ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАҶҶУ УМРА АЗ РӮИ РИЁ?!

ҲАҶҶУ УМРА АЗ РӮИ РИЁ?!

14 май 2024, Сешанбе
19
0
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ёдовар шуданд: “Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст”. 
 
Албатта, маълум аст, ки иҷрои маросими ҳаҷ бар мусулмон вобаста ба қудрату тавоноияш дар тамоми умр як бор фарз мебошад. Вале, мутаассифона, бархе маросими ҳаҷҷу умраро чандин бор адо кардаанду боз мехоҳанд бо ҳар восита онро такрор ба такрор ба ҷо биёранд. 
Пеши роҳи ин афродро касе нагирифтаасту намегирад, аммо бояд онҳо аз имкону қудрату тавоноияшон дуруст истифода бикунанд. Дар маросими ҳаҷҷу умра, фикр мекунам, ки маблағҳо бояд аз роҳи меҳнати ҳалол ба даст оварда шуда бошанд. Шароити зисту таҳсили фарзандонро нахуст муҳайё бикунанд. Таъмини ғизову сарулибосашон ва ашёи хониши онҳо низ ба уҳдаашон аст. 
Мутаассифона, гӯиё ин ҳақиқатро намедонанд. Ба ҷуз ин, баъзе аз волидон фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаашонро маҷбур месозанд, ки маблағ пайдо карда, онҳоро ба зиёрати Хонаи Худо бифиристанд. Ҳатто, таҳдид ҳам мекунанд, ки шири додаашонро намебахшанд ва ё оқашон мекунанд. Дидаам ва шунидаам, ки бархе аз ин зиёраткунандагон, яъне ҳаҷкунандагону умракунандагон бо ҳамсояи дар ба деворашон мухолифат меварзанд, қаҳрианд ва баъди адои маросими ҳаҷ ҳам ба маънои мусбаташ тағйир наёфтаанд. 
Ҳаҷҷу умраи ин гуна афродро магар метавон гуфт, ки қабул шудааст? Ҷойи шубҳа аст. Пас аз иҷрои ин маросимҳо дар пиндору гуфтору кирдори онҳо бояд тағйирот ба вуҷуд биёяд ва бештар ба амалҳои хайр, гирифтани дасти дармондагон, ёрӣ расондан ба афроди наздикашон, ниёзмандон, рӯ биёранд. Яъне,  инсон худро дар ин маврид бояд комилтар бисозад. 
Ҷойи тааҷҷубу афсус низ мебошад, ки ин гуна ҳаҷҷу умракунандагон гила аз баъзе хешовандону пайвандонашон мекунанд, ки онҳоро наталбондаанд. Аслан, ҷои гила бояд ин бошад, ки ин шикояткунандагон  маълумоти олии касбӣ ҳам доранд ва медонанд, ки тибқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. 
Иҷрои маросими ҳаҷҷу умра набояд ба хотири  ифтихор намудан бошад. Амалҳои риёиро Худованд дӯст намедорад ва намепазирад.
 
А. РАҲИМ, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив