ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУБОРА МЕСОЗАМАТ, ВАТАН!

ДУБОРА МЕСОЗАМАТ, ВАТАН!

19 январ 2024, Ҷумъа
24
0

 
Пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми қишри ҷомеа мояи сарфарозист. Махсусан, таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ имрӯзҳо ба ободонии деҳаву маҳаллаҳо зиёд гардидааст. Ин амалҳои хайрхоҳонаро  онҳо барои худ  ҳамчун як соҳибватан вазифаи муқаддас ҳисоб намуда, яке аз пайи дигаре барои ободии диёр камари ҳиммат мебанданд.

Воқеан, сулҳу ваҳдат ва истиқлоли кишвар барои созандагиву бунёдкорӣ имкон додааст, то мардум дар дурдасттарин минтақаҳо барои роҳати фарзандон шароит муҳайё созанд. Баробари дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкорони бонангу номус дар такя ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат мекӯшанд, дар ободии диёр саҳми арзанда гузоранд. Саъю талошҳои соҳибкорон мунтазам дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари кишвар қарор дошта, ҷиҳати дастгирии онҳо ҳангоми ироаи Паёми навбатиашон шахсан аз номи худ ва аз номи тамоми мардуми тоҷик ба соҳибкорони баору номуси кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд. 
Боиси хушбахтист, ки баробари даҳҳо саховатпешаи водии Рашт оилаи Роибовҳо низ дар ободонии диёр саҳми босазое мегузоранд. Шералӣ Роибов дар ҳалли бархе аз мушкилоти иҷтимоии ҳамдеҳагон саҳм мегузорад.
Мардуми деҳаи Себистони деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва тарбияи дурусти насли наврас ҳамеша кӯшиш менамоянд ва солҳост, ки ба доштани боғчаи кӯдаконаву муассисаҳои томактабӣ ва майдончаҳои варзишӣ ниёз доштанд. Онҳо ҳамеша орзу мекарданд, ки кӯдаконашон ҳамқадами замон бошанд. Инро ба назар гирифта Ш. Роибов дар деҳа муассисаи томактабии дорои тамоми таҷҳизоту лавозмоти муосир барои қабули 50 кӯдак бунёд намуд. Дар он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст. Он на танҳо ба аҳолии деҳаи Себистон, балки ба мардуми деҳаҳои ҳамсоя низ  хизмат мерасонад. Мушкили дигари ҷавонони деҳа мавҷуд набудани майдончаи варзиш буд, ки ин оилаи сахӣ дар ҳалли  ин  масъала  низ дасти мадад дароз намуд. Имрӯз ҷавонони деҳаҳои гирду атроф барои мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футболу волейбол дар он ҷо ҷамъ меоянд. 
Оилаи Роибовҳо ғайр аз ин, ба ҳар оилаи ниёзманди деҳа дасти кумак дароз карда, бо маводи мавриди ниёз онҳоро таъмин менамояд ва дар бартараф кардани ҳар гуна мушкилот ёвару мададгори мардум мебошанд. Масалан, соли гузашта 7 километр роҳи байни деҳаро мумфарш намуданд. 
Ш. Роибов нафарест хайрхоҳ, пайваста дар фикри бунёдкористу мекӯшад аз худ чизе ба мерос гузорад. Ҳамин эҳсоси баланди ватандӯстист, ки ӯ беш аз 400 дарахти сояафкану мевадиҳандаро барои ояндагон шинондааст. Соли ҷорӣ тасмим гирифтаанд, ки дар шафати муассисаи томактабӣ дар якҷоягӣ бо ҷавонони деҳа толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.  Амали ин гуна афрод на танҳо намунаи ибрат ва таҳсини мардуми ноҳияи Рашт, балки тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив