ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРД
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Зафар; 2. Воситаи қатли одам; 3. Тахтаи тунуки сохтмонӣ; 4. Мақсад; 5. Кӯшк; 6. Сокини Ҳисор; 7. Онҳо моро иҳота кардаанд; 8. Ҷасад; 10. Тилло; 11. Ҷабин (русӣ) ; 12. Тамғаи суратгири хориҷӣ; 16. Дарун; 19. Кӯшиш; 20. Эзид; 23. Қатор; 24. Истироҳат; 25. Тасф; 26. Ҷасорат; 28. Нозукӣ, зебоӣ; 29. Султон; 31. Мева; 32. Собиқ Президенти Амрико. 33. Лӯлакабоби русӣ. 36. Дарё дар ҶТ. 37. Фанни саломатӣ; 39. Мусиқии ғарбӣ; 42. Тоссар; 44. Боришот; 46. Фасли китоб; 48. Намоиши тантанавии сарбозон; 51. Нависандаи тоҷик, муаллифи романи «Навобод»; 53. Бино; 54. Пешгӯӣ; 55. Қаср; 56. Имову … ; 58. Монеа; 59. Обанбор дар дарёи Вахш; 62. Мучал; 63. Ношунаво; 64. Нақш; 66. Президенти вақти Югославия; 68. Дарахти ангур; 70. Ҷонишин; 74. Қил.
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. Ранг; 7. Қаҳрамони романи «Завол»-и Такур; 9. Фариштаи марг; 12. Обанбор; 13. Қисми пой; 14. Харчанг; 15. Ҳарфи алифбои ниёгон; 17. Чойхона дар Душанбе; 18. Асбоби мусиқӣ; 20. Одам-дастгоҳ; 21. Бим; 22. Нам; 23. … Амиршоев, қаҳрамони ҶБВ; 27. Дидан; 30. Фарзанди падар; 31. Як чен; 34. Ранги зоғ; 35. Тими футболи Волгоград; 38 «Кишти» -и биёбон; 40. Зироати полизӣ; 41. Нависандаи СССР, барандаи ҷоизаи Нобел; 43. Чанг; 45. Хуб; 49. Майдон; 50. Муттакои пирон; 52. Нозук; 55. Сарчашмаи дониш; 57. Зироати лӯбиёӣ; 58. Шоҳи муғул; 60. Ошкор; 61. Шоири асри XIV тоҷик; 63. Бағал; 65. Ёд; 67. Наздик не; 68. Собиқ чемпиони ҷаҳон дар шатранҷ; 69. Омӯхта; 71. Шаҳр дар Аврупо; 72. Учқун; 73. Нишон; 75. Ранг барои нохун.
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ, сокини шаҳри Ваҳдат
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
УМЕДҶОН ЮНУСАЛИЕВ – БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОНИ ИДМ
Дар шаҳри Остона Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олими ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2023» баргузор шуд, ки дар он Умедҷон Юнусалиев, донишҷӯи соли аввали шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи мазкур гардид.
Озмун ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин олими ҷавон миёни муассисаҳои илмиву олии давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Россия бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён, дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо ИДМ ва Китобхонаи электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Россия доир гардид.
Донишҷӯи тоҷик дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ иштирок намуда, барандаи Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ–2023” гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ қадр шуд.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБ
РУСТАНИҲОИ ГУЛДОР
ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Рустаниҳои гулдор дар рӯи замин назар ба навъҳои дигараш хеле дертар пайдо шудаанд ва аз ҷумлаи рустаниҳои инкишофёфта мебошанд. Онҳо тақрибан 100 миллион сол қабл пайдо шудаанд ва имрӯз дар илм қариб 250 000 намуди рустаниҳои гулдор маълуманд.
Рустаниҳои гулдор, асосан, дар рӯи замин мерӯянд, вале баъзе намудҳои онҳо дар об низ, месабзанд. Миллионҳо сол пеш рустаниҳо танҳо дар об зиндагӣ мекарданд. Баробари дар рӯи замин муҳайё шудани шароити ҳаёт ба хушкӣ кӯчиданд.
Дар онҳо узви афзоиш – гул пайдо шуд. Яъне, аз гулҳои рустанӣ тухм ҳосил гардид ва ба воситаи он рустаниҳо афзуданд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
БОНУИ ТОҶИК
ҲАЙКАЛТАРОШӢ МЕКУНАД
Мунира Турсунова дар кишвар яке аз камтарин бонуест, ки ба ҳайкалтарошӣ машғул аст. Ӯ дар ҳар кунда, чӯб ва санг, ки барои дигарон як чизи муқаррарианд, зебоиро мебинаду меофарад. Мунира дар тули фаъолияташ наздики 100 асари калонҳаҷм дар санъати ҳайкалтарошӣ офаридааст. Маҳсули дастони ӯро қариб дар ҳама кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд дидан мумкин аст.
