ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗНОМАИ № 1. "ҶУМҲУРИЯТ" ҲАМЧУН СЕРХОНАНДАТАРИН НАШРИЯИ КИШВАР МАВҚЕАШРО ҲИФЗ КАРД

РӮЗНОМАИ № 1. "ҶУМҲУРИЯТ" ҲАМЧУН СЕРХОНАНДАТАРИН НАШРИЯИ КИШВАР МАВҚЕАШРО ҲИФЗ КАРД

04 май 2024, Шанбе
35
0
 
2-юми май дар шаҳри Душанбе, дар арафаи Рӯзи байналмилалии матбуоти озод, тадқиқоти нави “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо”, ки аз ҷониби ташкилоти “Машварати расонаӣ”, Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон анҷом шудааст, муаррифӣ гардид.
Дар асоси тадқиқот, ки дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, миёни 2507 нафари аз 16-сола боло гузаронда шудааст, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” серхонандатарин рӯзнома дониста шуд.
Директори ташкилоти “Машварати расонаӣ” Набӣ Юсупов гуфт, ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонаии аҳолии кишвар мебошад, ки ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Ин чорум маротиба аст, ки чунин тадқиқот гузаронда мешавад ва ҳар бор маълумот дар бораи ин ё он расона, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар пешниҳод мегардад. Имсол шароити иҷтимоӣ-демографии аҳолӣ ба назар гирифта шуд. Яъне, чун қисми зиёди аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд, қисми зиёди пурсидашудагонро (72,2%) низ сокинони маҳал ташкил дод. Ҳамчунин, таносуби гендерӣ низ риоя гардид – 50,1 дарсад мардҳо ва 49,9 дарсад бонувон.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки ҳар рӯз бо теъдоди анқариб 50000 нусха ба чоп мерасад, бори чорум мешавад, ки дар садри расонаҳои чопии мамлакат мавқеъ мегирад. Ҳамчунин, бештари пурсидашудагон гуфтаанд, ки “Ҷумҳурият”-ро ҳамчун манбаи ахбор истифода мебаранд. Агар ба тадқиқот дар минтақаҳо таваҷҷуҳ кунем, нашрияи расмии мамлакат дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ маҳбубияти бештар дорад. Дар Душанбе ва ВМКБ дар ҷойи дуюм аст.
Миёни шабакаҳои телевизиони миллӣ ТВ “Тоҷикистон” сербинандатарин, миёни радиоҳо шабакаи “Садои Душанбе” сершунавандатарин, миёни маҷаллаҳо “Бонувони Тоҷикистон” серхонандатарин эътироф гардиданд.
Пажӯҳишгарон таъкид карданд, ки истифодаи ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ густариш меёбад. Феълан, ҳар расона дар саҳифаҳои иҷтимоиву паёмрасонҳо саҳифа доранд. Хусусан, зимни пурсиш иқтидори паёмрасонҳо бештар ошкор гардид. Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки айни замон мо шоҳиди таҳаввулоти сифатӣ дар соҳаи ВАО ҳастем.
Дарвоқеъ, рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ, ҳамқадами замон гом бардошта, барои огоҳ кардани хонандагон бо ахбори расмӣ сомонаи расмии рӯзнома фаъол буда, дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” саҳифа, дар паёмрасони “Telegram” ва шабакаи “Youtube” канал дорад. Тавассути “Youtube”-канали “Ҷумҳурият” беҳтарин мусоҳибаву барномаҳо пешкаши хонандагон мегарданд. Тариқи расонаҳои иҷтимоӣ “Ҷумҳурият” на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар хонанда пайдо кардааст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив