно алоқа ва иродате ба Эмомалӣ Раҳмон дорад, аммо воқеият ин аст, ки ман алоқа ва иродат ба фарҳангу суннатҳои писандидаи мардуми тоҷик дорам ва мехоҳам аз ин фарҳангу суннат дар баробари ифротият посбонӣ ва посдорӣ шавад. Ҷойи хурсандӣ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фарҳангу суннатҳои писандидаи мардуми тоҷик, ориёӣ ва форсизабонон бо роҳбарӣ ва сиёсати дурусти худ ба хубӣ посбонӣ кардаанд. Бар ин асос, алоқаманд ва иродатманди Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.
Муҳимтар аз ҳама, ман аз кишваре ҳастам, ки мардуми он кишвар бо мардуми Тоҷикистон забону фарҳанг ва ҳатто қавмияти муштарак доранд. Аммо бо таассуф бино ба ривоҷи ифротияту хушунат мо ҳамаи арзишҳои худро аз даст додем. Чаро аз даст додем? Барои ин ки роҳбаре монанди Эмомалӣ Раҳмон надоштем, ки воқеъгаро ва ақлгаро бошад ва ба арзишҳои модерну тараққихоҳона тааҳҳуд медошт, то амният, озодӣ ва арзишҳои фарҳангии моро ҳифз мекард. Агар ба осебҳое, ки ба мардуми Афғонистон расидаанд, таваҷҷуҳ кунем, ҷойгоҳи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро дар Тоҷикистон ба хубӣ метавонем дарк созем, ки тавониста бо сиёсати модерну мутараққӣ пеши роҳи воридшавӣ ва ривоҷи ифротият-ро дар Тоҷикистон бигиранд ва аз ваҳдат, амният ва озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон ҳифозату посбонӣ намоянд.
ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ФОРСИЗАБОН ВА ОРИЁӢ
Дар бораи ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон лозим медонам хотираеро ёдоварӣ намоям. Як сол пеш Теҳрон рафта будам. Таксӣ гирифтам то ба «Синамопорк» биравам. Ронандаи таксӣ як шахси мураттаб буд. Аз ман пурсид, аз куҷоӣ? Гуфтам аз кишвари Афғонистон. Гуфт забони мардуми Тоҷикистону Афғонистон монанди Эрон форсӣ аст ва ману шумо ҳамзабонем. Дар бораи ҷашнҳои бостонӣ, монанди Наврӯз, Чилла, Меҳргон, Сада ва ғайра сухан гуфт ва ибрози нигаронӣ кард, ки ба ин ҷашнҳо ғайр аз Тоҷикистон дар кишварҳои дигари форсизабон чандон таваҷҷуҳ намешавад. Аз ман пурсид, медонӣ чаро дар Тоҷикистон ба ҷашнҳои ориёӣ таваҷҷуҳ мешавад ва ин ҷашнҳо ба хубӣ баргузор мегарданд? То ман ибрози назар кунам, гуфт: "Дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди асили ориёӣ Президент аст, ки қадри фарҳангу ҷашнҳои ориёӣ ва ниёконро медонад. Таъкид кард, ки кишварҳои форсизабон ниёз доранд монанди Эмомалӣ Раҳмон аз фарзандони асили ориёии худ роҳбар дошта бошанд". Ин назари як шаҳрванди эронӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин назар хеле маънодор аст. Чаро? Барои ин ки баёнгари ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон дар берун аз марзҳои Тоҷикистон аст ва назари воқеӣ ва дақиқ низ ҳаст.