Дар коллексияи эҷодиёти Мунира асарҳое, ба монанди “Модарӣ”, “Шуълаи оташ”, “Мазҳакачӣ”, “Сӯфӣ”, “Фаришта”, “Пичиррос”, “Майа”, “Муҳаббат” ва “Муҳоҷир” ҷойгоҳи хос доранд.
Феълан, бонуи ҳайкалтарош болои лоиҳаи калон, ки воқеъ дар қалъаи Хуҷанд мебошад, машғули кор аст.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БА ХИЗМАТ ОМОДА
Қабулгоҳи духтури касалиҳои дарунӣ. Табиби пуртаҷриба зуд-зуд беморонро муоина карда, ҳамин тавр саросемавор ба дасташон дорухати дарозро часпонда ҷавоб медиҳад. Пиразане, ки дар навбат охирин буд, бо тааҷҷуб мегӯяд:
- Ҳамин ки одами сиҳат ба қабулашон даромад, даҳҳо бемориро дар вуҷудаш кашф карда, ба табобат мепардозанд. Вале, агар он даъватшавандаи бемору лоғар бошад, сиҳату ба хизмат омода!
"Ҷумҳурият"
ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО
ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ
Дар асри ХIХ гармшавии иқлим ҳамагӣ дар сатҳи 0.1 ба қайд гирифта шуда бошад, даҳсолаи охири садаи ХХ он ба 0.3 дараҷа расид. Дар оғози асри ХХI ин нишондиҳанда босуръат боло рафта истодааст.
Соли 2004 ҳарорати ҳаво дар кураи Замин якуякбора то 0.5 дараҷа боло рафт. Дар қитъаи Аврупо он ба 0.73 дараҷа расид. Тули 20 соли охир ҳамасола ҳарорат 0.8 дараҷа боло меравад.
Тирамоҳи соли 2008 дар қисми шарқии Аврупо ҳарорат аз меъёри муқаррарӣ 10–12 дараҷа афзуд. Бар асари он пиряхҳо босуръат об шуда истодаанд. Ин ҳолат, дар навбати худ, ба лағзиш ва зиёд шудани миқдори селҳо оварда расонд.
Тобистони соли 2003 дар Фаронса гармии ҳаво то 40 дараҷа расид. Дар натиҷаи гармои барои мардуми ин кишвар тоқатфарсо 12 ҳазор одам ҷони худро аз даст дод.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
ТОК-ШОУ
ЖАНРЕ, КИ БЕ ОН ТЕЛЕВИЗИОНРО ТАСАВВУР КАРДАН МУШКИЛ АСТ
Мо то ҳадде ба ток-шоуҳо одат кардаем, ки бе он телевизионро тасаввур карда наметавонем. Вале он якбора пайдо нашудааст. Нимаи солҳои 60-уми асри гузашта журналист Фил Донахю онро ба таври ногаҳонӣ кашф кард.
Дар яке аз мусоҳибаҳо рӯзноманигор мебинад, ки пурсишҳояш ба охир расидаанду то анҷоми барнома хеле вақт ҳаст. Ӯ маҷбур мешавад ба шунавандагон муроҷиат намояд, ки пурсишро онҳо давом диҳанд. Ин идея ба роҳбарият низ, хуш меояд. Тули солҳои 1963-1967 Фил дар шабакаи телевизионии WHIO-TV ток-шоуи саҳаргоҳиро мебурд. Аввал бо шахсони машҳур суҳбат меорост, пасон ба масъалаҳои ҷанҷолӣ рӯй овард.
Аз солҳои 80-уми асри гузашта ток-шоу хеле маъмул гардид, тамоми шабакаҳои телевизионии ИМА шоу барномаи махсуси худро доштанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
АЛДАБРА ҶОНАТАН – САНГПУШТИ 187-СОЛА
Сангпушти Алдабра Ҷонатан қадимтарин ҷонвари хушкӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Он соли 1832 таваллуд шуда, шоҳиди суқути чандин империя, 2 ҷанги ҷаҳонӣ, 39 президенти ИМА ва 28 губернатори ҷазирае, ки дар он зиндагӣ мекунад, гаштааст. Ин хазандаи хастанашаванда чанде пеш 187-сола шуд.
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
ЗИНДОНҲОИ ТАРБИЯТГАР
БАСТОЙ Ё “ҶАЗИРАИ УМЕД”
Ин маҳбас, ки дар Норвегия аст, зиндони аз ҷиҳати экологӣ тозатарин дар ҷаҳон ба шумор рафта, онро “ҷазираи умед” ҳам ном мебаранд. Дар он маҳбусонро ба ҳифзи муҳити зист ва табиатдӯстӣ тарғиб мекунанд.
