ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

13 феврал 2023, Душанбе
159
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРД
Саволҳо:
1. Номи аврупоии Ибни Сино. 2. Пешсаҳна дар театр. 3. Драмаи Софокл. 4. Шабакаи телевизионии байналмилалӣ, ки штаб-квартирааш дар давлати Қатар ҷойгир аст. 5. Шаҳри курортӣ дар Россия. 6. Давлат дар Африка. 7. Фалак аз дасти зан … дорад. 8. Давлати карликӣ дар Аврупои Ғарбӣ. 9. Зодгоҳи А. Сино. 10.  Мори калонтарин. 11. Нимҷазира дар Америкаи Шимолӣ. 12. … нигаҳ дор, ки … накӯст. 13. Кишти – музейи болшевикҳо дар шаҳри Санкт-Петербург. 14. Номи киштии яхшикани атомии ИҶШС, ки Қутби Шимолиро фатҳ намудааст. 15. Материки илм ва сулҳ. 16. Мавҷрабо. 17. Ҳарфи алифбои юнонӣ. 18. Шаҳр дар Ҳиндустон бо яке аз муъҷизаҳои олам. 19. Вусъати лаппиш. 20. Маъбаде, ки дар шаҳри Эфес соли 560 пеш аз мелод сохта шудааст. 21. Худои ҷанг дар асотирҳои Юнони Қадим. 22. Олиҳаи оби пок ва фаровонӣ дар оини зардуштӣ. 23. Хати амудие, ки аз маркази бисёркунҷа бо яке аз тарафҳои он кашида мешавад. 24. Сози мусиқии аврупоӣ. 25. Ғори машҳури деворнигораҳои Испания. 26. Жанри адабӣ. 27. Яке аз иёлатҳои ИМА. 28. Намуди андоз дар Аморати Бухоро. 29. Биёбони хушктарини кураи Замин. 30. Намуди варзиш. 31. Дарахти ҳамешасабз. 32. Қуллаи баландтарини қаторкӯҳҳи Анд. 33. Хокаи ҷомашӯӣ. 34. Илми ҳавонавардӣ. 35. Пойтахти Эритрея. 35. Ному насаби шоираи машҳури рус, ҷоизадори мукофоти Нобел.
Эзоҳ: ҳамаи ҷавобҳои чайнворд бо ҳарфи А сар шуда, бо ҳарфи А тамом мешаванд.
Пешниҳоди Қутфулло ЮСУФОВ, 
сокини деҳаи Чӯянчии ноҳияи Деваштич
 
Ҷавоб ба кроссворди «Пиряхҳо» аз 3 феврали соли 2023
1. Пирях. 2. Хоҷамуъмин. 3. Норак. 4. Камаз. 5. Зарафшон. 
6. Ниагара. 7. Айсберг. 8. Гренландия. 9. Ях. 10. Хирс. 
11. “Сафарнома”. 12. Акведук. 13. Кабриолет. 14. Титиката. 
15. Алаф. 16. Федченко. 17. Об. 18. Булункӯл. 19. Левакант. 
20. Торонто. 21. Ором. 22. Мичигон. 23. Нақб. 24. Биология. 
25. Яхдон. 26. Нарзан. 27. Наргис. 28. Сиёма. 29. Амак. 
30. Каноэ. 31. Эверест. 32. Турсунзода. 33. Алгебра.   
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
РУБРИКАИ НАВ! ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Дар робита ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ташаббусҳои навбатии байналмилалии Тоҷикистон аст, тасмим гирифтем, тавассути саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» хонандагонро зери рубрикаи «Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёт» ба омӯзиши пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар бақои ҳаёти инсонӣ фаро гирем. Рубрикаи нав дар ҳамкорӣ бо Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва пешниҳод мегардад. 
 
ХИРСОН 
Пиряхи Хирсон дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Ванҷоб ҷойгир буда, ҳамчун пиряхи мураккаби даштӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин, яке аз пиряхҳои назоратӣ ба ҳисоб рафта, ҳаракати он ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Пиряхи Хирсон дар баландии 4690 метр аз сатҳи баҳр ва забонаи он дар баландии 2900 метр қарор дошта, ба дарозии 15,8 километр доман паҳн кардааст. Масоҳати умумии пирях ба 25,3 км2 баробар аст ва ҳаҷми ях дар он 3,04 км3 - ро ташкил медиҳад.  
Мутахассисони Маркази яхшиносӣ соли 2022 тадқиқот гузаронда, муайян намуданд, ки забонаи пиряхи Хирсон нисбат ба соли 2021 беш аз 1 метр ва даҳонаи он зиёда аз 3 метр қафонишинӣ кардааст, ки ин аз босуръат об шудани пирях гувоҳӣ медиҳад.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ИФТИХОР 
Бонувони тоҷик дар ихтироъкорӣ пешдастанд
Дар Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор (KIWIE), ки 15 сол боз ҳар сол дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ доир мешавад, то кунун 50 бонуи ихтироъкори тоҷик иштирок намуда, аз ин шумора 25 нафар бо медали тилло ва Шоҳҷоиза сарфароз гардидаанд.
Чунончи, соли гузашта дар 15-умин Форуми байналмилалии занони ихтироъкори ҷаҳон аз миёни 500 иштирокчӣ устодони Донишгоҳи миллӣ Саврибегим Гулмамадова барандаи Шоҳҷоиза ва Муқаддас Қурбонова сазовори медали тилло гардиданд. Қабл аз ин, се бонуи ихтироъкори тоҷик - Муътабар Зоидова, Парвина Мухторова ва Таҳмина Маҳмудова соҳиби медалҳои тилло шуданд. Мавлуда Давлатова бошад, дар Форуми 12-ум ду медали тиллоро ба даст овард, ки яке аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи занони ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва медали дувум аз тарафи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ӯ тақдим шуд.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АВВАЛ ПУЛ
- Духтурҷон, ёрӣ диҳед, чанд пуле хоҳед медиҳам, фақат маро шифо бахшед.
- Майлаш, вале пулро пешпардохт кунед.
- Ба ман бовар надоред?
- Гап дар боварӣ нест дӯстам, чанд касро насия муолиҷа кардам, ҳозир дар тобут дароз кашида, чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё маро умуман намешиносанд. 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
 
 
МОҲИИ ДУДПАЗ
Мукофот барои ҳар як голи футболбозон
Стефан Сантис, футболбози дастаи «Ленс» (Франсия), тавонист дар як вохӯрӣ 16 тӯб ба самар расонда, рекордсмен шавад. Ин нишондод дар Ҷоми Франсия (13 декабри соли 1942) дар қувваозмоӣ миёни тимҳои «Ланс» ва «Обри-Астюри» сабт гардидааст. Дар ин нерусанҷӣ футболбозони «Ланс» ба дарвозаи ҳариф 32 голи беҷавоб заданд, ки нисфи голҳо марбут ба номи Стефан мебошад. 
Ҷолиб он аст, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ футболбозон маош намегирифтанд, онҳо барои хӯрок  аз рӯи шавқу ҳавас бозӣ мекарданд. Алберт Юс, мураббии дастаи “Ланс”, пеш аз зӯрозмоӣ бо бошгоҳи «Обри-Астюри» ба шогирдонаш ваъда дод, ки барои ҳар як голи онҳо як моҳии дудпаз медиҳад. Ин иқдоми мураббӣ ангезае буд барои пайдо кардани қути лоямут. Аз ин рӯ, бозигарон тамоми қувваю маҳораташонро сарф карданд, то як “зиёфати бошукӯҳ”-ро барои худ таъмин намоянд. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ЛАТИФАИ ХОРИҶӢ
ШУМО ПИНҲОН  БИШАВЕД
- Зуд пинҳон бишав, ҳозир муаллимаатон аз наздамон мегузарад ва туро мебинад. Охир имрӯз ба дарс нарафтӣ, ҳатман сарзанишат менамояд, – мегӯяд бобо ба наберааш.
- Не,  бобоҷон, шумо пинҳон бишавед, ки ман ба ӯ гуфтам, мурдаед ва ба ин сабаб дар дарс иштирок карда наметавонам.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ДУ ПАНД       
Шахсе, ки дили касеро меранҷонад, то худаш ба ин ҳолат дучор нашавад, аз ин дунё намегузарад.
* * * 
Дунё он қадар беарзиш шудааст, ки аз шунидани сухани ҳақ меранҷанд, аммо барои дурӯғ ташаккур мегӯянд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
ВОҚЕАИ АҶИБ 
АЗ РӮЗГОРИ ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Чарли Чаплин мегӯяд:
- Пас аз дар олами кино машҳур гардида, шуҳрати зиёд ёфтанам дар ҳар куҷо мусобиқаҳои гуногун, аз қабили «Ба Чарли Чаплин монанд шуда метавонед?» ташкил мегардиданд. Рӯзе ба яке аз чунин мусобиқаҳо худро шинос накарда, бо грими дигар ташриф овардам. Барои иштирок дар мусобиқа ариза додам. Маро қабул карданд. Дар мусобиқа иштирок намуда, ҷойи дуюмро гирифтам. Ҷойи якумро бошад, писари роҳбари мусобиқа ба даст овард. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
 