Агар таваҷҷуҳ намоем, ончунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳанг, суннат ва ҷашнҳои ниёкон таваҷҷуҳ ва аз ин фарҳанг посдорӣ мекунад, дар дигар кишварҳои форсизабон ба фарҳанги ориёӣ чандон таваҷҷуҳе намешавад ва, ҳатто, бо фарҳанги ниёкони бумӣ мухолифат мешавад. "Толибон" дар Афғонистон бо Ҷашни Наврӯз мухолифат карданд ва расмияти Ҷашни Наврӯзро лағв ва мамнуъ намуданд. Дар чунин шароите, ки нисбат ба фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ бемеҳрӣ сурат мегирад, хушбахтона, ба гуфтаи ҳамон шаҳрванди эронӣ «Тоҷикистон фарзанди асили ориёӣ монанди Эмомалӣ Раҳмон» дорад, ки бо миллати тоҷик аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ посдорӣ ва ин фарҳангро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Маҳатма Ганди гуфта буд: «Фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бояд ба фарҳанги Ҳинд монанди насим бивазад ва бо ин вазиш байни фарҳанги Ҳинд бо фарҳангҳои ҷаҳон таодул эҷод шавад, ки муҷиби шукуфоии ҳарчи бештари фарҳанги Ҳинд ва ҷаҳон шавад. Аммо фарҳанге, ки қасди таҳоҷум ва аз байн бурдани фарҳанги Ҳиндро дошта бошад, он фарҳанг мавриди пазириши мо нест». Сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон мисдоқи ҳамин сухани Ганди аст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги кишварҳои ҷаҳон таассуб надорад ва мехоҳад мардуми тоҷик бо фарҳанги кишварҳои ҷаҳон ошно бишаванд ва фарҳанги тоҷик ва кишварҳои ҷаҳон бо ҳам таодул дошта бошанд ва ба шукуфоӣ бирасанд. Аммо фарҳанге, ки бихоҳад фарҳангу забони тоҷикро ҳазф кунад ва ҷойи фарҳангу забони тоҷикро бигирад, мухолифи чунин таҳоҷуми фарҳангӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат, ҳастии миллат» ба хубӣ тавзеҳ медиҳад, ки фарҳангу забон барои як миллат чӣ қадар муҳим аст: «Агар ба таърихи забонҳои ҷаҳон аз оғози пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ҳар миллат дар ҳамаи давраҳои таърихӣ дар сатҳи тараққиёти тафаккур ва андешаи соҳибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддӣ ва маънавии онро инъикос мекунад. Ба ибораи дигар, миллат ҳар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забон ҳам ба ҳамон андоза тавоно, зоянда ва поянда аст». Дуруст аст, ки фарҳанги тоҷик барои Эмомалӣ Раҳмон хеле аҳамият дорад, аммо бино ба дарки дуруст ва илмие, ки аз коркарди ҷаҳонии фарҳанг дорад, дар сиёсату мудирияти фарҳанг бо фарҳанги тоҷик, ориёӣ, исломӣ ва ғарбӣ бархӯрди андешабарангез ва воқеъгаро дорад.
Кишварҳо маъмулан фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ ва фарҳангҳои воридотӣ доранд. Дар Тоҷикистон низ фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ ва фарҳангҳои модерн вуҷуд доранд. Фарҳанги миллӣ ва мардумӣ фарҳанги ниёкон ва бумии мардуми тоҷик аст, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ фарҳанги исломӣ аст ва фарҳанги модерн фарҳангест, ки дар асари таомулоти ҷадиди ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Дар бархе аз кишварҳо маъмулан дар мудирияти фарҳангҳо ифроту тафрит сурат мегирад. Масалан, «Толибон» дар Афғонистон бо хушунат ва зӯр фарҳанги мазҳабиро амалӣ мекунанд ва бо фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, монанди Наврӯз ва бо фарҳанги модерн мухолифату душманӣ доранд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангӣ бо таваҷҷуҳ ба меҳварияти фарҳанги миллӣ, мардумӣ ва бумии мардуми тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон таомулу таодулро бо фарҳанги исломӣ ва модерн барқарор нигаҳ медорад.