Дар зиндон неруи барқ аз панелҳои офтобӣ истеҳсол шуда, дар дохил партовҳоро ба навъҳо ҷудо ва коркард мекунанд. Ҳамаи маҳбусон ба фаъолияти экологӣ ҷалб гардида, дар ҳудуди муассисаи ислоҳӣ сабзавоту дарахтони гуногуни мевадиҳанда низ, парвариш мешаванд.
Дар Бастой як посбон 20 маҳбусро назорат мекунад ва то ҳол дар он исёне ба вуҷуд наомадааст. Гузашта аз ин, зиндониён имкон доранд, бо тартиби муайян берун аз зиндон гаштугузору аспсаворӣ ва дар соҳилҳо истироҳат менамоянд. Вале дар ин зиндон танҳо нафароне адои ҷазо мекунанд, ки бо ҷиноятҳои сабук маҳкум шудаанд.
Таҳияи Файёз ФИРӮЗ
АГАР ДИЛ СӮЗАД…
Аробакаши мусофир Бай Фангли бо заҳмати худ миллионҳо нафарро ба андеша водор кард.
Соли 1987 дар синни 74-солагӣ Фангли ба нияти ба нафақа баромадану истироҳат кардан ба зодгоҳаш баргашт, вале аз дидани ҳоли одамоне, ки рӯз то бегоҳ дар саҳро кор мекарданду имкони таҳсил надоштанд, ғамгин гардид. Ба куҳнафурӯшӣ машғул шуд. Ба шарофати ин амал 350 ҳазор юан дарёфт ва барои таҳсили зиёда аз 300 хонанда хайр намуд.
Ӯ ба синни 90 расид, маблағи охиринашро ба хазинаи мактаб супурд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
МӮД
КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ
Валентино Гавани, мӯдкори итолиёвӣ, пироҳани сурхро монанд ба Коко Шанел, ки дар пироҳани сиёҳ худро маъруф карда буд, машҳур сохт. Куртаҳои сурхи ӯ ончунон машҳур гаштанд, ки муаллифаш лақаби Валентино Red-ро дарёфт.
* * *
Аввалин мижгонҳои худсохтро продюссери синамо Грифит ба хотири беҳтар кардани пилки чашмони ҳунарпешаҳо ихтироъ намудааст. Онҳо, дар оғоз, аз мӯйҳои асл сохта мешуданд.
* * *
Мижгонҳои сохта, аслан, баъд аз дарёфти дахмаи фиръавн Тутанҳамон дар соли 1920 маъруф гардидаанд. Шуруъ аз ҳамон сол истеҳсоли қалам барои чашм низ, роҳандозӣ шуд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ДӮСТӢ
Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт. Аз ӯ пурсиданд: «Чӣ кор мекунӣ?» Ҷавоб дод, ки дар ин наздикӣ чашмаи об ҳаст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва ба болои оташ мерезам».
Гуфтанд: «Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ, ниҳоят зиёд аст ва ин кори ту фоидае надорад».
Гуфт:
- Шояд оташро хомӯш накунам, аммо вақте аз ман пурсанд, ки ҳангоми дар оташ сӯхтани дӯстат ту чи кор кардӣ, ҷавоб медиҳам: «Ҳар он чи аз дастам омад, анҷом додам».
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДУ БАЙТ
Чу Хуршеди тобон диҳад файзи нур,
На наздик маҳрум монад, на дур.
* * *
Гузаштӣ аз назару бе ту зиндаем ҳанӯз,
Зи шарм об нагаштем, хок бар сари мо.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ЧАШМБАНДӢ БО ТАРОЗУ
Даромадгоҳи суд. Зани солхӯрдае ба пайкараи дар пештоқи толор насбшуда дуру дароз нигоҳ карда, зери лаб чизе гуфтан мегирад. Судя ин вазъро дида мепурсад: «Чӣ, маъқул не?»
- Оре, - мегӯяд зан. - Ана барои чи ҳама қарорҳои шумо кӯркӯрона қабул мешудаанд. Бояд ба ҷои ин зани чашмбастаи тарозудори савдогар, пайкараи марди ҳузарби шамшербадаст насб шавад.
"Ҷумҳурият"
МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
ИСТГОҲИ КАЙҲОНӢ
Он дар як шабонарӯз дар баландии 350 километр атрофи Заминро 16 маротиба давр мезанад. Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ (ИБК) бузургтарин объекти сунъӣ дар кайҳон аст. Ба экипажи он 10 кайҳоннавард дохил мешавад. Ба шарофати таҷрибаҳои мегузарондаи онҳо мо метавонем мавҷудоти зиндаро берун аз ҳудуди сайёраамон фиристем. Кори онҳо барои барпо намудани колонияҳо дар Моҳ ё, ҳатто Миррих, ёрӣ мерасонад.