АЗ ЗАРБАИ МУҲАММАД АЛӢ ТО 12 ҲАРФИ ЯК АЛИФБО
 
1. Қувваи зарбаи пуриқтидортарини муштзани маъруфи ҷаҳон Муҳаммад Алӣ баробари 1 тонна буд. 
2. Суръати торикӣ баробари суръати рӯшноист, яъне 300 ҳазор километр-сония аст.
3. Аваллин маротиба телефони мобилӣ 3 апрели соли 1973 сохта шуд. Асосгузори он намояндаи ширкати «MOTOROLLA» - Мартин Купер мебошад.
4. Алифбои Гавайи ҳамагӣ аз 12 ҳарф иборат аст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
НАСРУЛЛО
ҶАВОНЕ, КИ ДАР ЯПОНИЯ АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ МОРО ТАРҒИБ МЕКУНАД
Насрулло Тӯйчизода, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, то кунун беш аз 30 кишвари гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Норвегия, Шведсия, Финляндия, Швейтсария, Фаронса, Итолиё, Олмон, Нидерландия, Белгия, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва кишварҳои ИДМ-ро саёҳат кардааст. Ҳоло дар сеюмин ҷазираи бузурги Япония - Кюшю қарор дорад, ки ҳамчун барандаи бурсияи JDS барои таҳсил ба он ҷо сафар намудааст.
Айни замон Насрулло дар зинаи магистратураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкани Ҷопон (Ritsumeikan Asia Pacific University) дар риштаи сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ (ихтисоси гардишгарӣ) таҳсил мекунад. 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
АНДОЗ СӮХТ
Чанд соат пеш идораи андоз оташ гирифт. Шаҳрвандон ҳарчи тавонистанд кумак карданд: яке ҳезум партофту дигаре ангишт, «заправчик»-и ҳамсоя ҳам чанд сатил бензин рехта, хайр кард…
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ВЕНЕТСИЯ БО COVID – 19 ХАЙРУХУШ КАРД
 
Дар шаҳри Венетсия (Италия) пас аз фурсати тулонӣ, ки ба пандемияи COVID - 19 вобаста буд, яке аз машҳуртарин ҷашни миллӣ бидуни фосилаи иҷтимоӣ ва маҳдудият гузаронда шуд.
Хонумҳои бо либоси шинам ва ҷанобони хушандому хушахлоқ шаҳрро ба кишвари афсонавӣ табдил доданд. Шаҳри наҳру каналҳо имсол аз тамоми имконоти худ баҳри бошукӯҳ гузаштани карнавал истифода бурд. Акробатҳои чусту чолок ҳунари худро дар саҳни заврақҳо ба намоиш гузоштанд. Ниқобҳои венетсиягӣ, ки намунаи олии санъати ороишиву амалӣ мебошанд, рамзи асосии карнавали имсола гардиданд.
Карнавал таърихи 900-сола дорад. Он нахустин бор ба шарафи ғалабаи Венетсия бар патриарх Аквилей ташкил шуда буд ва як навъ гузариш аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз сардии зимистон ба гармои тобистон мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ХАБАРҲОИ ҶОЛИБ
Лео Месси барои кумак ба осебдидагони заминларза дар Сурия ва Туркия 3,5 миллион евро хайрия кард.
*** 
Намояндагони Шурои амнияти 9 кишвар, аз ҷумла Россия ва Тоҷикистон, дар Маскав тартиби ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро баррасӣ карданд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
 
 
 
ШАХСИЯТҲОЕ, КИ ОЛАМРО  ДИГАР КАРДАНД
ТИМ БЕРНЕРС-ЛИ
 
Тим Бернерс-Ли, муҳандиси ихтироъкор ва олими бритониёӣ, бо унвони офарандаи шабакаи ҷаҳонии интернет маъруф аст. Ӯро баъзан "Падари интернет" низ меноманд. Маҳз Бернерс-Ли аввалин веб-браузер, веб-сервер ва веб-муҳаррирро таҳия кардааст. Технологияҳои офаридаи ин олими барҷаста дар саросари ҷаҳон паҳн шуда, тарзи тавлид ва коркарди иттилоотро барои ҳамеша тағйир доданд.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
БАЙТҲО
 
Ёри борафтодаро дар корвон бигзоштанд,
Бевафо ёрон, ки барбастанд бори хешро.
 
* * * 
Дидаро фоида он аст, ки дилбар бинад,
В-ар набинад, чӣ бувад фоида биноиро.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив