Ноҳияи Муъминобод дар соҳаи кирмакпарварӣ бо номҳои Шариф Холов, Бобо Собиров, Аҳмад Ёров, Сафармо Бақолова ифтихор дошт. Агар амаки Шариф соле зиёда аз 300 кило пиллаи аълосифат месупурд, дигар пешқадамон аз 100-120 кило кам намесупурданд. Ягон кас онҳоро маҷбур намекард, вале ҳавасманд, ки буданд, барои пули нағзу даромади хуб талош меварзиданд.
Инак, бо гузашти солҳои рукуду ҷанги шаҳрвандӣ боз давлату Ҳукумати Тоҷикистон рӯ ба рушди ин соҳаи муҳими ашёи хоми саноатӣ овард. Тайи солҳои охир ин соҳа рушд мекунад.
Ба қарибӣ ба деҳаи Кулдамон меҳмон шудем. Бо сардори бахши кирмакпарварии ноҳия Сафар Муродов роҳ сӯи ҳавлии апаи Мавҷонбӣ гирифтем. Гуфтанд, ки ӯ дар солҳои шуравӣ низ, аз пешқадамони арсаи меҳнат буд. Соле то 70-80 кило пилла месупурд.Тули даҳ соли охир ӯ аз ҷумлаи пешсафони деҳот аст.
– Порина 40, соли пешинаш 38 кило пилла супурдам. Нигоҳубини кирмак як моҳ бошад ҳам, бисёр мушкилу заҳматталаб аст. Андаке фориғболӣ, риоя накардани қоидаю технология заҳматро барбод медиҳад, – гуфт Мавҷонбӣ Холова. Писараш аз ҳар куҷо барг меораду нигоҳубини кирмак ба зиммаи Мавҷонбӣ аст. Шавҳараш Абдукарим Қаюмов ба деҳқонӣ шуғл дорад.
Апаи Мавҷонбӣ бо аҳли оилааш зиндагии серу пур ва шоду хурсандона дорад. Сол ба сол зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нархи хариди пилла ҳам меафзояд. Агар рафту нархи як килои он аз 20-30 сомонӣ гузарад, кирмак ба касе намерасад. Талабгорон ҳам зиёд мешаванд. Ана, он гоҳ мушкили норасоии барг ба миён меояд. Моро мебояд, ки аз ҳоло ба шинондани ниҳолҳои нави тут оғоз намоему ниҳолҳои пешина шинондашударо ҳифз созем, зеро ба мушоҳида мерасад, ки баъзеҳо дарахтони тутро ҳезум ва нест карда истодаанд.
Аз қадим парвариши кирмак ифтихори миллии тоҷикон буд. Пилларесӣ, дӯхтани сарулибос, рӯймолҳои калон, рӯймолчаҳои чакан, бофтани шоҳию атлас ба ҳукми анъана даромада буд. Бошад, ки соҳа аз нав рушд ёбаду атласу шоҳии тоҷик боз ҳам оламгир шавад.
Насиба ҲАСАНОВА, рӯзноманигор