Ин ки дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги тоҷику ориёӣ дар меҳварият қарор дорад, барои ин аст, ки роҳбари ҳар кишвар дар қадами нахуст посдори фарҳанги мардум ва кишвари худ бояд бошад, зеро дар ҷаҳон даҳҳо кишвари исломӣ вуҷуд дорад, ки фарҳанги исломӣ байни онҳо муштарак аст ва ҳамин тавр, фарҳанги модерн низ дар кишварҳои ҷаҳон ба гунаҳои мутафовит вуҷуд дорад, аммо кишвари Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аст ва посдорию масъулияти фарҳанги бумии ин кишвар ва муаррифии он дар ҷаҳон ба дӯши Президент, давлат ва мардуми Тоҷикистон аст.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва мудирияти фарҳангии худ фаротар аз фарҳанги мардуми Тоҷикистон аз кулли фарҳанги ориёӣ ва тамоми форсизабонон ба номи «Фарҳанги ниёкон» посдорӣ мекунад. Ҳақиқат ин аст, ончунон ки аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ дар Тоҷикистон посдорӣ мешавад, дар кишварҳои дигари форсизабон намешавад.
ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ДИН
Диндорӣ ва чигунагии истифодаи афрод аз дин ва мудирияти дин дар ҷомеаҳо ва кишварҳо аз маъзалҳо ва мушкилоте ҳастанд, ки ҳукуматҳо ва мардумро, бавижа дар кишварҳои исломӣ, даргир кардаанд. Мутаассифона, гурӯҳҳои тундрав, ифротӣ ва террористӣ дар ин солҳо бо суиистифода аз дин эҳсосоти оммаи мардумро ба гаравгон мегиранд ва мардумро бо истифода аз дин фиреб медиҳанд. Намунаашро дар Афғонистон мебинем, ки ҷараёнҳои тундраву террористӣ чӣ гуна бо суиистифода аз дин, навҷавонону оммаи мардумро фиреб доданду гумроҳ карданд, то ин ки ҳукумати қаблӣ суқут кард ва феълан ба шумули «Толибон», даҳҳо ҷараёни тундраву террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва бо хушунату зӯрӣ султа, уқда ва асабияти худро бар мардум таҳмилу татбиқ мекунанд. Мутаассифона, ин гурӯҳҳои террористӣ дар пайи ин ҳастанд, ки аз марзҳои Афғонистон вориди кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо шаванд. Миллати огоҳ ва бо ифтихори тоҷик бояд вазъияти Афғонистонро дарк намоянд ва мутаваҷҷеҳ бошанд, ки фиреби шиорҳои дурӯғини суиистифодагарони динро нахӯранд.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон, тавре ки дар сиёсатгузории модерну фарҳангӣ бо дарки дуруст ва воқеъгароёна бархӯрд кардааст, дар мудирияти дин дар ҷомеаи Тоҷикистон низ, воқеъгароёна ва хирадмандона бархӯрд намуда ва нагузошта, ки суиистифодагарон динро ба гаравгон бигиранд ва мардуми тоҷикро фиреб диҳанд. Ҳимоят аз мардум дар баробари суиистифодагарони дин ва гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ лозим ва зарурӣ аст. Агар Раҳбари Ҳукумат аз мардум дар баробари гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ва суиистифодагарони дин ҳимоят накунанд, рӯзгори мардум мисли мардуми Афғонистон мешавад. Суиистифодагарони дин ва гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ динро балои ҷони мардум месозанд ва ба дину диндорӣ низ, осеб мерасонанд.
Мудирияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дину диндории ҷомеа дар сатҳи минтақа беназир ва муваффақона аст ва ба хубӣ тавониста миллати тоҷикро аз ифроту тафрити динию мазҳабӣ наҷот бидиҳад ва ҳам миллати тоҷик, ҳам дин, ҳам арзишҳои миллию мардумӣ, ҳам озодиҳои башарӣ ва ҳам модерн дошта бошанд. Миллати тоҷик мудирият ва бархӯрди хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонро бо дину диндорӣ бояд хуб дарк бикунанд. Ин мудирияти хирадмандонаи Роҳбари Тоҷикистон аз дину диндорӣ дар ҳақиқат саодат ва хушбахтӣ барои миллати тоҷик аст.
Яъқуби ЯСНО, устоди вақти Донишгоҳи Берунии Афғонистон