Обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, барои он ки аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.
Аз ин рӯ, нуктаи муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро басо муҳим ва саривақтӣ барои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбӣ кардан мумкин аст.
Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шуд: “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.
Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.
Дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он ба захираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об – захираи ивазнашаванда, дорои аҳамияти асосӣ ҷиҳати рушди устувор, нигоҳдории ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некуаҳволии аҳолии ҷаҳон мебошад. Ҳоло дар шароити тағйирёбии иқлим дар хушкӣ, махсусан дар ноҳияҳои хушку камбориши сайёра, масъалаи обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобаста аст, бисёр шадид меистад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ширин кам шуда, сифати он паст мегардад.
Бинобар ин, бояд боз ҳам масоили робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат ва омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.
Тоҷикистон низ тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ дода, дар ин раванд саҳми муносиб дорад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳашт қатъномаро қабул карда, кишвари мо чандин маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардид.
Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли пешвоёни эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.
Аҳдия ФАРРУХЗОДА,
омӯзгори МТМУ № 12-и ноҳияи Айнӣ