Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва шароити мавҷуда намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотии Ҷумҳурии Корея «Eximbank» бо роҳбарият ва масъулони шаҳри Кӯлоб аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дидан намуданд.
Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз рафти бунёди инфрасохтори Минтақаи мазкур ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос гардида, дар идома оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рӯнамоӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар доираи сафар як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, барои татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
ТЕМУРМАЛИК. НАВСОЗИИ ШУЪБАҲОИ ТАВАЛЛУДХОНА ВА ҶАРРОҲИИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик таъмиру навсозӣ мегарданд. Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар таъмиру навсозии иншоот беш аз 30 сокини маҳаллӣ ҷалб гардидааст.
Зимни шиносоии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои таъмиру навсозии ин беморхона иттилоъ доданд, ки дар иншоот ба маблағи 11 миллиону 158 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд. Беморхона бо маблағгузории Бонки рушди Олмон навсозӣ мешавад.
Беморхона дар кӯчаи А.Синои шаҳраки Баҳманрӯд ҷойгир буда, соли 1988 сохта шудааст. Беморхона дар давоми солҳои фаъолият се маротиба таъмири ҷорӣ гардида бошад ҳам, бо сабаби куҳнаю фарсуда шуданаш ба таъмири асосӣ ва навсозӣ ниёз дошт.
ИСТЕҲСОЛИ 5490 ҶУФТ ПОЙАФЗОЛ ДАР КОРХОНАИ “ПОЙАФЗОЛИ КАНГУРТ”
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба “Ҷумҳурият” хабар дод, ки давоми чор моҳи аввали соли равон дар Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, Корхона моҳи октябри соли 2021 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошад.
Дар заминаи Корхона коргоҳи дӯзандагӣ низ, фаъолият дорад, ки дар он 8 коргар машғули кор аст.
ҶАЙҲУН. 500 ГЕКТАР ЗАМИН БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА ШУД
Дар деҳаи Озодии Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хатти оби полизӣ аз шохоби дарёи Панҷ тавассути кандани канал ба масофаи 3500 метр, ҷамъоварии об дар обанбори 40х40 м, баъдан бо истифода аз як пойгоҳи обкашӣ ва ду дастгоҳи обкашӣ (тамғаи 14 НДВ Д6) тариқи лӯлаҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда аз 2 ҳазор гектар замин бароварда шудааст.
Барои татбиқи ин лоиҳа соҳибкор 12,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полизӣ ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда аз 2 ҳазор гектар замин мебошад. Айни замон хатти оби полизӣ 500 гектар заминро обёрӣ мекунад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»