ДУЗДӢ
Боздошти нафаре, ки қаблан 10 маротиба суд шуду ислоҳ нагардид
Кормандони мақомоти милитсия Шуҳратҷони Ҷӯрахон – сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки қаблан 10 маротиба бо моддаи 244 (дуздӣ) суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, номбурда дар 9 ҳолат ба дуздии чорвои сокинони ноҳияи Кӯшониён гумонбар дониста мешавад. Ӯ шабонгоҳон чорвои мардумро аз оғилхонаҳо медуздидааст, ки маблағи зарар ба соҳибони чорво зиёда аз 70 000 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло нисбат ба Шуҳратҷони Ҷӯрахон бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздии такрорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 221 ҲАЗОР СОМОНӢ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз оғози тафтишот нисбат ба бонуе хабар дод, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин зани 37-сола сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, ҳанӯз моҳи августи соли 2018 аз марди 47-солаи сокини пойтахт 221 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст. Муомилаи додугирифт, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори Саховат” сурат гирифтааст.
10 ҲАЗОР СОМОНӢ
Маблағе, ки ноболиғ аз як мағозаи шаҳри Душанбе дуздидааст
Як ноболиғи 11-сола 24 майи соли ҷорӣ аз мағозае дар шаҳри Душанбе 10 ҳазор сомонӣ дуздидааст.
Сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад, ки ҳоло ноболиғ ба гумони содир намудани ҷинояти дузди дастгир шуда, оид ба ҳодиса тафтишот идома дорад. Ҷинояти дуздӣ дар пайи аризаи соҳиби мағоза ба ШВК-1 ноҳияи Сино, ки аз ӯ марди 43-солаи сокини пойтахт ном бурда мешавад, ошкор гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»