ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ

ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ

01 феврал 2023, Чоршанбе
162
0

Пардаи сиёҳи шаб болои шаҳрро пӯшонда буду хомӯшии ваҳмангез дар ин гӯшаи дунё ҳукмронӣ мекард. Гоҳҳо сукути пурасрори шабро овози гӯшхароши чирчирак халалдор менамуд. Ин дам ҳама ба хотири истироҳат сар ба болини роҳат гузошта буданд. Ман низ кӯшиш мекардам, ки хобам барад, вале имшаб гӯё хоб чашмонамро тарк карда буд. Гаҳвораи тифламро меҷунбондаму мӯйҳояшро бо панҷаҳоям шона мезадам ва ин дам эҳсоси ғайричашмдоште маро фаро гирифту пеши чашмонам саҳнаи аҷибе ҷилвагар шуд. 
Ба ёдам омад, замони кӯдакиям бемор шудаму модарам сари болинам нишаста бо ангуштонаш мӯйҳоямро сила мекарду зери лаб чизеро замзама карда, гоҳ сарашро рӯи болиштам мегузошту гоҳи дигар бо чашмони пурмуҳаббаташ дуру дароз ба рӯям чашм медӯхт. Гаштаву баргашта як дуо мекард: «Худоё ба фарзандам шифо ато кун ин дардро ба ман деҳ». Ба ростӣ ҳайрон мешудам, чаро модарам чунин мегӯяд. Наход ҷони маро аз ҷони худаш боло донад? Чаро ҳар лаҳза дуо мехонад? Оромӣ ҷисми модарамро дар камтарин мушкилоти фарзандонаш тарк мекунад? Ва ҳамин гуна чароҳои дигар гоҳҳо мағзамро хаста мекард. Баъдан, ҳар гоҳ ба аёдаташ мерафтам, шикоят аз дер омаданам мекарду таъкид менамуд, ки ҳоло худат модар шав, бад мефаҳмӣ модар будан чист. Бо ҳамин фикрҳо пушти гаҳвора як лаҳза хоб дар дили шаб маро бо худ ба дунёи аҷиб бурд. 
Дар саҳни ҳавлӣ модарамро дидам. Гӯшаи рӯймоли сафедашро болои сараш тоб дода, ҳавлиро бо шохҷорӯби калоне (дар деҳот ҷорӯби калонро пас аз ду се маротиба истифода кардан шохҷорӯб мегӯянд) аз хазонрезҳо тоза менамуд. Шохаҳои қоқшудаи гулҳоро қайчӣ мезаду бехи ҳар кадоми онҳоро нарм мекард. Баробари диданам, - биё ҷони оча, ҳамин пали гашнизро аз алафҳои бегона озод кунем, савоб мегирем. Заминро бел задан даркор, хок бояд ковок шавад бачам, ин ҳама беаҳмиятиҳо убол дорад, - гуфта, заҳмат мекашиду меҳнат мекард. 
- Чаро дер омадӣ, - суол додани модарам нигоҳамро ба сӯяш кашид. Бо ҳасрат ба чеҳраи нурониву ожангзадааш нигаристаму дилам гум зад, бе ягон посух таги дил гузарондам, ки очаи ҷонаки ман пир шудааст. Аллакай, чеҳраашро доғҳои пирӣ гулкорӣ кардаасту абрувонаш тор - тор сафед гаштаанд.  Фаҳмидам, ки дер боз ӯро надидаам. Боз модарам такроран суол кард. Ва ин дам мунтазири посух нашуда, даст ба дуо бардошта, «ҳар куҷое бошӣ бачам, Худо мададгорат бод». Ӯ самимона маро дуои нек медоду мани муштоқи модар ба рӯяш менигаристам. Вале афсус, ки садои гиряи тифлам маро ба дунёи воқеӣ ва бидуни модар баргардонд. Бо як даст гаҳвораро меҷунбондаму бо дасти дигар ашконамро пок карда, ҳасрат мехӯрдам, ки ба қадри он рӯзҳо нарасидам. Инак, се сол мешавад, ки модари азизам ба дунёи абадӣ пайвастааст. Аммо, дуои ӯ ҳамеша моро дар зиндагӣ ҳамсафар аст.
Дар зиндагиҳо раҳбарам, 
Дар ташнагиҳо кавсарам.
Боли ҳумо андар сарам,
Панду дуои модарам.
Сад дареғ, ки табиати инсон чунин аст, то касеро аз даст надиҳад, ба қадраш намерасад. 
Воқеан, қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, баландҳиматтарин шахси башар модар аст. Солҳост, ки шоирону нависандагон ин олиҳаи меҳру муҳаббат ва самимиятро васф мекунанд, вале ҳоло ҳам дар тасвири он оҷизанд. Воқеан, модар дар ҳама сину сол бузургу нодиру беҳамтост.  Модар сарчашмаи ҷӯшони ҳаёт аст, ки ҳастии мо фарзандонро аз файзи худ шодоб мегардонад. 
Кист модар? Тасалло дар ғаму андуҳ, умеде дар ноумедиҳо, қувват дар заифӣ, нур дар торикӣ, мадорест дар зиндагӣ, хуллас, ҳастии инсон. Ӯ ҳама ғамҳоро дар худ пинҳон мекунад. 
Ба ростӣ то ин дам гумон мекардам модарон танҳо рӯи ҷойнамоз ва ё вақти сафари фарзандонашон даст ба дуо мебардоранд вале, аз бозе, ки номи пуршарафи модар насибам гардид, дарк мекунам, ки дуои модар ҳамеша вирди забони ӯст. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз дуои модар қалби моро чун чароғ равшанӣ мебахшад. Ҳар коре, ки бо дуои ӯ оғоз меёбад, бо баракат анҷом хоҳад ёфт. Зеро дуои модар роҳнамои ҳаётамон аст. Ин аст бузургии модар. 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив