Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди давлат, ҳамчунин, тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузи мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон карданд.
Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад».
Дар шароити имрӯза рушди иқтисодиёту иҷтимоиётро бе рушди босуръати саноатикунонӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои дуруст истифода бурдани захираҳои табиӣ, истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти ватанӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос зарур аст. Технологияи муосир яке аз роҳҳои калидии пешравии саноат ва иқтисодиёту иҷтимоиёт ба шумор меравад. Доштани донишҳои инноватсионӣ дар густариши фаъолияти саноатикунонӣ таъсири мусбат расонда, иқтисодиёти давлатро ташаккул медиҳад.
Рушди саноати ватанӣ яке аз омилҳои асосии пешбарандаи низоми иқтисодиву иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, симои онро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос менамояд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук, имтиёзҳои назаррас, ба монанди озод кардан аз супурдани андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои воридоти дастгоҳҳо ва таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои истеҳсолот, ки дар дохили мамлакат истеҳсол карда намешаванд, ба муҳлати 12 сол аз андоз аз фоида, андози замин ва андози моликият озод кардани корхонаҳои нави коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар сурати бунёди занҷираи пурраи коркарди нахи пахта ва дигар имтиёзҳо фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳаё гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки 25 феврали соли 2021 ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардида буд, ки дар он таҳлили ҳамаҷонибаи заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи саноат, рушди бахши нассоҷию дӯзандагӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати маъдан ва коркарди захираҳои табиӣ, коркарди алюминий, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат ва идоракунии кооперативӣ ва дигар паҳлуҳои бахши саноат гузаронда шуд, ки натиҷаи он дар ҷаласаи 21-уми Шурои машваратии мазкур баррасӣ гардид.
Дар асоси баррасии масъалаҳои дар боло зикргардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологияҳои иттилоотӣ» қабул гардида буд.
Дар замони имрӯза мо дар арсае қарор дорем, ки нишондиҳандаҳои саноатӣ дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол менамоянд, ки ин ҳама боиси ифтихору саодатмандист.
Ҷ. С. СУЛТОНЗОДА,
ёрдамчии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон