Дар шаҳри Сочии Россия дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россияро таъкид намуда, барои густариши онҳо изҳори омодагӣ карданд.
ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода бо раиси Кумитаи тафтишотии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба мо иттилоъ доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд. Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия Созишномаи ҳамкорӣ низ, ба имзо расид.
ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР «ITMA-2023»
Таҳти роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир намояндагони кишвари мо дар Намоишгоҳи байналмилалии дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷии «ITMA-2023», ки дар шаҳри Милани Ҷумҳурии Италия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ки дар доираи ин чорабинӣ вазир бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии соҳа ва роҳбарони зиёда аз 10 корхонаи истеҳсолкунандаи дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ мулоқот намуд.
РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқоти вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо директори Дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гашт, ки зимни он масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзӣ муҳокима гардид, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Виорел Гутсу изҳор намуд, ки дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, роҳбарияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз талаботу мушкилоти ҷойдошта иттилоъ дорад ва барои ёриву ҳалли онҳо ҳавасманд мебошад.
«УСУЛҲОИ МУОСИРИ КОР БО МАЪЛУМОТИ ГЕОЛОГӢ»
Таҳти ҳамин унвон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати кишвар машварати омӯзишӣ гузаронда шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар машварат мутахассисони Саридора ва намояндагони зиёда аз 60 ширкати ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши геологӣ ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок машғуланд, иштирок намуда, ба онҳо усулҳои муосири коркарди геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва навтарин асбобҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ омӯзонда шуд.
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲО
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфи 11 баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба мо хабар доданд, ки соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 8243 хонандаи болаёқат иштирок намуд. Натиҷаи иштироки онҳо бо дарёфти 2933 ҷойи ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 нуқра ва 2213 биринҷӣ) натиҷагирӣ шуд. Дастовардҳои хонандагони синфҳои 11-ум 395 ҷойи ифтихорӣ (27 медали тилло, 86 нуқра ва 282 биринҷӣ)-ро ташкил дод.
БУРСИЯҲОИ ДОНИШГОҲИ ГЕОЛОГИИ РОССИЯ БАРОИ ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орҷоникидзеи Федератсияи Россия барои ҷавонони хоҳишманди вилояти Хатлон бурсияҳои таҳсил ҷудо намуд.
Дар ин хусус раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва ректори Донишгоҳи мазкур Юрий Панов зимни мулоқоти тахассусӣ ба тавофуқ расиданд. Ба «Ҷумҳурият» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, ки бо ин мақсад, гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, бо хатмкунандагон дар мавриди таҳсил аз рӯи ихтисосҳои ройгон маълумоти муфассал дода мешавад.