Муваффақияти ИБК тавассути эҷоди чаҳор мошини таърихӣ имконпазир гардид: skylab: 3 сарнишин, Аполлон - Союз: 5 сарнишин, Мир: 6 сарнишин, ИБК: 10 сарнишин. Дар маркази ҳар тарҳ, як пешрафти муҳими технологӣ ҳаст, ки ба муҳандисон имкон дод, киштиҳои калонтар созанд.
ИБК як лоиҳаи муштараки байналмилалӣ буда, он 14 кишвар, аз қабили Россия, ИМА, Канада, Ҷопон ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Он аз лабораторияҳои илмӣ ва маҳалҳои истиқоматӣ иборат буда, маҷмуан 14 модул ва 400 тонна вазн дорад. Истгоҳ гаронтарин ва азимтарин иншоот дар таърих буда, арзишаш 150 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
МАЪЛУМОТНОМА БАРОИ ИХТИРОИ МОШИНИ ВАҚТ
Аксари мо бори нахуст бо мошини вақт тавассути филми «Иван Василйевич касбашро иваз мекунад» шинос шудаем. Коргардони он Леонид Гайдай омода намудани мошинро ба яке аз бюроҳои конструкторӣ супориш дод. Бюро конструксияи мураккаб ва хеле гаронарзишро пешниҳод намуд. Чун дар буҷет чунин маблағ пешбинӣ нашуда буд, аз он даст кашиданд. Вале бе ин мошин филмро ба навор гирифтан ҳам намешуд, маҷбур шуданд ба мутахассиси худӣ Вячеслав Почечуев муроҷиат намоянд.
Почечуев ба сифати коргоҳи асосӣ Корхонаи шишабарории шаҳри Клинро интихоб кард. Тамоми завод ба ин авантюра ҷалб гашт. Устои коргоҳи маҳсулоти таҳти фишортавлидшаванда се қуттӣ маҳсулоти ҳайратовар омода кард. Аз анбор боқимондаи оҳанпораҳои каҷукилебро берун оварда, чароғаку оташакҳои дергоҳ бекормондаро бо колбаҳои аҷиби кимиёвӣ ба ҳам пайвастанд. Вақте онро ба намоиш гузоштанд, аз рӯшноӣ ва садои аҷибу сохти ғарибаш ҳама ба ҳайрат афтод. Варианти Почечуев Гайдайро қонеъ кард. Барои ин кораш ба ӯ мукофотпулӣ ва маълумотнома дар барои муаллифи мошини вақт буданашро доданд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Иқлимшиносони тоҷик арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистонро анҷом доданд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шуд, ки шуруъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар, чи дар водиҳо (дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр) ва чи дар кӯҳҳо (аз 2500 метр баландтар) боло рафтааст. Ин ба обшавии қисми асосии пиряхҳо оварда мерасонад.
Давоми 70 соли охир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон 15 дарсад гарм шудааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ
ВАФОБЕК
СЕРХОНАНДАТАРИН РӮЗНОМАҲОИ ҶАҲОН
Рӯз ба рӯз миқдори хонандагони сомонаҳои хабарии Интернет меафзояд. Сарфи назар аз ин, мардуми сайёра одати хуби рӯзномахониро гум накарданд. Ҳамарӯза дар минтақаҳои гуногуни олам ба забонҳои мухталиф бо тираж ва миқдори беш аз даҳҳо миллион рӯзномаҳо чоп мешаванд. Рубрикаи нави «Шоми шанбе» хонандагонро бо бонуфузтарин рӯзномаҳои ҷаҳон ошно менамояд.
«ЙОМИУРИ СИМБУН»
«Йомиури Симбун» («Yomiuri Shimbun») рӯзномаи серхонандатарини ҷаҳон ба шумор рафта, адади нашраш ба 9 миллиону 101 ҳазор мерасад. Он дар шаҳрҳои калонтарини Ҷопон, аз қабили Токио, Фукуоку ва Осаку паҳн мешавад. Медиаҳолдинги «Yomiuri» ба ғайр аз «Йомиури Симбун» боз панҷ рӯзномаи дигар дорад, вале тамоми даромадашро маҳз аз ҳамин нашрия ба даст меорад. Қароргоҳи ҳолдинг дар Токио ҷойгир аст.
Рӯзнома аз соли 1874 ҳамарӯза нашр мешавад. Аз соли 1941 он яке аз бонуфузтарин рӯзномаи кишвар мебошад.
Айни замон «Йомиури Симбун» рӯзе ду маротиба ва дар чандин нашриёт ба табъ мерасад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